Даричаи ошноӣ:
Дилбар Сулаймонова – ҳунарпеша, директори Театри давлатии драммаи мусиқии ба номи Туҳфа Фозиловаи шаҳри Конибодом. 20 июли соли 1959дар шаҳри Конибодом дар оилаи зиёӣ ба дунё омада, пас аз хатми мактаби миёнаи №4 ба шуъбаиактёри драмма ва кинои Донишгоҳи давлатии санъати ба номиМирзо Турсунзода дохил шудааст. Соли 1980 пас аз хатмидонишгоҳ бо роҳхат ба театри шаҳри Конибодом ба кор омада, зиёда аз 35 сол ҳамчун ҳунарманди боистеъдод саҳнаи ин театрро гулборон менамояд. Оиладор, модари 3 фарзанд.
– Дилбархон, шодам, ки шуморо мисли пештара ҷавону зебо мебинам. Марди идеалӣ аз назари чунин бонуи соҳибҷамол бояд чӣ гуна бошад?
– Пеш аз ҳама, ошиқ, ошиқи оилаи худ! Ҳалиму меҳрубон, босаводу бофарҳанг бошад ва нагузорад, ки зану фарзандонаш хор шаванд.
– Вақте ки ошиқ мегӯед, чашмонатон барқ мезананд. Маълум, ки дилатон аз ишқ лабрез аст. Махфӣ набошад, бигӯед, ки кай бори аввал ошиқ шуда будед?
– Ҳангоми дар курси якум хонданамон қатори дигар донишҷӯён моро низ баколхози «Партсъезд»-и ноҳияи Куйбишев (ҳолоА. Ҷомӣ) пахтачинӣ бурданд. Каримҷону ҳамкурсонаш, ки дар курси дувуми донишгоҳ мехонданд, ҳамроҳи мо дар як майдон пахта мечиданд. Ростӣ, аз рӯзи аввали рӯ ба рӯ шуданамон эҳсос кардам, ки ин ҷавони ҳалиму меҳрубон ба манн таваҷҷуҳи хоса дорад, вале худамро ба нодонӣ зада мегаштам. Каримҷон мӯйи дароз дошта ба мардуми Бадахшон монанд буд ва ман ӯро помирӣ гумон мекардам. Дертар фаҳмидам, ки вай ҳам аз Конибодом будааст. Ҳамин тавр, мо оҳиста-оҳиста бо ҳамдигар унс гирифтем. Ҳангоми дар курси дуюм хондан тӯйи арӯсию домодиамон баргузор гашт.
– Дар як вақт ҳам хондану ҳам ташвишҳои зиндагӣ бароятон душворӣнамекард?
– Дар давраи аввали зиндагиамон, то фарзанддор шудан бароям чандон мушкил набуд, вале баъди модар шудан дарк намудам, ки барои зани шавҳардор хондан чандон кори осон набудааст. Ҳангоми дар курси сеюм хондан ман соҳиби писарча шудам. Хушдоманам намебуданд, шояд ба хотири Фирдавсҷони хурдакак аз баҳри хондан мегузаштам, вале модаршӯям Тоҷинисо, ки зани боилму бафарҳанг ва ҳамсинфи устоди ҳунар Туҳфа Фозилова буданд, набераашонро ба тарбияи худ гирифтанд, то ман таҳсиламро идома диҳам. Барои ин некиашон як умр аз эшон миннатдорам!
– Шумо санъаткор, шавҳаратон санъаткор, дар саҳна якдигарро бо дигар актёрҳо ҳамоғӯш дида рашкатон намеомад?
– Беҳтараш, напурсед! Ман то ҳол он рӯзҳоро ба ёд оварда аз шарм лола барин сурх мешавам. Нав ба театр ба кор омадабудам. Шавҳарам Каримҷон дар як намоишнома бо Ҳунарманди халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон Истад Муҳаммадҷонова нақши ошиқу маъшуқаро мебозиданд. Маълум, ки чунин нақшҳо бе бӯсу канор намешавад. Вақте ки шавҳарам Истадро ба оғӯш гирифта мебӯсид, аз рашк қариб девона мешудам. Рашки маро пай бурда, Истад-апа берун аз намоишнома ҳам қасдан Каримҷонро ба оғӯш мегирифтанд. Аз алам чӣ кор карданамро надониста гирён ба хона меомадам. Медонистам, ки он кас аз шавҳарам калон ҳастанд, вале кирми рашк дар дилам хона карда маро дарун ба дарун мехӯрд.
– Барои Каримҷон даст ба гиребон ҳам шудагистед?
– Не, хайрият, ки кор то мӯйканию рӯканӣ нарасид. Баъдтар ҳамин хел шуд, ки ҳардуямон ҳамроҳ ба як тӯй рафтем. Дар ҳамон маърака бо Истад-апа аз наздик шинос шуда, фаҳмидам, ки зани бисёр ҷиддию покдоман ҳастанд ва ба касе бо чашми бад наменигаранд. Хатои худро фаҳмида аз Истад-апа бахшиш пурсидам. Ҳоло мо мисли апаву хоҳар ҳастем.
– Кадом хислати шавҳаратон бештар ба шумо писанд аст?
– Ҳалимию меҳрубонияш.
– Кадом хислаташонро дӯст намедоред?
– Бисёр бетоқат ҳастанд, як лаҳза маро набинанд, дарҳол ба кофтукобу ҷустуҷӯ медароянд.
– Аксари мардҳои тоҷик аз занҳо дида беҳтар ош мепазанд. Каримҷон ҳунари ошпазӣ доранд?
– Панҷ панҷаашон ҳунар аст! Аз уҳдаипухтани ҳама хӯрокҳо ба хубӣ мебароянд. Ба фикрам, ягон сарошпази тарабхона шавҳари ман барин оши палаву моҳибирён пухта наметавонад.
– Дилбархон, дар баробари актриса будан шумо овози бисёр ширин доред. Ин ҳунарро дар донишгоҳ омӯхтед?
– Не, ман ҳанӯз аз замони мактабхонӣ суруд мехондам. Ёд дорам, толибаи синфи 6-ум будаму дар маҳфилҳои мактабӣ суруди «Ленин-падар»-ро мехондам.
– Ситораи мактаб будам гӯед?
– Ҳа, ҳам суруд мехондаму ҳам бо ҳамроҳии Меҳринисо Ҳоҷибоева ва Майрам Шарифова саҳнача бозӣ мекардем.
– Ягон суруди замони кӯдакӣ мехондаатон дар ёдатон ҳаст?
– Бале, бадеҳаи «Ҷон, укаҷон, кор накардӣ, чаро?» то ҳол аз ёдам нарафтааст.
– Ҷон, укаҷон, кор накардӣ, чаро?
– Аз хобам бедор накардӣ, чаро?
– Аз хобатбедор намудам, вале,
Дарсатро тайёр накардӣ, чаро?
– Ба ғайр аз сурудхонӣ боз ягон ҳунари дигар ҳам доштед?
– Ба мо санъаткоронинаврас дар хонаи пионеронишаҳр, устодамон Абдувоҳид Бобоҷонов рубобнавозиро меомӯхтанд.
– Шумо, ки имрӯз як зани солор ҳастед, ба ҷавондухтарон ва келинчакҳо чӣ маслиҳат медиҳед?
– Аксар вақт оилаҳои ҷавон аз сабаби ба гапи ҳамдигар гӯш накардани зану шавҳар пош мехӯранд. Ҳамдигарфаҳмӣ набошад, оила вайрон мешавад, бинобар ин, ба ҷавонзанҳо маслиҳат медиҳам, ки босабру батамкин бошанд. Барои дупула гап шуда аз гиребони шавҳарашон нагиранд. Аз ҳама муҳимаш, баҳудаю беҳуда рашк накунанд ва шавҳару пайвандонашро ҳурмату эҳтиром намоянд. Эҳтиром бошад, муҳаббат пойдор мемонад! Ба театр раванд, чунки театр саҳнаи зиндагист. Одам хатоҳои худро аз ин саҳна тамошо карда, дарси зиндагӣ меомӯзад.
– Хушбахт ва муваффақ бимонед!
