Formula novemver 2024
10-роҳи пешгирӣ ва табобати шикамрав
11603

 

Дарунрав яке аз мушкилоти асосии фасли тобистон ба шумор меравад, зеро дар айёми гармо хурду калон тез-тез ба ин дард гирифтор мешаванд.

Албатта шикамрав сабабҳои зиёде дорад-риоя накрадан ба тозагӣ ва қоидаҳои гигиенӣ, ношуста хӯрдани мева ва сабзавот, истеъмоли хӯриш ё хӯроки вайроншуда, тағйирёбии боду ҳаво ва ғайраву ҳоказо...

Шикаврав дар назари аввал як бемории оддӣ менамояд, вале дар сурати бепарвоӣ зоҳир намсудан ва таббати нодуруст он метавонад оқибатҳои ногуворро ба бор оварад. Дар кӯдакони хурдсол муддати дуру дароз давом кардани шикамрав боиси беобшавӣӣ ҷисм гашта, ҳатто то ба марг бурда мерасонад, бинобар ин, чи хурду чи калон бояд ба ин беморӣ ҷиддӣ муносибат намуда, табобати дуруст бигиранд. Инак, мо дар боби роҳҳои пешгирӣ ва мубориза бо шикамрав ба шумо чанд маълумот ва маслиҳати мудмандро пешниҳод месозем.

Вирус ё бактерия?

Шикамравро вирус ва бактерияҳо ба вуҷуд оварда метавонанд, бинобар ин, нишонаҳои беморӣ ва шеваи табобати он мутафовут аст. Вақте ки вденовирус, ротавирус, этеровирус ва дигар намуди вирусҳо ба организми инсн роҳ меёбад, кас ба шикамрав гирифтор мешавад. Маъмулан ин намуди шикамрав якбора бо табби баланд сар шуда, бемор қайъ мекунад ва тез-теш шикамаш меравад. Дар ин ҳолат бояд кӯшиш намуд, ки қайъкунӣ қатъ гардад. Бештар об нӯшед, ба перҳез риоя намоед ва доруҳои зидди дарунрав истеъмол кунед. Хушбахтона, ин намуди шикамрав ҳамагӣ 3 рӯз давом мекунад, агар шумо дуруст табобат намоед.

Вақте ки бактерияҳо аз қабили салмонеллёз ва халера ба ҷисми инсон афтида, шикамравро ба вуҷуд меоранд, беморӣ бештар тӯл кашида, вазнин мегузарад. Шикамрави бактереалиро ҳатман бо сӯзандорӯ ва антибиотикҳо табобат кардан лозим аст, то беморӣ оқибатҳои нохушро ба бор наорад.

Аз нигоҳи авввал фаҳмидани он ки ба ҷисм вирус афтидааст ё бактерия душвор, вале мумкин аст, агар пас аз 3 рӯз ҳоли бемор рӯ ба беҳбудӣ наниҳад, донед, ки бактерияҳо ба меъдаю рӯдаҳо ҳуҷум кардаанд ва ҳатман ба духтур муроҷиат намоед. Табибон пас аз ташхиси ахлот, хун ва ғайра беморро дар беморхона бистарӣ намуда, вобаста ба намуди бактерия табобат мефармоянд.

5-хатои маъмулӣ дар табобати шикамрав

Аксари одамон ҳангоми ба шикамрав гирифтор шудан ба худтабобаткунӣ машғул шуда, ба хатогшиҳо рҳ медиҳанд ва ҳоли худро бадтар месозанд. Инак, панҷ ғалати маъмулӣ дар табобати ин беморӣ:

  1. Левомицетин-бисёриҳо ҳамин ки шикамдард шуданд, ҳатман ин доруро харида мехӯранд. Бояд гуфт, ки ин дорӯ аллакай кӯҳна шудааст ва ба микробу бактерияҳо дигар таъсир намекунад. Левомицетин баръакс микрофлораи оргазинмро вайрон карда, боиси итӯл кашидаи беморӣ мегардад.
  2. Марганцовка-аксарият гумон доранд, ки он тамоми намудҳои вирус ва бектерияҳоро несту нобуд месозад, вале дар асл чунин нест. Нӯшидани марганцовка метавонад боиси осеб дидани пардаи пардаи луобии меъда гашта, ҳоли шуморо табоҳ созад, то рӯдаҳо бошад, он яқин намерасад.
  3. Пробиотикҳо ба ҷойи антибиоти! Пробиотикҳо, яъне бифидум-бактерин, лакто-бактерин ва ғайра микроб ва вирусу бектерияҳоро несту нобуд намесозанд. Ин намуди дорувор танҳо ба барқарор гаштани системаи кори рӯдаву меъда мусоидат менамояд. Пробиотикҳоро ҳамчун илова ба антибиотик дар рӯзҳои охири беморӣ истеъмол кардан лозим аст.
  4. Нӯшидани арақ”-Дар байни мардон ақидае ҳаст, ки агар баробари ба шикамрав гирифор шудан одам 50-100 грамм нӯшокии спиртӣ бинӯшад, дарҳол шифо меёбад. Дар асл спирт ба ҷойи фоида ба организм зарар мерасонад. Тасаввур кунед, инфексия меъдаи бечораро аллакай захмӣ кардааст, шумо бошед аз рӯйи мақоли “болои сӯхта намакоб” алам намуда, спиртро илова мекунед. Ҳоли меъдаатон чӣ мешавад?!
  5. Қаҳва ва чой-тамоми табибон маслиҳат медиҳанд, ки ҳангоми ба шикамрав гирифтор гаштан бештар об нӯшед, вале бисёриҳо инро ба таври худ фаҳмида чойник-чойник чойи сиёҳ ё қаҳва менӯшанд. Об гуфта табиб танҳо оби нӯшидагӣ, кампоти мевагӣ ва оби регидрон доштаро дар назар дорад. Чой ва қаҳва ба шахсе, ки шикамрав шудааст, баръакс зарар мерасонад.

Кӯдаконро эҳтиёт кунед!

Шикамрав махсусан барои кӯдакони хурдсол ва одамони ба беморҳои дилу рагҳои хунгарди он гирифтор хатарнок аст. Тифлакони то сесола вақте ки шикамрав мешаванд ва бемориашон тӯл мешавад, ҷисмашон бо мушкилоти беобшавӣ рӯ ба рӯ гашта метавонад. Беобшавии ҷисм оқибатҳои нохушро ба бор оварда, ҳатто боиси марги кӯдак мегардад, бинобар ин, кӯдакони худсол ва беморони дилро ҳарчи зудтар ба беморхона бурдан лозим аст.

Пешгирӣ ва табобати шикамрав

Албатта пешгирии ҳар як беморӣ аз абобати он осонтар аст, бинобар ин, мо чанд рҳи пешгирию табобати шикамравро ба шумо пешниҳод месозем.

  1. Барои пешгирии шикамрав ҳаргиз аз қубур-кран об нанӯшед.
  2. Қабл аз истеъмол намудан меваю сабзавотро бо оби ҷӯшидагӣ нағзакак бишӯед.
  3. Аз бар ва қаҳвахонаҳои сари роҳ коктейл нанӯшед, зеро яхи он аз оби ноҷӯшида тайёр шуда, касро ба шикамрав гирифтор карда метавонад.
  4. Кӯшиш кунед, ки ҳангоми оббозӣ кардан дар дарё ва ҳавзҳо ба ҳалқатон об наравад.
  5. Пеш аз хӯрок, баъди сайругашт, ҳамчунин ҳангоми аз ҳоҷатхона баромдан дастонатонро ҳатман бо собун бишӯед.
  6. Аз ошхонаҳои сари роҳие, ки тозаю озода нестанд, хӯрок нахӯред, зеро эҳтимол кӯҳнаю вайроншуда будани чунин ғизо хеле зиёд аст.
  7. Ҳангоми ба шикамрав гирифтор шудан фавран “Смекта”, “Полифепан”,”Полисорб” ва ё “Активированний угол” хӯред. Ин доруҳо ба зудӣ таксинаҳоро аз организми шумо мебароранд.
  8. Бештар об нӯшед ва ба парҳез риоя намоед. Ширинӣ ва нони сафед ба шахсе, ки ба шикамрав гирифор шудааст, зарар дорад. Албатта мо гуфтанӣ нестем, ки умуман ягон чиз нахӯред. Хӯроки хуб барои мубориза бо беморӣ ба ҷисм бениҳоят зарур аст, вале шумо бояд ғизои солим истеъмол намоед. Бештар гӯши обпаз, биринҷ ва меваю сабзавоти бе зарар, аз ҷумла банан ва себ хӯред.
  9. Барои зудтар барқарор шудани кори меъдаву рӯда ва поксозии организм ҳатман Регидрон нӯшед.
  10. Доруҳоро сари вақт қабул карда, бештар хоб равед. Дар сурати беш аз се шабонарӯз давом кардани шикамрав ва нафаромадани таббатон ҳатман ба духтур муроҷиат намоед. Саломат бошед!    

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(3)
Пупсик 2019-08-02, 08:16
инро кадом муалифи беақл навиштаст, худаш шикамрав шавад ва баъдан таҷриба карда нависад, муалифтабиби беақл... илоим шикамраваки бад шави....
Посух
Алишер Холов 2019-08-03, 14:11
Саломалекум ман як суол дорам тули яксол мешавад ки дарунрав шидам дору хурдам капел Рингер мондам соз нашудаам 2 пас 3 руз пас хамихел мешавам сабаб чи бошад илтимос чавоби дурустиэн пешаки РАХМАТ
Посух
Ифтихор 2023-04-02, 10:26
Салом
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(3)
Пупсик 2019-08-02, 08:16
инро кадом муалифи беақл навиштаст, худаш шикамрав шавад ва баъдан таҷриба карда нависад, муалифтабиби беақл... илоим шикамраваки бад шави....
Посух
Алишер Холов 2019-08-03, 14:11
Саломалекум ман як суол дорам тули яксол мешавад ки дарунрав шидам дору хурдам капел Рингер мондам соз нашудаам 2 пас 3 руз пас хамихел мешавам сабаб чи бошад илтимос чавоби дурустиэн пешаки РАХМАТ
Посух
Ифтихор 2023-04-02, 10:26
Салом
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД