Гуласал Пӯлодова-соҳиби ин номи мисли гул зебову мисли асал ширин барои тамоми ҳаводорони мусиқии эстрадӣ ошност.
Гуласалро хоса ҷавонони хуҷандӣ дӯст медоранд ва волаву шайдои ҳусни нотакрору садои гӯшнавозаш ҳастанд. Ин паричеҳра ҳамеша табассум ба лаб дорад ва кас гумон мекунад, ки ғаму дард боре ҳам гирди манзилаш нагаштааст, аммо...
Ҳар як хандаи ин фариштаи заминӣ дард дорад-дарди зиндагӣ. Гуласалро маҳз дард ба саҳнаи ҳунар оварда, машҳур намуд. Саргузашташро ба хабарнигори сомонаи “Оила” нақл карда, Гуласал мегӯяд: “Вақте ки падари 34-солаам ҷавонмарг шуд, ман ҳамагӣ 4-сола будам. Азбаски мо дар оила чор духтар будем, ҳама дӯстони падарам афсӯс хӯрда мегуфтанд, ки номи ӯ аз ҷаҳон гум мешавад, охир ягон писар надорад, ки номашро зинда дорад. Алорағми ҳамин суханони талх ман ба худ қабл додам, ки ҳофиза мешавам, то ки ҳар бори маро дар саҳна дидан, мардум падари ҳунармандамро ба ёд биёранд....
Ба ҳамин монад ҳодисаҳои аҷоибу ғароиб дар рӯзгори Гуласал Пӯлодова хеле зиёданд ва имрӯз бо ёд овардани он рӯйдодҳо ӯ гоҳ механдаду гоҳи дигар ашк мерезад.
Мехоҳед донед, ки чаро Гуласал Пӯлодова гунг шуд? Пас мутаваҷҷеҳ бошед!