arzon replenishment
Барги зуф захми меъдаро шифо мебахшад
8388

 

Дар адабиётҳои тибби қадим омадааст, ки барги зуф давои дарди бемориҳои узвҳои ҳозима, бахусус меъда мебошад. Дар тавсияҳое, ки дар поён меорем, исботи ин гуфтаҳост.

Хӯрдани барги зуф хунравии узвҳои дохилиро манъ мекунад ва ҳамчунин хуни биниро бозмедорад. Агар баргро дар бинӣ ё дар пешонӣ гузоред, давои дарди сар ва хунравии бинӣ мебошад.

• Оби баргашро нимгарм карда, батакрор дар гӯш чаконанд, дарди гӯшро, ки аз гармӣ бошад, таскин медиҳад.

• Оби баргашро агар бичаконанд ва ё бимоланд, дарди чашмро, ки аз гармӣ бошад, шифо мебахшад. Доруҳои чашм дар оби ин гиёҳ сойида мешаванд ва худаш низ ба давоҳои чашм дохил карда мешавад.

  • Хунравии даруниро хӯрдани тухми барги зуф манъ мекунад. Дамкӯтоҳиро бошад, барги бо наск пухташуда манфиат мебахшад.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД