Ҳамсояамон духтари ланге дошт, ки номаш Ҳусноро ва бисёр дағалу бадзабон буд. Ба хотири нуқсаш касе ба хонаашон хостгорӣ намеомад. Ман бо дили соф бо ӯ аҳволпурсӣ мекардам, вале дар ҷавоб мегуфт, ки бо ман гап назан, чӣ кор дорӣ, ки ман чӣ хел ҳастам. Рӯзе ҳамон Ҳуснорои худаш ланг маро фарёд карда гуфт, ки ту маро дар рӯзи равшан аволпурсӣ мекунӣ, дар деҳа гапҳои зиёд шуданаш мумкин аст. Беҳтараш шабона соати 12 ба пеши хонаамон биё, ман аз хона мебарояму шишта гап-гап мекунем.
Дар доми ланг
Дар вақти муайянкардаи духтар ба ҷое, ки барои вохӯрӣ муайян карда буд, рафтам. Ҳамсоядухтари ланг аз хонаашон баромад ва мо дар дили шаб рӯи сабзаҳои назди хонаашон нишаста суҳбат кардем.Ҳуснором дар синну сол аз ман 13 сол хурд буд ва умуман дар гӯшаи хаёлам намеовардам, ки ин духтари ланг ҳамсафари ҳаётиам мешавад, аммо...
Беҳуда намегуфтаанд, ки шайтон марди зӯр аст, баъд аз ду моҳ ман низ ба васвасаи шайтонӣ дода шуда, бо Ҳусноро наздик шудам. Ростӣ, баъди он ки кор аз кор гузашт, аз кардаам сахт пушаймон шуда, дигар ба мулоқоти ҳамсоядухтари ланг нарафтам, аммо чанде пас Ҳусноро хабари ҳомиладор шуданашро ба ман расонду рӯзи равшан дар назарам тираю тор гашт. Вай маро таскин дода, хоҳиш кард, ки барои аз байн бурдани тифли ҳаромии батнаш ягон дору ёфта биёрам. Ҳамон рӯз дору оварда додаму аз паи корам шудам, вале...
Арӯси ҳомила
Ин тифли сарсахт ҳатто бо дорӯ ҳам наафтид. Бо духтар маслиҳат карда, гуфтам, ки кори шармандагӣ шуд, либосҳоятро ҷамъ карда ба хонаи мо биё, ҳамроҳ зиндагӣ мекунем, вале Ҳусноро розӣ нашуд. “Худам ягон илоҷ карда кӯдакро меафтонам, ту беташвиш зан гирифта аз паси зиндагиат шав” гуфт ҳамсоядухтар ва худаш аз баҳри ишқи нангин гузашт.
Тараддуди тӯй ва овозаи тифли ҳаромӣ
Волидони ман ғофил аз ин ҳама сару садо ба кофтукоби келин сар карданд ва аз деҳаи ҳамсоя духтари зебоеро пайдо карда, дар байни як моҳ сари маро ҷуфт намуданд. Арӯсам духтараки меҳнатию покдомон баромад. Аз зиндагӣ шикоят надоштам, аммо баъди се моҳи хонадорӣ ҳамсарам аз ҳомиладории Ҳуснорои ланг бохабар шуда, қаҳр карда аз хона баромада рафт.
Дар ин муддат Ҳусноро писар таваллуд кард, вале кӯдак бемор буд...
Марди дузана
Фикр кардам, ки аз рӯи одамгарӣ бояд як бор ба наздаш равам ва ҳамин тавр ҳам кардам. Бо ӯ маслиҳат кардам, ки агар розӣ бошӣ, туро ҳам ба никоҳам медарорам.
Ҳамин тавр соли 1989 Ҳуснороро ба никоҳам даровардаму номи марди дузанаро гирифтам. Дар ин миён зани якумамро рафта овардам. Аввалҳо вай рашку итоб мекард, аммо баъд ба тақдираш тан дода, бо дузанагии ман созиш кард, аммо...
Зани дуюм-балои ҷон
Оҳиста-оҳиста ба хонаи якумам кам меомадагӣ шудам. Рафиқону хешу таборам мегуфтанд, ки ланги ту тез-тез ба хонаи мулло меравад, ягон фикри бад дорад, вале бовар намекардам. Дар ҳақиқат гапҳои одамон рост будааст. Кор ба дараҷае расид, ки ба хонаи худам рафта наметавонистам. Мисли ҳайвон шудам, Ҳуснорои ланг чизе мегуфт, иҷро мекардам. Ин ланги худобехабар боре фармон дод, ки талоқи занатро медиҳӣ ва мани харгаштӣа низ хуб гуфтам ӯро ҷавоб додам. Ба ин ҳам дилаш қарор нагирифту гуфт, ки аз ӯ расман ҷудо шав, ин хоҳишашро низ иҷро кардам ва ҳамин тавр, бо ин зани ҷодугари муллобоз мондам, вале ҳамоно чашмонам боз нашуда буд.
Асои Худо садо надорад...
