Arzon march 2024
Диплом бошад, шавҳар бо пойи худаш меояд?
5831

 

Андешаҳо дар боби таҳсили духтарон дар мактабҳои олӣ гуногунанд. Яке бар он назар аст, ки духтар бояд ҳатман хонда маълумотӣ олӣ бигирад, то ки дар зиндагӣ ба касе мӯҳтоҷ нашавад, дигарӣ даст афшонда “духтара чию хонданаш чи” мегӯяд.

Назари худи духтарҳо дар ин мавзуъ чӣ гуна аст? Барои духтар дар ҳаётчӣ меҳимтар: диплом ё бахт?

Барои ба ин савол ҷавоб гирифтан мо бо чанд нафар духтарон ҳамсӯҳбат гаштем.

Лайло Алиева:

Ёш шӯ кунӣ, бадбахт мешавӣ!

Ман дар курси сеюми факултаи ҳуқуқшиносӣ таҳсил мекунам. Ҳушу ёдам танҳо ба хондан банд аст. Заррае дар фикри бахт нестам, чунки чандин дугонаҳоям барвақт ба шавҳар баромада, бадбахт шуданд. Ситораашон бо шавҳару хушдоман рост нагирифта, баъзеашон бо як фарзанду баъзеи дигар бе кӯдак ҷудо шуда, дар 19-20 солагӣ номи бади бевазанро гирифтанд ва таънашунави дӯсту душман гаштанд. Ба фикри ман никоҳи бармаҳал ба ғайр аз пушаймонӣ дигар чизе бор намеорад, бинобар ин, дар интихоби бахт саросема намешавам. Беҳуда дер ояду шер ояд, намегӯянд. Диплом бигирам, шавҳар бо пойи худаш меояд!

Манижа Қаюмова:

Дили домодро ёфтаму...

Аксари духтарҳое, ки аввал донишгоҳро хатм кунам, баъд ба шавҳар мебароям мегӯянд, ҳамин тавр пирдухтар шуда мемонанд. Хонда диплом гирифтан албатта хуб аст, вале нисбати бахт низ набояд бепарво буд. Ман айни замон дар курси дуюми донишкадаи омӯзгорӣ таҳсил мекунам ва аллакай дар фотиҳа ҳастам. Насиб бошад, тобистони оянда тӯй мекунем. Дили домодшавандаро ёфта, барои идома додани таҳсилам иҷозат гирифтам. Умед дорам, ки аҳли хнаводаи шавҳарам низ ба таҳсили ман зид намебарояд ва ҳам соҳиби бахту ҳам соҳиби диплом мешавам.


Касе интизор набуд, ки рӯзе ин фатиламӯй ситораи дурахшони эстрада мешавад, вале...

 


Меҳрона Бўриева:

Ба умеди домод нашавед

Аксари падару модарон духтар бори номус аст гӯён, мехоҳанд ҳарчи зудтар духтарони худро ба шавҳар дода, аз сарашон соқит намоянд. Онҳо гумон мекунанд, ки духтарро ба шавҳар диҳӣ, ҷонат халос мешавад, вале дар асл чунин нест. Худо накарда ситораи навхонадорон бо ҳамдигар рост наояду ҷудо шаванд ва духтар бо як-ду фарзанд ба хонаи падар баргардад, як умр ғами дили волидонаш мегардад. Барои ҳамин падару модарон бояд ба умеди домод нашуда, аввал духтарашонро хононанд, соҳиби маълумоти олӣ гардонанд, то ки аробаашро мустақилона кашида, ба касе зор нашавад.

-Падару модари шумо дар ин мавзуъ чӣ назар доранд?

-Хушбахтона волидони ман одамони бофаҳм ҳастанд. Бо ёрии падарам ман ба Донишгоњи техникии ба номи М.Осимӣ дохил шудам. Дадаҷонам ҳамеша таъкид мекунанд, ки духтарам, ақлатро дар ҷояш монда, нағз бихон, соҳиби касбу кор, ки шудӣ, шавҳар худаш пайдо мешавад...

Мунира Раҳимова:

Ленин хонда чӣ шуд, ки...

Чандин духтарҳои ҳамсояамон “мехонем, дипломро, ки гирфтем, баъд шавҳар мекунем” гуфта, ҳамин хел бе шӯ монданд. Синну солашон аллакай ба 30-35 расида пирдухтар шудаанд. Аввал ноз мекарданд, акнун зоранд, ки ба ягон марди занмурда зан шаванд ё каме зани дуюм карда гирад, вале ягон кас бо нияти хостгорӣ аз дарашон намедарояд. Барои ҳамин ман тамоман дилу нияти хондан надорам. Ленин хонда чӣ шуд, ки мо шавем. Беҳтараш ба ягон ҷавони хуб ба шавҳар баромада, як умр ката-ката хӯрда мегардам....

