Formula novemver 2024
Моҳистони гирён: Шавҳари духтарбезор ҷавобамро дод!
5854

 

Дар 18-солагиям Далер ном ҷавоне маро дӯст дошту ба хонаамон хостгор фиристод.

Аз сабаби он, ки дар як маҳалла мезистем, хонаводаашонро падару модари ман хуб медонистанду нисбати онҳо эҳтиром низ доштанд, бе ҳеҷ дудилагӣ ба издивоҷи ману Далер ризоият доданд.

Далер писари сеюми ин хонадону фарзанди кенҷагии онҳо буд ва хеле ҳам дӯсташ медоштанд. Ду бародари калониаш аллакай хонадор шудаву соҳиби фарзандон буданд…
Баробари анҷоми маъракаи никоҳ ману Далерро дар як духонагии алоҳида, ки дар ошёнаи сеюм буд, ҷой доданд. Дар қабати дуввум хушдоманаму хусурам мезистанд.
Зиндагии ошиқонаи мо сар шуд. Хушдоманам баробари фарзандаш маро дӯст медошту шабу рӯз аз ҳолам бохабар мешуд. Интизор буд, ки тезтар набераҳои ин писарашро ҳам бинаду баъд "беармон" бимирад. Вақте ҳомила шудани маро модару писар шуниданд, дигар намедонистанд, ки аз шодмонӣ ба куҷо шинанд. Фавран хушдоманам барои наберааш, ки бояд ҳатман писар бошад (!!!) сару либосу гаҳвора харид. Тамоми ин харидаҳо барои як писарча буданду ҳеҷ модару писар ба гӯшаи хаёлашон овардан намехостанд, ки писар будан ё набудани тифли батни ман кори худост ва шояд баръакси интизори онҳо бошад…
Аммо, дили ман сиёҳие дошт. Аз такопӯи модаршӯ сахт меҳаросидам. Шавҳарам низ номҳои бисёреро аз ҳар куҷо барои "писар"-аш ҷамъ мекарду шабҳо ба ману модараш мехонду мепурсид, ки кадомаш мувофиқтару пурмаънотар аст. Модаршӯ ҳар кадом номеро, ки меписандид, ман ҳам ӯро "тарафдорӣ" мекардам, вале дилам аз тарси ноаёне фишурда мешуд. Ба ҳеҷ ваҷҳ намехостам, ки назди пизишк рафта кӯдакро ташхис кунам, ки писар аст ё духтар. Метарсидам, ки раваму духтар буданашро маълум намоянд, ба хашми модаршӯву писараш во мехӯрам. Таваккалро ба зоти поки Худо карда, интизори таваллуди тифл будам.
Шабе, ки маро дарди зодан фаро гирифт, шавҳарам фавран мошинашро тайёр карду модаршӯ ҳазорон бор рӯямро бӯсида талабу орзуҳои нек намуд. Вай интизори писар буд. Оҳ, чӣ қадар ӯ дӯст медошт, ки наберааш писар бошад…
Вале як соат пас ҳамшираи шафқат духтар шудани навзодро ба шавҳари дар беруни зоишгоҳ мунтазирам мерасонаду ӯ гиря мекунад. Ба қавли ҳамсояҳо, вақте ки хабари "духтар" ба хушдоманам мерасад, қариб аз ҳуш меравад. Ҳиҷ бовар кардан намехоҳаду марову он навзодро зери дуову нафрин мегирад…
Шавҳарам бо дили нохоҳам ману духтарчаро ба хона овард. Модаршӯям аслан ба ӯ эътино намекарду шавҳарам ҳатто ба рӯяш наменигарист. Ман бошам интизори тезтар калон шудану забон баровардани кӯдак будам. Фикр мекардам, ки калонак шаваду гап заданро омӯзад, шояд меҳри падараш нисбати ӯ ҷумбад. Вале, ҳайҳот…


Сарояндаҳои шинохта Зайнура Пулодова ва Эмомалии Муҳаммад дар шаҳри Ҷакартаи Индонезия консерт дода, асолати ҳунари тоҷикро намоиш доданд.