Соли 1991 соҳиби дугоник шудем. Писарам фавтиду духтарам зинда монд. Боре духтарамро ҳамсоядухтарҳо барои суратгирӣ мебаранду меафтонанд, вале ба мо қоил нашуданд. Баъди панҷ сол фаҳмидем, ки аллакай дер шуда буд. Айни ҳол духтарам ба 27-даромадааст, аммо то ҳол бурро гап зада наметавонад.
Муллогиҳои занам маро хар кард
Як рӯз қулфи хонаамон вайрон шуд. Хостам онро таъмир кунам, вале асбоби лозимиро пайдо накарда, анбори дигарро кушодаму ҳуш аз сарам парид. Анбор пур аз қулфи зангзада ва риштаю сӯзану мӯй буд. Аз ҳамсарам пурсидам, ки чист. Ҳуснорои ҷодугар дасту по хӯрда чӣ гуфтанашро намедонист. «Рӯят сиёҳ, аз ҷабри ҷодугарии ту ман аз оилаам ҷудо шудам. Маро бо муллогӣ мисли гову хар кардӣ. Худованд туро ҳатман ҷазо медиҳад” гуфта, дарро бо шатта зада аз анбор баромадам....
Никоҳи дубора бо ҳамсари аввал
Вақте ин чизҳоро бо чашми худ дидам, рӯзи дигар роҳи хонаи оилаи аввалаамро пеш гирифтаму ҳамаашро ба ӯ фаҳмонида, хоҳиш кардам, ки дубора никоҳ кунем. Ӯ розӣ шуд ва дубора зану шавҳар шудем, вале...
Зани табар ба даст
Як шаб дар хонаи оилаи аввалаам будам, ки дарро куфтанд. Вақте дарро кушодам, дар пушти дар Ҳуснорои ланг бо духтари ҳамсоя истода буданд. Баъди дарро кушодан ин зани ҷоҳил ба хона зада даромаду ҷангу ҷанҷолро сар кард ва шарт гузошт, ки ба хонаи ман меравӣ. Хуб гуфта, хам шуда пойафзоламро пӯшиданӣ будам, ки дар ин вақт оилаам фарёд кард, ки “мардак туро мекушад”. Ҳамин вақт худамро зуд рост карда, дидам, ки воқеан ҳам ӯ маро куштанӣ аст. Дар дасташ табар Ҳусноро пушти сари маро нишон гирифта будааст. Дигар фурсатро аз даст надода, табарро аз дасташ гирифтаму аз хонаам пешаш кардам, аммо..
Ҳусноро ҳам лангу ҳам кӯр будааст
Баъд аз 7 соли зиндагӣ фаҳмидам, ки Ҳуснором бар замми лангиаш кӯр ҳам будааст. Чандин маротиба аз дохили хӯрокҳои омодакардааш ҳашароту дигар чизҳоро пайдо мекардам, аз ин хотир бештар дар кӯча хӯрок мехӯрдам.
Ҳамин тавр, бо сеҳру ҷоду то соли 2014 зиндагӣ кардем. Вақте аз муҳоҷират баргаштам, Ҳусноро дигар бо ман хонадорӣ кардан нахост. Сабабашро дар бемории грижа доштанаш баён кард. Розӣ шудам ва соли 2015 боз роҳи муҳоҷиратро пеш гирифтам.
Қасоси зани ҷодугар
Тирамоҳи ҳамон сол, вақте аз Россия баргаштам, зани лангам гуфт, ки ҳамаи ин корҳое, ки дар ҳақи ту кардам, қасос буд. Қасоси ҳамон солҳои гузашта. Акнун писару духтарам оиладор шуданд, бачаам дар Россия кор мекунад ва маро мехӯронаду мепӯшонад, дигар ба ман чизе лозим нест. Ман ҳайрон шуда, фикр кардам, ки асабҳояш вайрон шудааст ва аҳамият надодам, аммо рӯзе ин зани бадахлоқ ҳангоми чойнӯшиам гуфт, ки «Ту дар ким-куҷоҳо мегардию омада дар хонаи ман мечарӣ…». Ин гап ба дилам мисли корд расид ва ҳамон лаҳза аз хона баромада рафтам.
Ният кардам, ки боз ба Русия мардикрӣ меравам. Хостам барои гирифтани шиноснома аз ҷамоат маълумотнома гирам, вале дар ҷавоб гуфтанд, ки ту дар қайди хона нестӣ. Маълум шуд, ки ин зани ҷаллод маро соли 2007 аз қайд бароварда будааст. Чор сол мешавад, ки дар як ҳуҷраи хурд чӣ азобҳоеро паси сар мекунаму зиндагиам алоҳида аст. Чор сол интизор шудам, ки ақли зани лангам ба ҷояш меояду аз ман бахшиш мепурсад, лекин хато кардам. Ба хотири хона ояндаашро сӯзонд, ҳозир бошад, келини худамонро, ки 3 набера дорем, аз хона пеш карда истодааст, ягон касро аз аҳли оила чашми дидан надорад. Намедонам чӣ гӯяму чӣ хел ӯро ба роҳи рост дарорам. Илтимос, маслиҳатам диҳед, бо ин зани ҷодугари шаттоҳ чи кор кунам?
Амон, н.Ёвон.