Гулнигори Саид:

Духтари хондагиро касе намегирад

Ман як чмизро мушоҳида кардам, ки аксари бачаҳои тоҷик зани хондагӣ гирифтан намехоҳанд. Падару модарон низ “духтари хондагия чашмаш кушодагӣ, дар панҷ сол сари чанд бачаро хӯрда, бало мешаванд” гуфта, ба дари хонаи духтарҳое, ки дар донишгоҳ ё донишкада таҳсил кардаанд, бо нияти хостгорӣ қадам намегузоранд. Аз ҳамин сабаб аксари духтарҳои босавод бе шавҳар мемонанд ё хеле дер оиладор шуда, зани дуюм мешаванд ва ё ба ягон марди занмурдаю зандида мерасанд. Намехоҳам тақдири ман низ ба тақдири онҳо монанд шавад, аз ҳамин сабаб ба гапи падару модарам гӯш карда, баъди хатми мактаб хонашин шудам. Ҳар ҳафта ба хонаамон хостгор меояд. Худо хоҳад ба наздикӣ бо обрӯ ба шавҳар баромада аз паси бахтам мешавам. Худо занро барои хонаву мардро барои таъмини зиндагӣ офаридааст. Бигзор дар оянда шавҳарам ману бачаҳоямро хӯронаду пӯшонад...

Мадина Саидова:

Хушдоман не, беақли келин гунаҳкор

Ман бо квотаи президенти ба факултаи таърихи донишгоҳ дохил шудам. Албатта барои духтар дар зиндагӣ бахт муҳимтар аст, вале мехоҳам аввал таҳсил крада, баъд ба шавҳар бароям. Аксари духтарон дар 16-17 солагӣ ба ҳаёти оилавӣ тайёр нашуда ба шавҳар мебаронд. Онҳо на ҳурмату эҳтиромро медонанд ва на аз уҳдаи кору бори хона мебароянд. Бо ҳамин сабаб аз беақлӣ зиндагиашонвайрон мешавад, баъд дигарон гунаҳкор карда “домод наркоман будааст ё хушдоманам рашк бурда, мудом маро бо писараш шӯр меандохт” гӯён, худашонро сафед мекунанд. Барои он ки чунинҳолат ба миён наояд, духтар бояд аввал хонад, ақлу тамиз омӯзад, ба ҳаёти оилавӣ тайёр шавад. Келин боақл ҳунарманд бошад, бар замми ин, кор карда, дар буҷҷаи оила саҳми худро гузорад, магар бад аст?!

Меҳрона Абдуллоева:

Хок дар сари бепулӣ!

Падарам чандин сол боз дар Русия аст, на пул мефиристаду на аз ҳоламон пурсон мешавад. Шароитамон, ки бад аст, ҳуҷҷатҳоямро ба ягон донишгоҳ насупоридам, чунки барои хондан ҳам пул даркор аст. Бе роҳпулӣ, бе сару либос чӣ хел панҷ сол таҳсил мекунӣ? Маҷбурам, ки орзуҳоямро дар дилам гӯр карда, ба шавҳар бароям. Ояндаам чӣ мешавад, намедонам. Ба духтарон гуфтаниям, ки хонед, соҳиби маълумотӣ олӣ гардед, то ки мисли мани падардори бе падар дар зиндагӣ азоб накашед.

 

 

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(1)
Нелли 2019-09-27, 20:00
Такдир гуфтани гапам хаст. Якхел духтароне хастанд ки аз нахонданашон пушаймонанд. Панч панча як нест. Дар зиндаги хама хикояи худро дорад.Хеч вакт зиндагии худатонро ба тарозуи зиндагии дигар кас нагузоред. вай инхел кард, ман инхел кардам ва хоказо. хар кас проблемаи худро дорад ва аз паи кору Бори худаш бошад. чомеаи мо демократи мебошад. касе мехонад намехонад ин кори уст хайоти шахсии уст. шавхарёбиаш хам.
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(1)
Нелли 2019-09-27, 20:00
Такдир гуфтани гапам хаст. Якхел духтароне хастанд ки аз нахонданашон пушаймонанд. Панч панча як нест. Дар зиндаги хама хикояи худро дорад.Хеч вакт зиндагии худатонро ба тарозуи зиндагии дигар кас нагузоред. вай инхел кард, ман инхел кардам ва хоказо. хар кас проблемаи худро дорад ва аз паи кору Бори худаш бошад. чомеаи мо демократи мебошад. касе мехонад намехонад ин кори уст хайоти шахсии уст. шавхарёбиаш хам.
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД