-Модарҷон, шумо чиҳо гуфта истодаед? Ҳоло ба хонадориамон як сол нашудааст, чаро ин қадар суханони носазоро дар ҳаққи ман мегӯед? Ин фарзанде, ки дар батн дорам, охир набераи ҳаққу ҳалоли шумо-ку,- модаршӯяшро сари инсоф оварданӣ мешуд келинчаки гирён Назира.
-Аз худат ҳам безораму аз сағераат ҳам, дар ду дунё ба ман ин хел набера даркор нест! Рав, зудтар дафъ шав, ки дигар афту башараатро набинам,-девонавор дод мезад хушдоманаш.
Ҳамсояҳо ба сари бому бомгӯшаҳояшон баромада ҷанҷоли келину хушдоманро тамошо мекарданд, вале касе ҷуръат намекард, ки ба байн дарояд. Морзабонии кампири Ҳадисаро ҳама хурду калони маҳала медонистанд ва «аз бало ҳазар» гӯён, ҳеҷ гоҳ бо вай сар ба сар намешуданд.
Назира гирёну нолон аз дарвоза баромада ба сӯи хонаи падару модараш равон шуд. Ҳаво хунук, чиллаи зимистон бошад ҳам, ин келинчаки бадбахтро модаршӯйи беинсофаш таги як курта аз дар берун карда буд. Аз сардии ҳаво дасту пой ва лабҳои нозуки Назира кабуд шуда, базӯр роҳ мегашт. Ҷавонзани ҳомиладорро роҳгардиаш торафт мушкилтар мешуд, метарсид, ки тифли батнашро дар роҳ мезояд…
Хайрият, ки хонаи падараш чандон дур набуд ва модараш, ки барои кадом ҳоҷате ба кӯча баромада буд, аз дур Назираро дида ба имдодаш шитофту аз дасташ дошта зуд ӯро ба хона даровард. Назираи бадбахт гириста-гириста буду шуди ҳодисаро ба модараш нақл кард, вале модар ӯро насиҳат намуд, ки ботамкин бошад, тоқат кунад, чунки сабурон аз сабр ёфтаанд.
Ҳамин тавр аз байн чанд рӯз гузашту Назира дар хонаи модараш духтарча таваллуд кард. Хушдоману хоҳаршӯйҳояш ягон бор ба дидани тифлак наомада бошанд ҳам, баъди баромадани чилааш модараш кулчаю тӯшаи бисёре карда Назираро бо фарзандаш ба хонаи қудояш бурд, то наберааш зиндаятим нашавад, вале қудозан ҳатто саломашонро алек нагирифт. Назира хост духтарчаи мисли гул зебояшро ба оғӯши бибиаш гузорад, вале хушдоманаш «сағераатро зуд аз пешам дафъ кун, ман аз ин хел набера безорам» гӯён, кӯдакро аз дасти ӯ нагирифт. Ҷавонзани бетолеъ насиҳати модарашро гирифта, ба ҷабру ҷафои хушдомани золим тоқат карда дар хонааш монд, ба умеде, ки ақли модаршӯяш ба сараш мезанаду одами хуб мешавад, вале умедҳояш хом баромаданд.
Назира соҳиби ду фарзанди дигар шуда дар ин хонадон аз дасти хушдомани морзабон рӯзи хушро ҳеҷ надид, ки надид. Оқибат ба зулму ситами хушдоман тоб наоварда келинчаки бадбахт худро ба дор овехт. Рӯзи ҷанозаи Назираи сиёҳпича модараш сарашро ба дару девор зада, мегуфт: “Кошки духтарамро ба хонаи хушдомани золимаш намебурдам. Кош бева мемонду зинда мешуд…”
Сарнавишти талхи Назираро ба он хотир рӯйи коғаз овардам, ки ба дигарон панд шавад ва хушдоманҳо ба келинҳояшон меҳрубон гарданд. Хушдоманҳо! Фаромӯш накунед, ки ба келин зулму ситам карда, шумо хонаи фарзандатон, ҷону ҷигаратон, писари азизатонро бо дасти худатон вайрон мекунед. Келин аз рӯйи писаратон ба хонаи шумо омадааст ва фарзанди шумост. Чаро ба фарзанди худ ҷабр мекунед?!
Сайфулло Маҳкамов рӯзноманигор, шаҳри Истаравшан