arzon replenishment
Сарвиноз Юсуфӣ дар ифтор чӯҷабирён мепазад
1935

 

Бо дархости хонандагони сершумори «Оила» ин навбат мо ба ошхона бонуи қашангу ширинсадо Сарвиноз Юсуфиро даъват намудем. Биёед аз асрори ҳунари кадбонугии ин сарояндаи муваффақ воқиф гардем.
5c33aa84cd87f

-Саломи кулли мухлисонатон нисоратон Сарвинозбону, хурсандем, ки даъвати моро пазируфта омадед.
-Саломат бошед! Ин шом дар хонаам ифтор дорам, вале кору борам зиёд бошад ҳам, хотири мухлисонам ба идораи шумо омадам.

-Гуфтагӣ барин, моҳи шарифи рамазон муборак бошад!
-Ташаккур, ба шумо ҳам муборак бошад! Бигзор ин моҳ ба хонаи ҳар як тоҷик файзу баракат биёрад.

-Мухлисонатон мехоҳанд донанд, ки Сарвинози азизи дилу дида, дар ин моҳи муборак рӯза доштааст ё на?
-Алҳамдуллилоҳ мусалмонам, чаро қарзи Худовандро ба ҷо набиёрам?! Мо аз ин дунё бо худ ному обрӯ ва сарвату дороӣ намебарем, ягона тӯшаамон ҳамин рӯзаву намоз аст.

-Доштани рӯза дар ин фасли гармо барои як сарояндаи ҳамеша пайи ҷустуҷӯйҳои эҷодӣ мушкил нест?
-Худованд қувват медиҳад.

-Дар ифтор барои аҳли оилаатон чиҳо мепазед?
-Рости гап, худам, ки хӯрокҳои сабукро дӯст медорам, барои аҳли оила ҳам чунин таомҳоро мепазам. Хомшӯрбо, мастоба, оши бурида…

-Дар субҳона чӣ мехӯред?
-Хӯрокҳои ширӣ ва асалу маскаву қаймоқ.

-Одатан дар моҳи мубораки рамазон мардум рӯи дастурхонашонро чунон пур мекунанд, ки ҳуш аз сарат мепарад. Дар болои дастурхони Сарвиноз ба фикрам ҷойи пиёламонӣ намемонад…
-Не, мо ҳам ҳамон чизҳоеро дорем, ки дар рӯйи хони дигарон ҳаст-тарбузу харбуза, мевагӣ, дӯғобу нишолло ва албатта хӯрок.
-Ҳамарӯза аз телевизиону радио мардумро ба тарабхонаҳо барои ифтор даъват менамоянд, шумо ҳам дар рамазон ресторан меравед?
-Ростӣ, намеравам, чунки моҳи рамазон барои мо, сарояндаҳо фурсати хубест барои бештар бо аҳли оилаамон вақт гузаронидан. Кӯшиш мекунам, ки дар ин моҳи муборак танҳо бо дасти худ таом пазам, то пайвандонам хӯрокҳои бомазза хӯранд.

-Хуш, дар поёни суҳбатамон ба мардуми рӯзадор чӣ туҳфа мекунед?
-Тарзи тайёр кардани чӯҷабирёнро мефаҳмонам, то ки ҳар бегоҳ худашон чӯҷабирён пухта мазза карда хӯранд.

-Марҳамат, ошхонаи мо дар ихтиёратон!
-Барои пухтани чӯҷабирён зарур аст:
Маҳсулот:
2-то чӯҷаи тозакарда
мурғу намак
4-кошуқ орд
150 гр талқон (кӯфтаи нони хушк)
Ҷаъфарӣ
2 дона лимӯ
2 қошуқ сирко
2 қошуқ равғани растанӣ
Тарзи таҳия:
Чӯҷаҳоро ду пора карда, намаку мурғ мепошем. Тухм ва орду талқонро ба зарфҳои алоҳида мегирем. Ҳар як пора гӯштро аввал ба орд, пасон ба тухму талқон
ҷӯлонда мегирем.
Ҳарду тарафи чӯҷаҳоро дар равғани тафсон то сурх шудан 20 дақиқагӣ бирён мекунем.
p_O
Шарбати лимуро бо сирко аралаш карда ба болои чӯҷаҳо мепошем ва хушбӯйкунандаҳоро бо каме равғани растанӣ омехта намуда аз рӯяш мерезем. Чӯҷаҳои пухтаро ба лаъличаҳо кашида бо хӯриш зеб медиҳем.

Чӯҷабирён нӯши ҷонатон бод!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД