arzon replenishment
Райҳона Раҳимова: Мардак барои ман “пустое место” шудагӣ
2331

-Райҳонабону, шунидем, ки нияти аз шавҳаратон ҷудо шудан доред ва айни замон коратон суду судбозӣ аст?

-Дар ҳақиқат ману шавҳарам чанд вақт боз қаҳрӣ ҳастем ва якҷоя зиндагӣ намекунем, вале сабаби суду судбозии мо бекор кардани ақди никоҳ не, тамоман чизи дигар аст.

-Магар ҷангу ҷанҷол барои тақсими хонаву дар аст?

-Шукри Худованд ман бо қувваи худам соҳиби хонаву дар шудам ва ҳеҷ гоҳ аз марде хона талаб накардаам. Шавҳарам бо вуҷуди соҳибкор буданаш дар хонаву дари ман зиндагӣ мекард.

-Пас, сабаби моҷаро чист?

-Тавре ҳамагон медонанд, мо санъаткорон ба хориҷа сафарҳои зиёди ҳунарӣ мекунем. Баъдан, ман кам-кам бо тиҷорат ҳам сару кор дорам. Ҳолатҳое мешаванд, ки мехоҳам фарзандамро ҳамроҳи худ ба сафар барам, вале бо сабаби бо насаби падараш будани Алишерҷон баъзе душвориҳо ба миён меоянд. Аз ҳамин хотир, мехоҳам писарамро пурра ба ному насаби худам гузаронам. Сабаби дар ба дари суд давиданам ҳамин аст.

-Шумо, ки хеле бонуи зебо ва мафтункунанда ҳастед, ягон мард аз каноратон бепарво гузашта наметавонад...

-Росташро гӯям, мардак барои ман “пусте место” шудагӣ, чунки як қисми мардони тоҷик алфонс шудаанд. Аз ҳисоби занҳо зиндагӣ карданро дӯст медоранд. Барои ҳамин, вақте ки ягон мард ба ман гап мепартояд, дарҳол ӯро дар ҷояш шинонда мемонам ва мегӯям, ки ба умед нашавад, ман пули зиёдатӣ надорам, ки сарфи чунин ошиқони сари роҳӣ намоям. Беҳтараш пуламро ба фарзандам сарф мекунам.

-Ошиқони хира бештар дар куҷо шуморо думболагир мешаванд?

-Бовар кунед дар тамоми шабакаҳои иҷтимоӣ аз қабили Инстаграм, Фейсбук, Вайберу Ватсап изҳори муҳаббат намуда, ваъда медиҳанд, ки аз осмон ситораи тиллоӣ мебиёранд, вале ман аҳамият намедиҳам. Медонам, ки мақсади ин тоифа танҳо як чиз аст-аз ҳисоби зан хӯрда кайфу сафо кардан. Аз ин лиҳоз, ба чунин мардон гуфтаниям, ки каме нангу номусро пеша карда ба зану духтари кас чашм алло накунанд. Зан, агар пул дошта бошад, эҳтиёҷ ба мард надорад. Инро ҳаргиз фаромӯш насозед!

 

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(1)
Мухаммад 2019-06-22, 12:11
Замоне, ки вактро бо касе ба хуши гузаронди пас аз он аз пасаш бадгуйи накун, чунки ин беномусии Касро нишон медихад. Шавхараш аз счёти вай зиндаги мекардааст. Ту аруси зан мешидаги нести!
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(1)
Мухаммад 2019-06-22, 12:11
Замоне, ки вактро бо касе ба хуши гузаронди пас аз он аз пасаш бадгуйи накун, чунки ин беномусии Касро нишон медихад. Шавхараш аз счёти вай зиндаги мекардааст. Ту аруси зан мешидаги нести!
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД