Сарояндаҳои шинохта Зайнура Пулодова ва Эмомалии Муҳаммад дар шаҳри Ҷакартаи Индонезия консерт дода, асолати ҳунари тоҷикро намоиш доданд.
Дар ин сафари ҳунарӣ ровии шинохта Сабринаи Назрӣ онҳоро ҳамроҳӣ намуд. Ин зебосанам таассуроташро аз сафари Индонезия дар саҳифаи инстаграмаш чунин баён намудааст:
”Бароям боиси хурсандист,ки дар ин сафари ҳунари шуморо ҳамроҳӣ мекунам.Ҳангоми ҳунарнамоии шумо дар саҳна ман ҳаловат мебурдам. Аз рафти консерт видеоҳои ҷолибро дар саҳифаам мегузорам. Интизор бошед!”
Мардуми Индонезия ҳунарнамоии ҳунармандони тоҷикро хеле хуш пазируфта, саҳнаро гулборон намуданд. Умедворем, ки чунин сафарҳо робитаҳои ҳунарии Тоҷикистонро бо мамолики хориҷӣ боз ҳам вусъат бахшида, дар тарғиби санъати тоҷик дар хориҷи кишвар нақши сазовор хоҳанд гузошт...