БЕНИҚОБ
Келин дар косаи хушдоман қурбоққа андохт
1970
4

 

Бародарам ба нею нестони модарам нигоҳ накарда, тӯтивор як гапро такрор мекард: “Агар Холисаро ба ман гирифта надиҳед, худамро мекушам!” Баҳсу талошҳои очаву бача дар боби интихоби келин чанд моҳ тӯл кашид.

Хешу табор аз моҷаро огоҳ шуда, модарамро насиҳаткунон мегуфтанд: “Хайр, писаратон, ки ӯро дӯст дошта бошад, дигар чӣ кор ҳам мекунед?! Холиса хушрӯй набошад ҳам, духтари бомаънӣ аст, беҳуда асаби худатонро вайрон накарда, сари ҳардуро ҷуфт кунеду монед-дия!”

Ниҳоят пас аз баҳсу мунозираҳои бисёр, волидонам бо маслиҳати бибиву бобоям ночор роҳи хонаи келиншавандаро пеш гирифтанд. Тарафи қудо маътали ишорат будаанд, дарҳол розигӣ дода, духтарашонро ба писари мо фотиҳа карданд. Тӯйи хубе ороста, келинро овардем. Умед доштем, ки арӯсак бо рафтори хубаш дар дили модарам маъво мегирад, вале хаёламон хом баромад. Холиса аз рӯзи аввали зиндагиаш дар хонаи мо чеҳраи аслии худро нишон дода, то нисфирӯзӣ хоб мекард. Бечора модарам келин дошта бошад ҳам, худаш хона мерӯфт, ҳавлӣ мерӯфт, хӯрок мепухт, ҷомашӯӣ мекард, арӯси бародарам бошад, мисли кана ба шавҳараш часпида, рӯзи дароз бо шӯхию бозиҳои ошиқона овора буд. Рафтори янгаамро дида, рӯз то рӯз асабам бештар вайрон мешуд. Чанд бор ба модарам гуфтам, ки аз мӯйи сараш дошта, келини танбалатонро аз дар берун мекунам, вале “духтарҷон, дасту панҷаам нашикастааст, худам кору бори хонаамро саришта карда метавонам, беҳтараш бо ин беномус сар ба сар нашав” мегуфт. Рӯзе гапамон бо янгаам гурехту арӯсаки шаттоҳ маро дуоҳои бад карда, таҳдид намуд, ки ҳамаашро ба бародарам гуфта рӯзи маро сиёҳ хоҳад кард. Косаи сабри модарам, ки ҳавлӣ мерӯфт, лабрез гашта, ҷорӯбро ба сӯйи келини каждумзабонаш ҳаво дод. Келин ҳунгосзанон гиря карда, ба хонааш даромад.


Аз алам чӣ кор карданамро надониста гирён ба хона меомадам. Медонистам, ки он кас аз шавҳарам калон ҳастанд, вале кирми рашк дар дилам хона карда маро дарун ба дарун мехӯрд.


Бо табъи хира либосҳоямро иваз намудаму худам дасту остин барзада, хӯрок пухтам. Хӯрок қариб тайёр шуда буд, ки янгаам бо баҳонаи обнӯшӣ ба ошхона даромад. Рӯяшро дидан нахоста, аз ошхона баромадам ва кабудӣ чида, салат тайёр кардаму аҳли оиларо ба сари дастурхон даъват намудам. Боиштиҳо хӯрок мехӯрдем, баногоҳ модарам “воҳ” гӯён, даҳонашро дошта, ба шаст сӯйи дар давид. Беҳузур шудани дилашро дида пайхас кардам, ки аз косаи хӯрокаш чизе баромадааст. Саросема косаро ба сӯйи худ кашида, қошуқ задаму ҳуш аз сарам парид. Дар косаи шӯрбои модарам қурбоққаи мурдагӣ буд. Бо дидани ин манзараи ғашовар дилам шӯрид. Аз партофтан қариб буд дилу ҷигарам аз даҳонам биёяд. Гиристам, қасам болои қасам хӯрдам, ки касе қасдан ба косаи шӯрбо қурбоққа андохтааст, вале модарам ба гапам бовар накарда, ба бари рӯям чанд шаппотӣ зад. Ба ғазаб омада, ба сари янгаам рафтам ва аз банди кокулонаш дошта, Холисаи аҷузаро кашолакунон ба берун баровардам, то иқрор шавад, ки ин корро ӯ кардааст. Ба ҷойи узр пурсидан, янгаам қиқирросзанон механдид. Аламам даҳчанд гашта, дашномаш додам. Бародарам тарафи занашро гирифта ба миёнам чанд лагад зад.

Аз ин ҳодиса се моҳ гузашта бошад ҳам, то имрӯз ман натавонистам бегуноҳ буданамро дар назди аҳли хонаводаамон исбот намоям. Метарсам, ки ягон рӯз янгаи худонотарсам модарамро заҳр дода, мекушаду гуноҳашро ба сари ман бор мекунад, аз ҳамин хотир ба сомона муроҷиат намудам. Хонандагони азиз, илтимос ба ман маслиҳат диҳед, чӣ хел янгаамро ба кӯчаи одамгарӣ дарорам?

Настаран, аз н. Шаҳринав

Хабарҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Шарҳ
(4)
мехрона Абдулова 2019-09-16, 12:14
келинатон ро барамкаи одамгари даровардан душвор азхама хубаш корхояшро даягонтилифон банаворгиред тоисбот кунед
Посух
Инаят Раджабова 2019-09-16, 13:18
хаминаш кам буд!!!!Бечора курбакка чи гунох дорад???Хайфи одамхо!
Посух
Инаят Раджабова 2019-09-16, 13:18
хаминаш кам буд!!!!Бечора курбакка чи гунох дорад???Хайфи одамхо!
Посух
Инаят Раджабова 2019-09-16, 13:18
хаминаш кам буд!!!!Бечора курбакка чи гунох дорад???Хайфи одамхо!
Посух
Шарҳ
Тавсия медиҳем:
ТВ - ОИЛА
Гулбаҳор: 30-сол боз дар чердак зиндагӣ мекунам! (Видео)
Имрӯз бори аввал ин бонуи зебою ҳозирҷавоб, ки ба як уқёнуси бе ҳаду канор монанд аст, асрори зиндагиашро ба муштариёни...
Гулбаҳор:  30-сол боз дар чердак зиндагӣ мекунам! (Видео)
1781
4
СИТОРАХОИ ТЕАТР
Раҷабгул Қосимова: Боз зани Убайдулло Раҷаб мешавам, агар...
Шояд шароити иқтисодии телевизион имрӯз барои ба навор гирифтани намоишномаҳои калон нарасад, вале дар сурати чунин пешниҳод шудан ман бо...
1533
1
БЕНИҚОБ
Нозигул духтарашро 4000 доллар фурӯхт
Ман розӣ, аммо ҳоло дар ҷайбам ҳамагӣ 2500 доллар дорам. Инашро гир, боқимондаашро пагоҳ мебиёрам,- Мурод як даста пулро аз...
11219
6
маводҳои монанд
ТВ - ОИЛА
Гуласал Пӯлодова гунг шуд?
Ба ҳамин монад ҳодисаҳои аҷоибу ғароиб дар рӯзгори Гуласал Пӯлодова хеле зиёданд ва имрӯз бо ёд овардани он рӯйдодҳо ӯ...
6934
14
ДУ НИГОҲ
Дилбар Сулаймонова: Аз рашк девона мешудам
Ман то ҳол он рӯзҳоро ба ёд оварда аз шарм лола барин сурх мешавам. Нав ба театр ба кор омадабудам.
1384
0
Саидҷон Нодирӣ
Нони ҷав касалии дилро табобат мекунад?
Дар таркиби нони ҷав кислотаи лизин бештар аст, шояд аз ҳамин сабаб нархи ин нон нисбат ба нони гандумӣ қимматар...
155
0
БЕНИҚОБ
Дарди дили зани девона
Ҳамсояҳои беинсофамон баъзан ӯро кор мефармоянду ба дасташ як сум дода гуселаш мекунанд, зеро ҳама медонад, ки ҳисоб карда наметавонад.
517
2