arzon replenishment
  Тӯҳмати хушдоман Манзураро хонавайрон кард
4112

 

-Ҳа илоҳӣ забончата ғунда газаде кӯрнамаки худозада! Ман туро келин карда аз як ахлоттӯда ба чунин қасри шоҳона овардаму имрӯз ту почаканда одам шуда ба ман ақл нишон медиҳӣ?! Расул, канӣ ин ҷо баро, латта! Ту чи хел мардӣ, ки занат ба сари модарат зӯрӣ мекунаду ту худатро ба карию кӯрӣ зада мегардӣ?! Ё ин гадодухтар алови чашматро кайҳо гирифтааст…

Бо шунидани суханони кинояомези мдараш Расул аз хона баромад ва сари қаҳр Манзураро чунон бераҳмона зад, ки аз даҳону бинии ҷавонзани бегуноҳ хун мисли фаввора шорида аз ҳуш рафт…

Манзура ба ҳама ҷабру ҷафои хусуру хушдоман тоқат карда, соҳиби як духтару як писар шуд, вале ҳамоно номаш дар ин хонадон «гадодухтар» буд. Болои сӯхта намакоб гуфтагӣ барин, шавҳараш ҳам комилан одами дигар шуда буд. Акнун барои Расул Манзура танҳо модари бачаҳояш ва хизматгори бе миннати хона буду халос, дигар ҳамчун мард ӯро навозишу меҳрубонӣ намекард, суханҳои ширин намегуфт, умуман ҳамчун зан ҳамсараш барои ӯ гӯё вуҷуд надошт. Дилаш хоҳад ба хона меомад, нахоҳад ҳафтаҳо ғайб зада дар ким-куҷоҳо мегашт. Мабодо Манзура чаро шаб ба хона наомаданашро пурсад, қиёмат қоим мешуд. «Акнун ту ҳам забон баровардӣ, гадодухтар?! Мехӯрдагиат дар пешат, намехӯрдагиат дар пасат, хона дорӣ, фарзанд дорӣ, шикамат серу танат пӯшида аст, ба ту боз чӣ намерасад?!» гӯён, Расул чунон шӯру мағал мебардошт, ки Манзура аз гапи гуфтааш пушаймон шуда, роҳи наҷотро дар ҳунгосзанон гиристан медид. Андешаи он ки шояд шавҳараш зани дигар гирифта бошад, ҷавонзанро дарун ба дарун мехӯрд, вале розшунаве надошт, ки дарди дилашро бигӯяд.

 

Моҷарои атр

Рӯзе духтарчаашро хушдоман аз мӯйҳояш кашолакунон ба саҳни ҳавлӣ бароварда чунон бераҳмона зад, ки пайи панҷаҳои бибии золим дар рӯйи кӯдаки бечора нақш баст. Ин рафтори хушдоман косаи сабри Манзураро лабрез намуд ва бори аввал ҷуръат карда, сабаби чунин сахт ҷазо додани фарзандашро пурсон шуд.

-Духтарат ба худат рафтааст, хунаш, ки ҳаром аст, ҳамеша пастиашро нишон медиҳад. Ин тиррончак бе иҷозат ба хонаи хоби ман даромада, атри қимматбаҳоямро кушода ба танаш пошидааст,-ситеза намуд хушдоманаш.

-Наход барои як атр кӯдакро ин қадар бераҳмона занед, охир вай ҳоло хурдакак аст, ақл надорад…

-Боз ту гадодухтар ба ман гап мегардонӣ?! Ҳа илоҳӣ забончата ғунда газаде кӯрнамаки худозада! Ман туро келин карда аз як ахлоттӯда ба чунин қасри шоҳона овардаму имрӯз ту почаканда одам шуда ба ман ақл нишон медиҳӣ?! Расул, канӣ ин ҷо баро, латта! Ту чи хел мардӣ, ки занат ба сари модарат чунин зӯрӣ мекунаду ту худро ба карию кӯрӣ зада мегардӣ?! Ё ин гадодухтар алови чашматро кайҳо гирифтааст…

Бо шунидани ин суханони кинояомез Расул аз хона баромад ва сари қаҳр Манзураро чунон бераҳмона зад, ки аз даҳону бинии ҷавонзани бегуноҳ хун мисли фаввора шорида аз ҳуш рафт…

 

Танҳою зор

Пас аз ин ҳодиса дили Манзура аз зиндагӣ якбора мисли ях сард гашта, мехост аз ин зиндони тиллоӣ фирор намояд, аммо ҷойи рафтан надошт. Андеша мекард, ки агар аз шавҳараш ҷудо шавад, бо ду кӯдак кӣ ӯро ба хонааш роҳ медиҳад?! Падараш баъди шавҳар кардани ӯ маҷбур шуда зан гирифта буд, то бачаҳояш бе саробон намонанд. Моиндараш аз хушдоманаш ҳам бадтар аст, табиист, ки он зани бадҷаҳл ӯро бо фарзандонаш ҳатто аз дарвозаи ҳавлии падар даромадан намемонад. Ақаллан ягон хешу табори баномусе надорад, ки дасташро дар айёми сахтӣ бигирад. Сари сахташро ба куҷо занад?! Ба ғайр аз ҳамин ғурбатхона ваю фарзандонаш дигар дар ягон ҷо намеғунҷанд, аз ҳамин сабаб бояд ба ҳамааш тоқат кунад. Хусуру хушдоману шавҳараш ӯро кушанд ҳам, пояшро аз дарвозаи ин ҳавлӣ берун намонад, вагарна дар кӯча мемонад…

Бо ҳамин фикру хаёл Манзура ба тақдир тан дода, то метавонист зиндагиашро маҳкам медошт, вале…

 

Сирри меҳрубонии хушдоман

Ба Манзура хабар расонданд, ки падараш сахт бемор шудааст. Қасд кардагӣ барин, шавҳараш дар хона набуд. Вай беҷуръатона ба назди хушдоманаш рафта барои ба аёдати падар рафтан иҷозат пурсид. Табассум дар лабони кампир гул карда дар умраш бори аввал сари Манзураро сила намуд ва «падар розӣ, худо розӣ гуфтаанд, рав бачем, падарата хабар гирифта, ду-се рӯз дар наздаш истода, хизматаша карда, баъд биё» гӯён, дастурхони калонеро пур аз савғотӣ карда ба дасташ дод ва ӯро бо фарзандонаш ба таксӣ шинонда аз ронанда хоҳиш кард, ки келину набераҳояшро сиҳату саломат ба хонаи қудояш бурда расонад. Манзураи аз нимкосаи зери коса бехабар худоро шукр мегуфт, ки ниҳоят дар дили хушдоманаш раҳму инсофро андохта, ӯро чунин меҳрубону ғамхор гардонидааст, вале…

 

Туҳмат

Манзура ду рӯз дар хонаи падараш монда, аз ҳолу аҳволи ӯ бохабар шуд ва бегоҳи рӯзи сеюм ба хонаи хусуру хушдоманаш баргашт. Шавҳараш Расул дар рӯйи ҳавлӣ буд. Баробари Манзураро дидан вай ба шаст сӯяш давида бе ягон гап ба шикамаш як лагад фаровард. Манзура аз ин зарбаи ғайри интизор мувозинатро гум карда ба рӯйи замин афтиду лабаш хуншор шуд. Нав аз ҷояш бархостанӣ буд, ки боз лагади шавҳар ба сараш фуруд омад. «Барои чӣ мезанед? Ман чӣ гуноҳ кардам? Ба ҷойи он ки аз ҳолу аҳволи хусуратон пурсед, шумо маро зери мушту лагад мегиред?» ҳунгосзанон инони гиряро сар дод ҷавонзан.

-Лаънатӣ, ин ду рӯз дар бағали кадом буққа будӣ?-Аррос зад Расул.

-Аз худо тарсед, чаро ин қадар бераҳмона маро туҳмат мекунед! Ман ба аёдати падари беморам рафта будам. Бовар накунед, аз модаратон пурсед, -Манзура имдодталабона ба модаршӯяш нигарист.

-Ман ба ин сиёҳпича гуфтам, ки нарав, шавҳарат биёяд, хафа мешавад, лекин ба гапам гӯш накард. Ин сиёҳмилла моро як зарра ҳам писанд намекунад. Аниқ дар деҳаашон ягон буққаи худаш барин гадоро ёфтааст, барои ҳамин касалии падарашро баҳона карда ба назди ошиқаш медавад,-Хушдоманаш ба ҷойи тарафгирӣ намудан баръакс, Манзураро туҳмат карда ба рӯйи оташи ғазаби писараш бештар равған рехт.

-Очаҷон, инсоф кунед, охир худатон маро ба таксӣ шинонда гусел карда будед-ку!

-Ман туро ба таксӣ шинонда гусел кардам?! Айби худатро ба сари ман бор накун, ман он қадар аблаҳ нестам, ки зани писарамро бо ким-кадом буққа ба деҳа фиристам,-дод зад модаршӯяш.

-Аз худо тарсед очаҷон, дурӯғгӯйӣ торикии имон аст, -Хушдоманашро сари инсоф овардан хост Манзура.

-Ғарию пештозӣ гуфтагӣ барин, забонат дароз боз ту лаънатӣ модари маро беимон мехонӣ?!-Расул инро гуфту чанг зада аз банди мӯйи занаш дошт ва гулӯи Манзураро чунон сахт бӯғӣ кард, ки аз чашмони ҷавонзан об шорида қариб ҷон аз танаш баромада бурд.

Кӯдаконаш сахт тарсида чирросзанон бо тамоми овоз гиря мекарданд.

-Барои ин ҳаром ба сари худат бало нахар, беҳтараш ӯро дафъ кун! Қасам ба номи худо, агар ҳамин гадодухтарро талоқ диҳӣ, як моҳ нагузашта ман як духтари моҳпайкари сарватманди ҳанӯз очааш бӯса накардаро ба ту гирифта медиҳам,- Дасти Расулро дошта савганд хӯрд модараш, ки аз кори кардаи писараш завқ бурда, аз шиддати хурсандӣ чашмонаш медурахшиданд.

Расул Манзураро боз чанд мушту лагад зада, таҳдид кард:

-Ҳоло ист, саҳар шавад, баъд ман бо ту гап мезанам!

 

 

Талоқ бо амри модар

Субҳ дамид. Манзура бо сару рӯйи сиёҳу кабуд ҳавлиро рӯфта, сипас барои аҳли оила наҳорӣ тайёр кард, вале Расул ба дастурхон ҳатто нимнигоҳе ҳам накарда баромада рафт. Ҷавонзан бо дили лабрези дарду алам фарзандонашро сари миз шинонда нав хӯрок хӯронданӣ буд, ки хушдоманаш мисли балои осмонӣ аз дар даромад ва аз китфаш дошта Манзураро аз ҷояш хезонду тела зада аз дар баровард ва дод зад:

-Ин сагбачаҳоятро бигиру зуд аз ин хона дафъ шав! Дигар барои ту ва сағераҳои ҳаромиат дар ин ҷо як лаҳза ҳам ҷой нест! Аз куҷое, ки омада будӣ, ба ҳамон ҷо рав, гадодухтари тарпоча…

Манзура ҳарчанд зориву тавалло мекард, ки ба ҳолаш раҳм кунанд, бе ягон айбу гуноҳ ҳаёташро насӯзонанд, Расулро зани бой доданӣ бошанд, майлаш диҳанд, вале ӯро бо бачаҳояш аз дар берун накунанд. Монанд, ки чун хизматгор бошад ҳам, вай ҳамроҳи фарзандонаш дар ин хона зиндагӣ кунад, чунки ҷойи рафтан надорад, вале гиряву нолаҳои зораш ба дили сангини хушдоманаш асар накард. Модаршӯяш намонд, ки кӯдакон субҳонаашонро хӯранд, вай бераҳмона онҳоро аз дар берун карда, дарвозаро маҳкам кард. Манзура қариб як соат дар паси дарвоза гириста-гириста нишасту баъд бо дили хуншор ҷониби истгоҳ равон шуда ба самтраве, ки ба сӯйи деҳа мерафт, нишаст.

Ҷавонзан умедвор буд, ки оташи ғазаби шавҳараш паст шуда, омада онҳоро мебарад, вале бегоҳи ҳамон рӯз Расул ба хонаи падараш омад ва ҳатто аз дар надаромада, дар дами дарвоза Манзураро дар шоҳидии моиндараш се талоқ дода рафт.

 

Сиёҳбахт

Акнун Расул тӯйи домодӣ дорад. Дар ҳамон тарабхонае, ки панҷ сол пеш Манзура дар сари тахти арӯсӣ дар паҳлӯи Расули азизаш нишаста буд ва худро хушбахттарин бонуи олам тасаввур мекард, ин лаҳза духтари дигар дар сари тахт ҳамроҳи Расул нишастааст ва меҳмонон ба домоду арӯси нозанин бахти сафед таманно намуда, нӯшбод мегӯянд. Ин арӯс дар ҳусну чамол ба нохуни пойи Манзура наарзад ҳам, як бартарӣ дорад-аз оилаи сарватманд аст. Хушдомани носерамаш бо хонаи қасрмонанд ва дороии бе ҳадду ҳудуди шавҳараш қонеъ нагашт, хонаи писарашро вайрон кард, то келини бой карда, боз ҳам бойтар шавад. Манзура ҳамроҳи фарзандонаш бо чашмони ашкбор дар назди дари даромадгоҳи тарабхона рост истода базми домодии шавҳарашро тамошо мекарду дилаш хун мегирист. Шайтон васваса мекард, ки рафта аз гиребони Расул дорад ва ба рӯяш чанд шаппоти обдор зада бигӯяд, номард, шарм намедорӣ, ки ду фарзандатро зиндаятим карда, бо ин аҷузаи шавҳардузд дар сари тахти арӯсию домодӣ нишастаӣ ё аз кокулони ин арӯси беҳаё гирифта мурданивор лагадкӯбаш кунад, вале боз худдорӣ карда зери лаб пичиррос зад:

-Худоҷон, ту ягона шоҳиди бегуноҳӣ ва ранҷу азобҳои ман ҳастӣ, аз ин хотир ҳаволаи ин одамони бераҳмро ба ту месупорам…

Ҷавонзан инро гуфта сархам аз тарабхона баромад ва аз дасти ду тифлаки падардори бепадараш гирифта ҷониби пуле, ки аз зераш дарёи хуношом мегузашт, равон шуд….

 

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД