Салом! Яке аз хонандагони доимии “Оила” ҳастам. Аз гуфтани номам худдорӣ менамоям, чунки дугонаҳоям ва хешу табор фаҳманд, маро масхара мекунанд. Чанд сол боз мӯйи сарам бошиддат мерехт, вале бепарвоӣ намуда, аҳамият намедодам.
Ду моҳ боз ҷо- ҷойи мӯйи сарам рехта, кал шуда монд. Духтари замонавӣ ҳастам, вале аз шарми сари калам акнун рӯймол баста мегардам. Аҳли оила ва дугонаҳоям аз якбора тағйир ёфтани ман ҳайрон шуда, сабаби рӯймол бастанамро мепурсанд. Намедонам ба онҳо чӣ гӯям. Бо умед ба шумо занг зада истодаам, ки шояд табиби ҳамадон Садриддиншоҳ Насриддиншоев ягон роҳи табобати сари кал ва мубориза бо резиши мӯйро мегӯянд.
Н., хонандаи “Оила”.
Посух
Хоҳари азиз, шуморо лозим аст, ки ба беморхонаи касалиҳои пӯст муроҷиат карда, сабаби кал шудани саратонро муайян намоед, чунки аксаран иллати рехтани мӯй ба беморҳои узвҳои дарунии инсон вобастагӣ дорад. Организм бо ҳамин восита бонги изтироб мезанад, то соҳибаш ба ӯ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, зудтар аз пайи табобат шавад. Дар сурати решаи бемориро наёфта, таваккалан доруву дармон кардан як муддат беҳбудӣ ҳосил шавад ҳам, баъди чанд вақт боз ба ҳамин мушкил рӯ ба рӯ гаштан мумкин аст. Ба ҳар сурат ман ба шумо чанд давои халқиро тавсия медиҳам, то санҷида бинед.
Нусхаи аввал
Барги шафтолуро дар оби гарм нағзакак шуста кӯбед ва ба ҳамон ҷойҳои саратон, ки мӯяш рехтааст мисли малҳам ғафсакак молида, аз болояш селофан гузошта, бо рӯймол бандед.
Нусхаи дигар
Гиёҳҳои газна, думи гов ва сапали шутур ( мать и мачеха)-ро омехта намуда, 30 гр., аз ин таркиби гиёҳиро ба зарфе андозед ва аз болояш 1 литр оби ҷӯш рехта, даҳони зарфро маҳкам кунед. Тақрибан як соат пас гиёҳоб тайёр мешавад. Онро полонда ҳафтае 3 маротиба баъди саршӯйӣ ба саратон молед.
Нусхаи сеюм
Дар тӯли як моҳ ҳар рӯз решаи аирро ҷӯшонда обашро ба саратон молед, пӯсти сарро шифо бахшида, барои аз нав рустани мӯйи сар кӯмак мерасонад. Ногуфта намонад, ки ману писарам«Хирмани мӯй» ном доруеро сохта, дар чанд нафар марди ба тамом калшуда санҷидем. Шояд боваратон наояд, вале он мардҳои кал мӯй бароварда, шаҳбача барин зебо шуданд. Имрӯз теъдоди зиёди калшудагон маҳз ба хотири ҳамон дору ба суроғи мо меоянд.