Arzon march 2024
Нозигул духтарашро 4000 доллар фурӯхт
18946

 

-Чор ҳазор доллар!

-Ман розӣ, аммо ҳоло дар ҷайбам ҳамагӣ 2500 доллар дорам. Инашро гир, боқимондаашро пагоҳ мебиёрам,- Мурод як даста пулро аз ҷайбаш бароварда ба Нозигул дароз кард.

Нозигули бадсиришт, ки худ як умр фоҳишагӣ карда, аз ҳисоби мардони бегона рӯзашро мегузаронд, заррае андеша накарда, пулро аз дасти ин марди занҷаллоб гирифт ва ба сӯйи ҳуҷраи хонаи духтараш ишорат намуда гуфт:

-Марҷона хоб аст, фурсатро аз дат надеҳ! Ба доду вояш аҳамият надеҳ, вай ҳоло сайди сӯр аст, бӯйи оғӯши мард, ки ба димоғаш нишаст, оҳиста-оҳиста одат карда, ба зану дуюми ту шудан розӣмешавад.

Ин зани пулпараст “боз фаромӯш накунӣ, боқимондаи пулро саҳар ҳатман биёр!” гӯён, ба ҳуҷраи хоби худаш даромад.

-Наход, ки ба манбовар надошта бошӣ, албатта меорам,-ваъда дод тоҷир ва ба ҳуҷраи хоби Марҷона даромада, дарро аз дарун қулф кард...

Марҷона хоби даҳшатноке медид. Гурге ӯро думболагир намуда мехост пора–порааш кунад. Духтарак дар хоб ҷонҳавл дасту по мезад. Муроди шайтонсират либосҳояшро кашида ба бистари Марҷона даромад. Даст ба тани нозуки духтар бурда буд, ки Марҷона як қад парида хест. Муродро дар рӯйи каташ дида дида дар ҷояш карахт шуда монд духтарак. Мурод бо суханони ширин Марҷонаро ром кардан мехост, вале духтар ҳеҷ сар намефаровард. Тоҷири пулмаст чун дид, ки бо хушӣкоми дил ситонида наметавонад, «ту акнун азони манӣ. Ман туро аз модарат харидам»,- гӯён мисли гурги гурусна ба Марҷона дарафтод. Духтарак муқобилият мекард, дастону рӯйи тоҷирро мехарошид, вале зӯраш ба марди ҳузарб намерасид. «Оча! Оча!»- гӯён фарёд зада ҷонҳавл худро аз гӯшае ба гӯшаи дигар мезаду имдод меҷуст духтараки бечора.

-Очаат дар хона, аммо ба ёрии ту намеояд. Беҳтараш беҳуда дасту по зада ба ман халал нарасон. Бимон, ки ман ҷимакак корамро тамом карда равам»,- пичиррос зад Мурод паси гӯши духтар.

Марҷона аз часпу талош хаста шуд, аниқтараш аз ҳуш рафт. Дигар на оча мегуфту на дасту по мезад. Муроди аз оташи нафс сӯхта ташнагиашро аз васли Марҷонаи нозукбадан шикаста қаноатманд аз хона баромад.

Марҷона ба ҳуш омада худро дар ҳолати ҷунунӣдарёфт. Либосҳояш даридаву пурхун буданд. Ҷо- ҷои тани мисли шир сафедаш аз захми дандонҳои гургмонанди Мурод сиёҳу кабуд гашта буд. Чеҳраи зебояшро дар оина дида ба даҳшат афтод. Ашки талх рӯйи рухсораҳояш шорид. Бо алам гиря мекарду модарашро дуои бад менамуд. Китфонаш аз шиддати гиря меларзиданд.

Аз гиряи бисёр нафасгир шуда, ба ҳаммом даромад. Сару рӯяшро шуст, вале обе набуд, ки доғи номусашро пок созад. Мӯйи мушкинашро ҷамъ карда бофту либосҳои дигарашро пӯшид ва ҳуҷҷатҳояшро ба сумкааш андохта аз дар баромад.

-Куҷо меравӣ, духтар? Беақлӣ накун, пагоҳ Мурод муллоро оварда туро никоҳ карда мегирад,- Марҷонаро аз роҳаш боздоштанӣшуд Нозигул.

- Лаънат ба туву ту баринҳо,-Марҷона дигар ба рӯйи модараш ҳатто нигоҳ накарда аз дар баромад.

 Марҷона аввал хост ба милиса муроҷиат кунад, то ки ҷазои Муроду модарашро диҳанд, вале боз хотири шири сафедаш аз райъаш гашт. Дилаш аз оламу одам монда буд. Ба куҷо рафтанашро надониста ба самтрав нишасту рости пойтахтро пеш гирифт.

Дар шаҳр Мастона ном дугонаи донишҷӯе дошт. Волидони Мастона, ки ҳарду муаллим буданд, Марҷонаро хуш пазируфта дар манзилашон ҷой доданд.

Марҷона сиррашро пинҳон дошта дар идорае ҳуруфчини компютер шуда ба кор даромад. Пас аз чанд моҳ бо марди занмурдае шинос шуд. Ситораашон ба ҳам мувофиқ афтоду ақди никоҳ бастанд. Шавҳараш аз Марҷона 12 сол калон бошад ҳам, Марҷона аз қисмат розист, ки бар рағми ҷабри модар ӯро бо марди неке ошно намуду соҳиби оила гардонд ва нагузошт, ки бадгашту сабукпо шавад. Шавҳараш соҳиби хона аст. Ин марди баномус намегузорад, ки Марҷонаю духтарчааш хор шаванд. Марҷона тавонист бо покию ростқавлӣ соҳиби хонаю дари обод, шавҳари меҳрубону фарзанди дилбанд, соҳиби бахти сафед шавад, аммо...

Нозигули духтарфурӯш акнун яккаву танҳо зиндагӣмекунад. Вай аз кори кардааш сад бор пушаймон аст, чунки ҳам фарзандашро аз даст доду ҳам фиреб хӯрд. Мурод аз Марҷона коми дил ситонида, дубора дари Нозигулро накуфт, на пулро оварду на модари духтарфурӯшро суроғ кард.

Марҷона модарашро бахшиданӣ нест, вале дилаш аз вай ях барин сард гашта бошад ҳам, даст афшонда “бигзор Худо худаш ӯро занад” мегӯяд...

Абдураҳмон Ҳакимзода                                                              

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(1)
Озода ортикова 2019-08-30, 18:18
Бечора наход духтари худашро ҳаминтавр кунад лаънат бод ба ту барин модар.
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(1)
Озода ортикова 2019-08-30, 18:18
Бечора наход духтари худашро ҳаминтавр кунад лаънат бод ба ту барин модар.
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД