Sebiston new 2024 october
Хуросон: Дӯғи одамкуш 3-занро кушт
5165


Бо супориши идора бо мақсади таҳияи як видогузориши ҷолиб аз ҳаёти хонаводагии Қадами Қурбон рӯзи шанбе ба ноҳияи Шӯробод сафар намудем.

Ронандаи таксие, ки моро ба самти Кӯлоб мебурд, раҳораҳ қисса кард, ки чанд рӯз қабл ду зани миёнасол дар мошини ӯ дар роҳ ба таври фоҷиавӣ ҷон ба ҷонофарин супоридаанд.

Бино ба гуфти ронанда, ки марди тахминан 35-40 сола буд, ин занҳо аз шаҳри Душанбе буда, бо нияти хостгорӣ ба сафар баромада будаанд. Дар роҳ мусофирон ташна монда, аз ронанда хоҳиш менамоянд, ки мошинро нигоҳ дорад. Занҳо аз чолобфурӯшон дӯғ, аниқтараш чолоб харида менӯшанд ва ронанда боз мошинро ба кор медарорад, аммо пас аз тай кардани тахминан як-якуним километр роҳ аҳволи мусофирон якбора бад мешавад. Ронанда мехоҳад онҳоро ба бемористон барад, аммо ба беморхонаи наздиктарин нарасида ҳарду зани мусофир дар даруни мошин мемиранд.

 


Муйи саратон сафед шуд? Зуд аз ӯ халос шудан мехоҳед? Пас аз тавсияи мо истифода баред!


Ташхис нишон додааст, ки ҳарду зан зарҳолуд шудаанд. Ронанда ба кормандони мақомот занеро, ки мусофиронаш аз ӯ дӯғ-чолоб харида буданд, нишон медиҳад. Кампири дӯғфурӯш барои исботи он ки чолобаш заҳролуд нест, худаш аз он як коса менӯшад ва ҳолаш якбора бад шуда, беҳушу беёд меафтад. Пас аз чанд лаҳза кампираки чолобфурӯш низ ҷон ба ҷонофарин супоридааст.
Ронанда мегӯяд, кампир барои хунук нигоҳ доштани чолоб чуқурие канда, зарфи пур аз дӯғро дар он ҷо нигоҳ медоштааст ва мори заҳрноке ба зарф даромада, чолобро заҳролуд кардааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД