arzon replenishment
Мардак, фаҳмам, ки зан гирифтӣ, рӯзатро сиёҳ мекунам!
2159

 

Шавҳарам дар Русия аст. Дилам сахт дар ташвиш аст, ки барои чор танг пули Русия шуда, оилаам вайрон нашавад, аз ҳамин хотир бо воситаи сомнаи ОИЛА-ТЧ ба шавҳари муҳоҷирам гуфтаниям:  

-Хайридинҷон, пештар пули кироӣ мефиристодӣ, вале вақтҳои охир бо ҳар баҳона кам маблағ равон мекунӣ. Қурби пули русӣ ба замин афтидааст, болои сӯхта намакоб, бародаронат тез-тез ба хона пулпурсӣ меоянд. Ба он се-чор ҳазор рубле, ки ту мефиристӣ базӯр як халта орду чанд килло картошкаю пиёзу сабзӣ медиҳанд, ман аз куҷо пул ёфта ба онҳо диҳам мардак? Бачаҳои худам нимгуруснаю боз ба онҳо пул диҳам будааст! Ба бародаронат фаҳмон, ки “пулро акаам кор кардааст” гуфта, дағдаға накунанд, акаашон падар аст ва бояд пеш аз ҳама қарзи падариашро дар назди фарзандонаш адо намояд. Маро ба ҳоли худ гузоранд, вагарна ин бор пулпурсӣ биёянд, аз дасташон гирифта аз дар берун мекунам. Мардакҷон, мабодо пулҳоятро сарфи айшу ишрат накунӣ, ки рӯзатро сиёҳ мекунам! Фаромӯш накун, ту ба ман қавли мардона дода будӣ, ки то дами марг дар ҳаққам хиёнат намекунӣ. Боз саратро занњои рус тоб надиҳанд! Шунавам, ки ба ман хиёнат кардаӣ ё ба хотири пулу мол шуда ягон беваи русро ба занӣ гирифтаӣ, аз худат гила кун! Худамро оташ мезанам ё барқасди ту ба ягон ҷӯраи ҷониат ба шавҳар мебароям, то шармандаи дӯсту душман гардӣ. Ин суханонамро фаромӯш накун!

Ҳамсари чашмбароњат: Равшанойи ҳисорӣ   

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(1)
мехрона Абдулова 2019-08-31, 14:51
рашкат сари худата мехурад
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(1)
мехрона Абдулова 2019-08-31, 14:51
рашкат сари худата мехурад
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД