Мегӯянд, ки дар болои қабри одами мусалмон санг гузоштан раво нест, вале бисёриҳо ин корро мекунанд ва ҳатто дар санги болои гӯр акси маитро ҳаккокӣ менамоянд. Магар гузоштани чунин сангҳо гуноҳ нест?
Мухлиси ОИЛА-ТЧ
Посух
Дар сари қабр гузоштани санг бо акси соҳибаш ҷоиз нест, аммо гузоштани санги муқаррарӣ ва одӣ мустаҳаб аст. Навиштани ному насаби маит дар санг боке надорад. Ҳангоме ки Усмон ибни Мазъун (р)–бародари разоъии Расули Худо (с) вафот кард, он Ҳазрат (с) дар сари қабраш санге гузошта, гуфтанд: “«Ба ҳамин санг қабри бародарамро мешиносам ва ҳар касеро, ки аз хонаводаам вафот кунад, дар назди ӯ дафн мекунам».