Бори дигар ҳомила шудаму модаршӯ аз нав ҳамроҳи писараш ба такопӯ афтоданд. Акнун тарс саропоямро фаро гирифта буд. Медонистам, ки агар ин бор ҳам духтар таваллуд намоям, хушдоманам чӣ қиёматеро ба сарам мехезонад. Намедонам вазъи маро чӣ хел тасаввур мекарда бошед. Охир, онҳое, ки аслан фарзанд надоранд, ба нохуни духтарча ҳам зор ҳастанд. Ман зани нозо нестам-ку, дер ё зуд писарчадор ҳам мешавам, аммо аз куҷо ин гапҳоро ба шавҳари ману модараш гуфтан мумкин буд. Онҳо интизори писар буданд…
Духтари дуввум таваллуд шуду дар ҳамон ҳоле, ки байни маргу зиндагӣ дастугиребон будам, аз Худо хостам, ки ҷонамро бигираду ба шавҳару хушдоманам ру ба рӯ накунад. Ҳоли шавҳарамро гуфтанӣ нестам, вале хушдоманам, ки сактаи дил дошт, бо шунидани ин хабар аз олам чашм пӯшид. Акнун ҳоли маро тасаввур намоед. Шавҳарам кӯдакро нафрин мехонду "шумқадам" мегуфт. Маро мезаду "аз дасти ту фоҳишая очаҷонам мурд"-мегуфт.
Рӯзи сиёҳе доштам. Намедонистам сарамро ба куҷо занам. Ҳарчанд падару модарам ба ӯ дар мавриди "хости Худо" гап задан мехостанд, шунидан намехост. Ҳам коми худашро талх карда буду ҳам рӯзгори маро. Ба ҳамаи азобҳояш дандон ба дандон монда тоб меовардам. Зиндагиам вайрон нашавад гуфта, бо ду кӯдак миёни роҳ намонам гуфта, таҳаммул мекардам.
Бори сеюм ҳомила шудам. Ин бор хоҳ бовар кунеду хоҳ не, шабу рӯз дар дил ба Худо менолидам, ки мӯъҷизае шаваду писар таваллуд намоям. Зеро ҳамли сеюми ман тақдирамро ҳал мекарад. Бо ин ҳама нолиданҳо дилам аз охири кор гувоҳӣ медод. Ҳис мекардам, ки офтоби зиндагиям рӯ ба ғуруб аст. Пеш аз зоишгоҳ рафтан шавҳарам маро дар назди дари мошин нигоҳ дошту "Гулӣ, дониста мон! Агар духтар таваллуд кунӣ, се талоқ!!!". Азбаски он шабуруз дарк ишвари мо хама интизори омад омади соли нави мелодӣ буданд дар дили ман хурсанди намеғунҷид.
Бо чашмҳои ашкбор вориди зоишгоҳ шудам. Вақте ки ҳамшираи шафқат "духтар" гуфт, худро бевазане ҳис кардам, ки бо се кӯдаки хурд, хори як бурда нон аст!
Шавҳарам шуниду ба беморхона наомад. Модарам маро ба хонаам бурд. Ҳамон рӯз шавҳарам бевақт аз кор омад. Маст буд. Вориди хона шуду "метавонӣ хонаи очет равӣ, ҳеҷ кас дар ин ҷо туя баста намондаст"- гуфт. Ба пеши пояш афтодаму зора кардам, ки "хор мешавам, раҳм кун… писар зоидан ба ихтиёри ман нест… шояд дафъаи дигар.."
Чаҳор рӯз пас омаду либосҳояшро ҷамъ кард.
-Куҷо меравед? Ҳоли ману се кӯдакам чӣ мешавад? -гуфта пурсам.
-Ҳоло ҳам аз ман умедвори тараҳҳумӣ?! Модарата фалон кунам, аз шумпайии тую кӯдакат очаи ман мурд, кордорат нашудам, боз мехоҳӣ, ки ман ҳам мурам?! Ҳамин духонагӣ ҳаққи ту, ман дигар ба ту кор надорам! -гуфту баромада рафт.
Як ҳафта пас шунидам, ки Русия рафтааст. Се моҳ пас хабари хонадор шуданашро шунидам…
Ин буд қиссаи ману "гуноҳ"-е, ки назди шавҳараму хушдоманам кардам: Се талоқ барои зоидани се духтар!
Ҳоло дар бозор менишинаму бо майдаю чуйдафурӯшӣ рӯзамро шаб мекунам. Шукр, кӯдаконам калон шудаанду аз хӯрданиву пӯшок камие надоранд, вале дареғ, ки меҳри падарро намебинанд. Падарро мепурсанду ман ҷавоб дода наметавонам. Оё писар назоидан гуноҳи ман аст? Онҳоеро, ки мисли ман зоидани духтар ба талоқ таҳдидашон мекунад, чӣ гуна халос кардан мумкин аст? Оё дигар занҳое низ бошанд, ки мисли ман бо "гуноҳ"-и зоидани духтар талоқ шудаанд?
Кормандони мӯҳтарами ҳафтанома! Мехостам мутахассисе ба воситаи ҳафтанома ба суоли ман ҷавоб диҳад: оё барои таваллуди писар, аз нигоҳи тиббӣ организми мард бештар нақш мебозад ё зан?
Моҳистони гирён

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД