Arzon march 2024
Хушдомани золим келинро кушт
4980

 

Райҳона бо шиками дамида тағораи пур аз либосҳои шӯстаашро бардоштанӣ буд, ки хусураш «келин, ба ту мумкин не, мон ман худам мебардорам» гӯён, лагандро аз дасташ гирифта, ба таги торбанд бурд.

Ин меҳрубонии хусур аз назари хушдоману хоҳаршӯ дур намонд ва очаю духтар мисли ду аждар фашшосзанон сӯйи Райҳона тохтанд. Бибихонуми беимон ду дасташро ба миёнаш гузошта дод зад:

-Ҳа ойим, шавҳари худатро хар карда, савор шуданат кам буд, ки акнун шӯйи маро хизматгор кардаӣ?! Ё вақтҳои набудани Диловар оғӯши амакатро гарм мекунӣ?!

Ин суханони хушдомани худобехабар чун санги гароне ба сари арӯсаки бечора зад, Райҳона гумон кард, ки пайкараш оҳиста-оҳиста ба замин фурӯ меравад ва мисли латтакӯҳна рӯи замини сементпӯш афтид. Бибихонум ин ҳолатро дида шавҳарашро фарёд кард:

-Ҳой дадаш, духтурро ҷеғ зан, боз ин худозада ҳаром намурад!

Мӯйсафеди Сахидод маътали духтур нанишаста, зуд келинаш Райҳонаро рӯи даст бардошта ба мошинаш бор кард ва муҳаррикро ба кор дароварда, мошинро бо суръат ба сӯи духтурхона ронд.

Бибихонуму духтари бераҳму беимонаш гӯё чизе нашуда бошад, назди телевизор нишаста, чақчақ кунон кулчақандҳои пухтаи Райҳонаро мехӯрданд ва парво надоштанд, ки бо келин чӣ шуд.

Арӯси шаҳид

Духтурон Райҳонаи беҳушу бе ёдро ба ҳуҷраи эҳёгарӣ бурданд. Раҳораҳ аз аробачае, ки арӯсак дар болояш мехобид, хун мечакид. Нишастгоҳи қафои мошини хусураш низ ҳавзи хун гашта буд.

Табибони номдор ду рӯз бо марг даст ба гиребон буданд, аммо ҷони аз теғи забони хушдоман ду пораи арӯсаки бечораро наҷот дода натавонистанд. Тифлаки батнашро бо роҳи ҷарроҳӣ гиифтанд, вале худи Райҳонаи берӯзӣ, ки аз рӯзи аввали келин шуда ба хонаи Бибихонум қадам гузоштанаш фақат аз хушдоман шатта мехӯрду суханони талху тунди носазо мешунид, бо дили пурормон аз олам гузашт. Аз афташ писарчаи зебояш низ маргро аз зиндагӣ бо бибии каждумзабон авло дониста, тақрибан як соат баъди таваллуд шуданаш думболи модар бо ин дунёи бевафо падруд гуфт.


Пас аз ин овозаҳо Симне ҳамкории худро бо Берк қатъ кард ва ҳунарманд барои худ менеҷери нав пайдо намуд. Инчунин, замони донишҷӯ буданаш низ овозае паҳн шуда буд, ки ӯ бо ҳамкурсаш Сим Оклар ишқварзӣ мекунад.


 

Мӯйсафеди Сахидод мехост мурдаи келину набераашро худ гӯру чӯб кунад, аммо Амаки Исроил-падари Райҳона ба нею нестони қудояш нигоҳ накарда, ҷисми бе ҷони духтари соҳибҷамолашро бо тифлаки ормониаш ба хонаи худаш бурд.

Нозанини хуфта

Райҳона дар ҷогаҳи марг мисли моҳи дар осмон хирман зада хушрӯй метофт ва мардуми ба таъзия омада чашм аз чеҳраи сарду хомӯши ин нозанини хуфта намеканданд. Дар паҳлӯи модари ҷавонмарг тифлаки нокоми дар сон печонида мехобид. Бо дидани ин манзара дили санги хоро ҳам об мешуд.

Холаи Суман дар рӯйи мурдаи духтари нозанинаш бо алам рӯю мӯяшро канда, ончунон нола мекард, ки замину осмон аз фиғони талхаш ба ларза омада буд. Шавҳари Райҳона-Диловар низ сар ба пойи арӯсаки ормонияш монда, зор-зор мегирист. Гиряҳои талхи ин ҷавонмарди ҳузарб ва ашки хунини модари зор дарду аламро дар ин мотамкада даҳчанд ҷигарсӯз гардонида буд.

Бибихонуми маккора пеш аз баровардани мурда ба ҷаноза омад ва «келинакам, келинаки ҷавонмаргам» гӯён, овоз андохт. Диловар садои модарашро шунида, ҷаҳида аз ҷояш хест ва бо чашмони аз гиря суп-сурх аз китфаш гирифта, кашолакунон Бибихонумро аз хона бадар карду девонавор дод зад:

-Шайтони беимон, Райҳонаро ту куштӣ! Занам аз дастӣ туҳматҳои ту ва духтари маймуни шӯрандозат мурд. Дигар рӯятро дидан намехоҳам. Дафъ шав аз ин ҷо! Мон, ки Райҳонаи ҷавонмаргам аз ту натарсидаю наларзида бо хотири ҷамъ ба хонаи охираташ равад...

Мардум бо ҳайрат ба ин манзара нигариста, гиребон мегирифтанд. Бибихонум аз тарс ба хонаи ҳамсоя гурехта, дигар худро нишон надод…

Пас аз сари келин

Райҳона рафту гӯё баракату нусрати хонаи шавҳарашро ҳам бурд. Диловар баъди марги зану фарзандаш аз ҷойи кораш ҳисобӣ карда ба як шаҳри дурдасти Русия рафт ва дигар боре ҳоли волидонашро напурсид. Мӯйсафеди Сахидод ба сактаи дил гирифтор шуда, дунёро падруд гуфт. Маҳваш мероси падарро ба савдо зада дар пойтахт барои худаш ҳавлии дакаданг ва барои модараш як хонаи майдаяки якҳуҷрагӣ харид, зеро хушдораш ӯро танхо ба хотири ҳавлию боигарияш ба занӣ гирифта буду бо хушдоман зиндагӣ кардан намехост.

Маҳваш тоҷир аст ва умрашро дар хориҷа мегузарад. Вай барои нигоҳубини модари пираш на вақт дорад, на ҳавсалаю хуш.

Бибихонуми ношукр акнун дар хоначаи ифлосаке сари дастурхони аз чирк қарқбаста нишаста, хӯроки духтараки ҳамсоя овардаро мехӯрад. Вай бо ҳасрат ҳавлии зебою бошукӯҳ, писари меҳрубон ва келини хушкори чақонашро ба ёд меорад, аммо худкардаро даво нест…

    Дилошӯб

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД