arzon replenishment
Нигора дар тоба торти фаллагӣ мепазад
3675

 

Меҳмони навбатии ошхонаи «Оила» бонуи хушзавқу хушсадо, кадбонуи пурҳунар Нигора Холова ҳастанд.

 

-Салом Нигорабону! Овозаи кадбонуи хуб ва модари меҳрубон будани шумо ба гӯши мухлисонатон расидааст.

-Хушҳолам, ки мухлисонам маро ҳамеша дастгирӣ мекунанд.

-Ба фикрам шумо аллакай мақсади моро дарк намудед ва бо вуҷуди серкориятон аз шумо хоҳиш мекунем баҳри болидагии хотири ҳаводорони ҳунаратон тарзи пухтани ягон хӯрок ё шириниро мегуфтед.

-Бо камоли майл.

-Хуш, Нигорабонуи азиз барои мухлисон чӣ мепазанд?

-Тавре ҳама медонанд, тортро аслан дар тафдон мепазанд, вале ман тарзи пухтани як торти фоидабахшро, ки аз фалла тайёр мешаваду дар тоба пухта мешавад, пешкаш кардан мехоҳам.

-Яъне, шумо зимни пухтани торти фаллагӣ тамоман аз тафдон истифода намебаред?

-Бале, торти фаллагин дар баробари хушмазза буданаш, барои саломатӣ хеле фоидабахш аст, зеро дар таркибаш калсий дорад.

-Марҳамат, бону Нигора, ошхонаи «Оила» дар ихтиёри шумост.

Торти фалладор

Маҳсулоти лозима:

Барои крем:

Сметана - 400 г.

Ширқиём - 200 г.

Ванилин - 1 қошуқча.

Крахмал - 210 г.

Сода - 0,25 қошуқча.

Барои кулчаи торт:

Фалла (творог) - 180 г.

Тухм - 2 дона.

Ширқиём - 100 г

Орд - 80-100 г

40 мл

Сода - 0,3 қошуқча

Намак

Барои ороиш:

Шоколади сиёҳ - 50 г

Тарзи таҳия:

Маҳсулоти лозимаро омода месозем. Фаллаи мулоимро интихоб мекунем. Агар фаллаи одӣ бошад, онро аз элак мегузаронем ё бо блендер яклухт месозем.

Сараввал малҳамро омода месозем. Дар зарфе сметана, ширқиём, оҳар (крахмал), шакари ванилдор ва содаро омезиш медиҳем.

Бо миксер лат зада, ба болои плита монеду дар оташи паст то ғафс шуданаш меҷӯшонем. Баъдан зарфи кремро аз болои оташ гирифта, як тараф мегузорем.

 


 

«Ҳолатҳое мешавад, ки бо сабаби забони русиро надонистани кӯдакон, хонандаи синфи 6-ро ба синфи 1 тавсия медиҳанд»...

 


 

Акнун кулчаҳои тортро мепазем. Дар зарфе тухм, фалла (творог), намак ва ширқиёмро якҷоя мекунем. Бо миксер лат мезанем.

Ба орд содаро илова мекунему ҳамаашро якҷоя мекунем.

Акнун орди содадоштаро ба хамир андохта, аралаш мекунем, хамир бояд ғафс бошад.

Ба тоба равған молида, хамирро кам –кам рехта, бо қошуқ дар даруни тоба тунук мекунем. Паҳмии чалпак бояд 17-18 см, ғафсияш 0,5 см бошад.

Чалпакчаҳоро 3 дақиқагӣ аз ҳар ду тараф мепазем.

Баъди хунук шудани чалпакҳо кремро ба ҳар кадомаш молида, рӯйи ҳам мечинем.

Ҳамин тавр, торти мо тайёр мешавад, ба қабати аз ҳама болоӣ низ крем мемолем.

Рӯйи тортро бо шоколади обшуда ё тарошида оро медиҳему 1 соат дар яхдон нигоҳ медорем.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД