Sebiston new 2024 october
Келини сатрпӯш хушдоманашро кушту….
6657

 

Бевазани меҳнатӣ
Холаи Сабоҳат бева бошад ҳам, дасткушод ва дастархондор буд. Шояд зани дигар дар айни шукуфоии умр дар сисолагӣбо ду кӯдаки ноболиғ бева монад, дар кӯчаҳои пуршебу фарози зиндагӣ раҳгум занад, вале ин зани соҳибҷамолу ҳунарманд барқасди қисмати номард миёнашро маҳкам баста, фарзандонашро бо меҳнати ҳалолу обилаи кафи даст ба воя расонд.

Сабоҳат баъди марги шавҳараш чанд сар гови зотӣхарида, ҳамроҳи фарзандонаш чорво мепарварид ва аз ҳисоби фурӯши ширу қаймоқ, равғани зарду чакка ва меваю сазавоти полизаш зиндагии худу бачаҳояшро таъмин менамуд. Маҳсулоти аз ҷиҳати табиӣ тару тозаи истеҳсолнамудаи ӯ харидорони зиёд дошт ва онро бо нархи хуб аз дари хонааш харида мебурданд. Ба ғайр аз ин, ҷавонзани меҳнатқарин шаб то саҳар дарз медӯхт. Тамоми духтарони деҳа ва гирду атроф куртаҳои арӯсиашонро ба назди ин чевари номдор меоварданд. Сабоҳат пули меҳнати ҳалолашро тин ба тин ҷамъ карда, баъди чанд сол дар пойтахт хона харид ва писараш Камолҷонро ба донишгоҳ дохил намуд. Пас аз як сол духтараш Маҳваш низ донишҷӯ шуд. Камолҷон дар Донишгоҳи технологӣ мехонду мехост дар деҳаашон корхонаи истеҳсоли ширу ҷурғот созад, Маҳваш бошад табиби занона шуданӣбуд. Модар тамоми нерӯяшро сарф мекард, то ҷигарбандонаш ба орзую омоли худ бирасанд.

                                  Бачаи кордон

«Роҳи ятимро Худованд худаш равшан мекунад» гуфтаанд, бо инояти парвардигор Камолҷон донишгоҳро аъло хатм карда ба деҳа баргашт ва аз бонк қарз гирифта, чанд дастгоҳ хариду сехи хурди истеҳсоли қаймоқу ҷурғотро ба кор даровард. Ҳукумати ноҳия соҳибкори ҷавонро дастгирӣкарда, барои сохтани корхонаи хурд барояш замин ҷудо намуданд. Оҳиста-оҳиста Камолҷон қарзи бонкро канда, тиҷораташро васеътар кард ва бист нафар ҳамдеҳагонашро бо ҷойи кор таъмин намуд. Корхонаи хурди «Шири Сабоҳ» на танҳо дар ноҳия, балки дар вилоят низ машҳур гашта, сафи мизоҷонаш торафт зиёдтар мешуд ва обрӯйи Камолҷон ҳамчун роҳбари ҷавони чашми кордон рӯз то рӯз меафзуд.

 

Захми ишқи аввал

Синни Камолҷон ба 28 расида бошад ҳам, банди кору бор дар бораи зангирӣфикр намекард. Аксари духтарони деҳа мафтуну шайдои ин ҷавони қоматбаланди абрӯсияҳи бообрӯ буданд, вале ӯ ба касе ҳатто нимнигоҳ намекард, чунки дар дилаш захми сӯзони ишқи аввал ниҳон буд. Камолҷон замони дар синфи ёздаҳ хонданаш ба ҳамсинфаш Замира дил баста буд ва духтар низ ба нигоҳҳои ошиқонаи ӯ бо табассуми пурмеҳр ҷавоб мегардонд. Як рӯз вай ҷуръат карда мактуби ошиқонае навишту пайти муносиб ёфта, онро дар байни китоби Замира монд. Рӯзи дигар модари духтар, ки дар маркази ноҳия чанд дорухона дошт ва ҳамеша мошинсавор мегашт, Камолҷонро дар кӯча дида бо арбада гуфт:

-Эй сағираи дайду, як бори дигар ба духтарам хат нависї, қабрата меканам! Медонї-а, падари Замира сардори милисаҳост, як даҳон гап занам, як умр турма мешавӣ. Ман духтарамро ҳаргиз ба ту, подабони бӯгин намедиҳам! Беҳтараш ҳамроҳи беваи очаат гову гӯсолаатонро эб карда гард, ки боз аз ҳамонҳо ҳам намонед. Замира бо писари холааш гавҳорабахш аст. Эраҷ дар Амрико мехонад, мефаҳмӣ дар Амрико!

Модари Замира инро гуфту мошинашро чунон сахт ронда рафт, ки дар сару рӯйи Камолҷон як ваҷаб чангу ғубор монд. Дили ҷавон аз теғи забони ин зани беандеша чунон захмин гашт, ки се рӯз ба худ наомад. Пас аз ин воқеа Камолҷон дигар Замираро надид, зеро онҳо дар маркази ноҳия низ хона доштанду модараш ӯро ба мактаби ноҳия гузаронд. Камолҷон дилмонда шуда, Замираро дигар ҷустуҷӯ накард, вале захми забони модараш то ҳол аз дилаш нарафта буд, аз ҳамин хотир ба ягон духтар бо чашми харидорӣ нигоҳ намекард, аммо...

                            

Хотири бахти хоҳар

Холаи Маҳваш чор сол таъкид мекард, ки агар ягон духтари дӯстдошта дошта бошӣ бигӯ, ба хонаашон хостгорӣравем, аммо Камолҷон гӯшашро ба карӣ зада мегашт. Пас аз оне ки Маҳваш Донишгоҳи тиббиро хатм карда, дар маркази ноҳия ҳамчун духтури занона ба кор даромаду хонаашон хостгорборон шуд, ба хотири бахти хоҳараш вай интихоби арӯсро ба модараш вогузор намуд, зеро холаи Сабоҳат ду пояшро ба як мӯза андохта: «ман то ба писарам келин нафарорам, духтарамро ба шавҳар намедиҳам» мегуфт. 

Арӯси таърифӣ

Сабоҳат-хола хотири руҳу арвоҳи шавҳари ҷавонмаргаш Нозимҷон, ки дар сини 35-солагӣ ин дунёро тарк гуфта буд, духтари як хеши дури падарашро ба Камолҷон фотиҳа кард. Бобою бибӣ ва падару модари арӯс духтарашонро таърифу тавсифи бисёре карда, ба осмони ҳафтум бароварданд. Зартоҷ, аз рӯйи гапи бобояш Ҳоҷӣ-Валӣ духтари қуръонхон ва сатрпӯш буда, духтарони маҳаллаашонро ба роҳи рост ҳидоят мекардааст. «Бибиотун бошад, худотарс будагист, ману писаракамро ҳурмату эҳтиром мекунад» гӯён, Сабоҳатхолаи зудбовар ба гапи хешу табори арӯсшаванда дода шуда, дарҳол Зартоҷро ба писараш фотиҳа кард, то чунин духтари хуб аз даст наравад.

Сабоҳат-хола тӯйи зебое ороста, бо сад орзую ҳавас келин фаровард. Падару модари арӯс ҳоҷӣ ва сарватманд бошанд ҳам, Зартоҷ ҷиҳози кироӣ наовард. Келинаш ба ҷуз чанд кӯрпаю кӯрпача дигар ягон чиз наоварда бошад ҳам, Сабоҳатхола мисли дигар хушдоманҳо арӯсро таъна назад, вай кайҳо хонаи писарашро бо мебелу рахти хоби қимматбаҳо оро дода буд ва аз худованд танҳо бахти навхонадоронро мехост, вале…

Дар ниқоби фаришта

Зартоҷ духтари қуръонхон ва ба қавле бибиотун бошад ҳам, дилаш мисли ангиштсанг сиёҳ ва нодидаю бахил буд, аммо ниқоби фариштаро ба рӯй кашида, моҳҳои аввали хонадорӣ худро чунон меҳрубону чаққону ҳунарманд нишон медод, ки одами дидагӣ ҳавасашро мехӯрд. Таърифи келини сарпасту дидадарои холаи Сабоҳат даҳон ба даҳони хешу табор мегашт ва касе пай намебурд, ки ин келинчаки сиёҳдарун ба хоҳаршӯи босаводаш Маҳваш ҳасад бурда, пайти муносиб меҷӯяд, то ба ӯ зарар расонад. Зартоҷ тамоми кору бори рӯзгорро ба анҷом расонида, холаҷону апаҷон гӯён, дар гирди хушдоману қайсингилаш парвонавор чарх мезад ва ба қавли кампиракон онҳоро бо забонаш «мелесид», вале дар асл ин ду пайванди шавҳарашро аз бало ҳам бадтар медиду ҷойи куштанашонро намеёфт…

Кирми рашку ҳасуд

Пас аз чанд моҳи тӯйи арӯсию домодии Камолҷону Зартоҷ ба Маҳваши соҳибҷамол хостгор баромад. Сардухтури беморхонаи ноҳия мехост ин духтараки босавод ва хоксору меҳрубонро ба писари ягонааш келин кунад. Сабоҳатхола ин дафъа хостгорони духтарашро навмед накарда розигӣ дод.

Камолҷон барои хоҳараш мебелҳои қиматбаҳо, кинотеатри хонагӣ, яхдону дукамерага, мошинаи ҷомашӯйӣ ва он қадар чизу чораи бисёре харид, ки даҳони ҳаққу ҳамсояҳо воз монд. Аз ҳама бештар янгааш ба Маҳваш ҳасад мебурд. Зартоҷ аз рашку бахилӣ ба кафидан расида, намедонист аламашро аз кию аз чӣ гирад.

Тӯйи Маҳвашу Мансур дар тарабхонаи зебое баргузор гашт. Зартоҷ ба хоҳаршӯйи дар сари тахти бахт дар паҳлуи ҷавони рустамбозу шоду мамнун нишастааш нигариста, дарун ба дарун худро мехӯрд ва ҳар замон лаб газида аз дил мегузаронд:

«Ҳоло ист, ман ба ту хушбахтиро нишон медиҳам. Туро дар назди шавҳару хушдоманат шарманда накунам, аз пушти падарам нестам!»

Куртаҳои даридаю пиёлаҳои шикаста….

Пас аз се рӯзи тӯй холаи Сабоҳат кулчаю тӯша ва туҳфаҳои зиёде гирифта ба хабаргирии духтари наварӯсаш рафт. Хушдомани Маҳваш аз пайи кадом кори муҳиме баромада, арӯсакро бо набераи чорсолааш Меҳрона танҳо гузошта буд. Маҳваши соҳибҷамол зуд дар назди модараш дастурхон партофт ва чою хӯрок овард, аммо аз чеҳрааш аён буд, ки аз чизе нороҳат ва ғамгин аст. Сабоҳат-хола авзои духтарашро мушоҳида карда, чӣ воқеа рӯй доданашро пурсид. Маҳваш лаб газида гуфт:

-Очаҷон, касе ҳамаи куртаҳоямро буридааст. Имшаб сандуқамро кушодам, ҳамаи пиёлаҳоям шикастагї…

Сабоҳатхола аз духтараш хоҳиш кард, ки ҳама куртаҳои буридаашро барорад. Вақте ки Маҳваш куртаҳоро ба модараш нишон дод, ҳуш аз сари модар парид. Кадом бераҳме либосҳои қиматбаҳои арӯсро бераҳмона пора-пора када буд ва дигар ягон чевар наметавонист онҳоро аз нав дӯхта ба пӯшидан мувофиқ созад. Сабоҳатхола куртаҳои пора-пораи арӯсии духтарашро ба як сумкаи калони сафарӣ андохт ва омин карда, ба Маҳваш фармуд, ки то омадани хушдоманаш тамоми чойнику пиёла ва зарфҳои шикастаро бароварда партояд.

Мор дар остин

Сабоҳат-хола хуб медонист, ки ин кори дасти келини ҳасудаш аст, чунки калиди сандуқи Маҳвашро худаш ба дасти Зартоҷ дода буд, то келини чаққонаш чизу чораи арӯсии хоҳаршӯяшро ҷо ба ҷо кунад. Вай бо табъи гирифта ба хонааш баргашт ва аз дар дароадан баробар куртаҳои пора-пораи Маҳвашро ба назди келинаш партофта гуфт:

-Маҳваш ҳамаи ин куртаҳоро бо сад орзую ҳавас аз пули меҳнати худаш харида буд. Худоё дар дасти касе, ки куртаҳои арӯсии духтари ятими маро ба чунин ҳол овардааст, обиламараз барояд, то фаҳмад, ки ба одами бегуноҳ зарар расондан чӣ будааст!

Зартоҷ суп-сурх шуда, мисли замбӯри забонбурида ғурунгос зад:

-Мумкин хушдоманаш карда бошад….

 (Идомаи қиссаро пагоҳ соати 18.00 интизор шавед!)

 

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(2)
Мафтуна 2019-09-23, 22:09
Хохиш аз шахсоне ки хамин киссахоро да ссылка мепартоидкууу пурра партоидд серавно мепартофтаги чиз интизор накунед хонандагонроо
Посух
Мафтуна 2019-09-23, 22:10
Аз Интизори чашмамо канда шуд
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(2)
Мафтуна 2019-09-23, 22:09
Хохиш аз шахсоне ки хамин киссахоро да ссылка мепартоидкууу пурра партоидд серавно мепартофтаги чиз интизор накунед хонандагонроо
Посух
Мафтуна 2019-09-23, 22:10
Аз Интизори чашмамо канда шуд
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД