arzon replenishment
Чаро мӯйи сар дар ҷавонӣ сафед мешавад?
7929

Нав ба 22 қадам ниҳодам, вале ба торҳои мӯям аллакай сафедӣ дамидааст. Сафедшавии мӯйи сарам маро сахт ба ташвиш овардааст. Аз масъули саҳифаи «Асрори зебоӣ» хоҳишмандам сабабҳои сафедшавии мӯй ва чӣ гуна пешгириву табобат кардани мӯйҳои аллакай сафедшударо ба ман шарҳ диҳед. Қаблан сипосгузорам.
                              Гулдаста, ш. Душанбе

Табибони трихолог бар он андешаанд, ки сафедшавии мӯйи сар то синни 30-солагӣ нишонаи иллатҳои дар ҷисми инсон нуҳуфта аст. Шумо бояд ба саломатии худ диққати хоса диҳед. Мӯйи сар барои он сафед мешавад, ки кори «фабрика»-и ба решаҳои мӯй тамоми моддаҳои ҳаётан муҳимро расонанда заиф мегардад. Ду сабаби асосӣ кори муътадили фолликулаҳои мӯйи сарро ба таъхир меорад.
Якум—тағйироти синнусолӣ дар синни 40—60-солагӣ.
Дуюм—стрессҳои шадид ва куҳна.
Сафедшавии бармаҳали мӯйи сар ҳамчунин ишонаи бемориҳои вазнини куҳнаи узвҳои ҳозима, дилу рагҳои хунгард, стресси куҳнашуда, ки мунтазам ҷамъ мешавад, буда метавонад. Вазъиятҳои шадиди стрессӣ боиси ихтилоҷи якбораи рагҳои мағзи сар ва рагҳои хурде, ки ҳар як тори мӯйро бо ғизо таъмин месозанд, мегардад ва дар натиҷа як қисми мӯйҳо рехта, қисми дигараш сафед мешаванд. Нафароне, ки стресси шадидро аз сар гузаронидаанд, мӯйи сарашон якбора неву кам-кам сафед шудан мегирад.
Боз як сабаби сафедшавии мӯйи сар дар нарасидани сафеда ба организм аст. Дар бонувони синни 17—25 –сола сафедшавии мӯйи сар пеш аз ҳама ва беш аз ҳама ба норасоии сафеда дар ҷисмашон вобастагӣ дорад. Зан бояд ҳатман хӯрокҳои аз витаминҳои гуруҳи В бойро истеъмол намояд. Мувофиқи омор, қариб 30% ҳодисаҳои сафедшавии бармаҳали мӯйи сарро табобат кардан мумкин аст, хусусан дар ҳолатҳои аз сар гузаронии стресс. Мӯйи сар баъди таваллуди фарзанд ё бо сабаби ягон моҷарои оилавӣ сафед шуда бошад, баъди тавлид ё хуб гаштани зиндагиаш боз сиёҳ мешавад. Беҳтар мебуд, ки занҳо сафедшавии мӯйи сарро қаблан пешгирӣ намоянд. Ғизои дуруст истеъмол карда, ҳаёти оромонаро пеш баред, дар фасли зимистон сари луч нагардед, инчунин дар интихоби шампун ва маҳлулҳои ороиши мӯй ба реклама неву ба маслиҳати мутахассис гӯш андозед.
Рафту сафедшавии мӯятон модарзод, яъне аллакай дар 25-солагӣ мӯйи сари модаратон сафед шуда бошад, касе ба шумо кӯмак карда наметавонад, дар акси ҳол бо истифода аз дастурҳои халқӣ, ки ба ҳама дастрасанд, метавонед, сафедшавии мӯйи саратонро пешгирӣ намоед.
Ҳар рӯз 1 маротиба 1-3 қошуқи калон шарбати решаи ҷаъфарӣ (петрушка)-ро нӯшед.
Барои пешгирӣ ва табобати мӯйи сари сафедшуда шарбати меваҳои зардолу, олуболу, нок, қулфинай, марминҷони кабуд, карами сафед, пиёзро низ манфиатбахшанд.
Аз дорувориҳо барои мубориза бо сафедшавии мӯйи сар ва баланд бардоштани муқовимати ҷисм - витамин (А, С, Е, никотиновая кислота, рибофлавин, фолиевая кислота, витамини гуруҳи В), метионин бояд истеъмол кард.
Даври табобат соле 2 маротиба
Барқарор намудани ранги аввалаи мӯйи сар хеле душвор аст, бинобар ин, қаблан нигоҳубини дурусти мӯйҳоятонро ба роҳ монед. Ба ҳеҷ ваҷҳ мӯйи сафедшударо аз саратон канда напартоед. Ҳар дафъа мӯйи сафедшударо канда, шумораашро зиёдтар месозед. Аз мӯйи сафед халос шудан хоҳед, беҳтараш бо қайчии хурдакак онро бурида гиред.

Поделиться новостью
Шарҳ
(4)
Бахтиёр Саидов 2019-08-01, 18:01
Ман Дар Сини 18 солагиам муй сарам ба сафед шидан огоз кард холо 21 шудамРузАзРуз муйхоиСарамСафедишЗиедШудестайОерохиПешгириДорадЁне
Посух
S&S 2019-08-29, 00:26
Ман 16 сола хастам ва муйхои сарам сафед шуда истодааст
Посух
махина 2019-10-13, 20:05
ман 21сола муи сарам ба сафедшави шуру кардааст. ба стрес тез тез дучор мешам рохои муоличаи табииашро мегуфтен
Посух
Аҳмадзода ҳасен 2023-07-27, 02:10
Сафедиҳои муйи сарро чихел пешгири кунем ки бадътар нашавад ё ки ба ҳолати авалааш баргардад.
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(4)
Бахтиёр Саидов 2019-08-01, 18:01
Ман Дар Сини 18 солагиам муй сарам ба сафед шидан огоз кард холо 21 шудамРузАзРуз муйхоиСарамСафедишЗиедШудестайОерохиПешгириДорадЁне
Посух
S&S 2019-08-29, 00:26
Ман 16 сола хастам ва муйхои сарам сафед шуда истодааст
Посух
махина 2019-10-13, 20:05
ман 21сола муи сарам ба сафедшави шуру кардааст. ба стрес тез тез дучор мешам рохои муоличаи табииашро мегуфтен
Посух
Аҳмадзода ҳасен 2023-07-27, 02:10
Сафедиҳои муйи сарро чихел пешгири кунем ки бадътар нашавад ё ки ба ҳолати авалааш баргардад.
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД