Тобистон айёми маҳкам кардану захира намудани кампоту мураббост.
Имрӯз мо ба шумо тарзи омода кардани кампоти “Мохито”-ро ёд медиҳем.
Маҳсулоти лозима барои ҳаряк бонка компот:
Олуча – 200 грамм
Олу – 7-8 дона
Зардолу – 7-8 дона
Лимон – 2 дона
Апелсин – 2 дона
Шакар – 200 грам
Пӯдина – мувофиқи табъ
Тарзи таҳия
Аввал ҳамаи меваҳоро тоза шуста, дар зарфҳои алоҳида гиред. Банкаҳоро дар об буғ стерилизатсия карда, дар дарунаш олуча, олу, зардолу, апелсин ва лимӯро реза карда андозед.
Дар зарфи калон обро ҷӯшонда ба банкаҳо резед ва то хунук шудан-10-дақиқа рӯяшро маҳкам кунед.
Баъди 10-дақиқа оби компотро ба зарфи дигар андохта, шакар илова карда ҷӯшонед.
Оби ҷӯшидаро боз ба болои маҳсулоти дар банкаҳо буда рехта, даҳони бонкаҳоро маҳкам кунед ва чаппа карда монед. Блояшро пӯшонед. Пагоҳ баъди хунук шудани банкаҳо онҳоро рост карда дар ҷои торик (кладовка) нигоҳ доред.