Каримыон Сулаймонов:
ЗАН БОЯД ОЛИҲА БОШАД
Даричаи ошноӣ:
Каримҷон Сулаймонов, 4 феврали соли 1958 дар шащри Конибодомба дунё омадааст. Соли 1975 пас аз хатми мактаби миёнаи №3 ба Донишгоҳи давлатиисанъати ба номиМ. Турсунзода дохил шуда, соли 1979 бо роҳхати ҳамин донишкада баТеатри давлатии драммаи мусиқии ба номи Туҳфа Фозиловаи шаҳри Конибодом ба кор омадааст ва 36 сол боз дар ин саҳнаи муқаддас ҳунарнамоӣ мекунад. Оиладор, падари се фарзанд: Фирдавс, Манижа, Шоҳзода ва чор набера.
– Дилбархон гуфтанд, ки то бо шумо рӯ ба рӯ шудан ягон бор шарораи муҳаббатро дар қалбашон эҳсос накарда буданд. Шумо, ки мард ҳастед, ишқи аввалатонро ба мо қисса мекардагистед?
– Ҳангоми дар курси дуюм хонданам Худованд маро бо Дилбар рӯ ба рӯ карда гуфт: «Ана, акнун чӣ будани оташи ишқро мефаҳмӣ, писарам!» Бо як нигоҳ дили ман ҳамчун ғизол ба тӯри миҷгони ин фариштаи зебою чолок афтид ва дигар аз он раҳоӣ ёфта натавонист.
– Аксари оилаҳои ҳунармандон бо сабаби рашк оқибат пош мехӯранд. Шумо пушаймон нестед, ки риштаи тақдиратонро бо зани ҳунарманд пайвастед?
– Баръакс, Худоро шукр мегӯям, ки тақдир маро бо чунин олиҳаи ҳусну олиҳаи ҳунар рӯ ба рӯ намуд! Дар масъалаи рашк бошад, ман аз ин мараз дурам, чунки ба ҳамсарам пурра боварӣ дорам. Дилбар ҳеҷ гоҳ хиёнат намекунад, на ба оила ва на ба дӯстонаш.
– Аслан, дар дунё одами идеалӣ нест, вале ҳар кадоми мо дар хаёли худ як образеро меофарем. Зани идеалие, ки шумо тасаввур мекунед, чӣ гуна аст?
– Олиҳа! Ба маънии томаш олиҳа! Олиҳае, ки натанҳо симои зебо дорад, балки ботинаш, дилаш, вуҷудаш, зиндагиаш зебост, мисли Дилбари ман!
– Ман бори аввал мардеро мебинам, ки бо занаш қариб 40 сол зиндагӣ кардаасту то ҳол мисли Маҷнун ошиқона гап мезанад. Аз ин мебарояд, ки ишқи шумо пир нашудааст. Дилбархон бо кадом хислаташон шуморо ин қадар волаю шайдои худ гардонидаанд?
– Бештар бо хоксориву меҳрубонияш.
– Кадом хислаташон ба шумо хушоянд нест?
– Бисёр якрав аст.
– Кадом хӯроки ҳамсаратонро бо иштиҳои том мехӯред?
–Зани ман дар пухтупаз ҳамто надорад. Актриса, ки ҳаст, фантазияи бой дорад. Ба ғайри хӯрокҳои маъмулӣ боз аз фикри худ чунон таомҳое мепазад, ки кас ба ҳайрат меафтад. Меҳмоне, ки як бор мазаи таоми пухтаи Дилбарро чашидааст, як умр лаззати он ғизоро фаромӯш нахоҳад кард. Кабоби дегияш ҳамто надорад!
– Туҳфае, ки табъи ҳамсаратонро болида месозад?
– Дастагули садбарги сурх. Бо дидани ин гулҳо Дилбар мисли баҳор якбора мешукуфад.
– Маслиҳати шумо ҳамчун марди рӯзгордида ба навхонадорон?
– Ҷавонон дар интихоби бахт саросема нашаванд. Хуб санҷидаву дониста бигиранд, чунки занро барои як рӯзу ду рӯз намегирӣ. Ҳамсар шарики умр аст, бинобар ин, касеро бояд интихоб намуд, ки ҳамеша ба ӯ такя карда тавонӣ!