Arzon march 2024
Моҳираи арӯсак аз заҳри каллаи гӯсола мурд
8524

Дар деҳаи мо Моҳира ном духтараки худотарсу покдомане буд.

Қуръон мехонд ва ба рӯйи ягон марди номаҳрам нигоҳ намекард. Духтари фаришта барин зебои боодобу хушахлоқ ва ҳунарманд буд, аз ҳамин хотир, талабгоронаш аз мӯйи сараш ҳам зиёдтар буданд, вале падару модараш аз байни садҳо хостгор Умедҷонро интихоб карданд. Домодшаванда бачаи бисёр бамаънӣ ва мисли Моҳира қуръонхон бошад ҳам, як айб дошт-пояш мелангид. Аз он ки ба як чӯлоқ мерасад, ғамгин бошад ҳам, Моҳира ба хотири падару модараш чизе нагуфта, ба тӯй розигӣ дод. Пас аз фотиҳа дигар пойи домоди ланг аз деҳаи мо канда набуд. Моҳира бо вай гап назанад ҳам, рӯз то бегоҳ дар пушти дарвозаи хусураш менишаст. Ҳамдеҳагон шӯхи карда мегуфтанд, ки дар паси дари падарарӯсат қаровул шудаӣ. Умедҷон дар ҷавоб “метарсам, ки ягон ҷавони солим арӯсамро надуздад” гуфта механдид. Шароити молии домодшаванда хуб набуд, аз ҳамин сабаб, тӯйро як сол қафо партофтанд ва Умедҷон маҷбур шуд, ки бо пойи чӯлоқаш ба Русия коркунӣ равад. Домоди ланг тез-тез занг зада, аз ҳаққу ҳамсояҳо ҳоли Моҳираро пурсон мешуд. Маълум буд, ки вай арӯсшавандаашро аз ҷонаш ҳам бештар дӯст медорад, вале...


Роҳ гаштан он тараф истад, Фирӯз ҳатто ҷунбида наметавонад. Барои он ки ақаллан дар аробачаи маъюбӣ нишаста тавонад, Фирӯз ниёз ба ҷарроҳӣ дорад.


Тайёрӣ ба тӯй сар шуда, модару холаҳояш тамоми кӯрпаю кӯрпачаю болинҳои арӯсии Моҳираро дӯхтанд. Домод бояд як ҳафта пас меомад ва тӯй сар мешуд, вале дар ин миён фоҷиае рӯй дод, ки касе интизораш набуд. Як шаб дар ҷойи хобаш Моҳираи фариштарӯйро каллаи гӯсола ном ҳашароти ба тортанак монанд газидааст. Арӯсаки ноком аз заҳри каллаи гӯсола варам карда, дар ҷойи хобаш мурдааст. Субҳ модараш аз хоб бедор шуда мебинад, ки Моҳира сип-сиёҳ шуда, кайҳо ҷон додааст.
Хуллас, доду фиғони модари баргаштабахти ин арӯсаки номурод ба фалак печид ва аҳли деҳа роҳи хонаи онҳоро пеш гирифтанд. Модари зори Моҳира ҷисми беҷони духтарашро оғӯш карда, зор-зор гиря мекард, ки наход арӯсак чодари арӯсиро надида ҷавонмарг шавад...
Он рӯз тамоми сокинони деҳаи Каленинободи ноҳияи Ғончӣ мотам доштанд. Хурду калон бо ҷигари сӯхта дар сӯги ин арӯси худотарсу покдоман нола мекарданд.
Бадбахтӣ танҳо намеояд гуфтани бузургон рост будааст, хабари марги арӯсашро шунида, Умедҷон аз ошёнаи 5-ум афтидааст. Ҳоло ӯ дар кадом як беморхонаи Русия бо дасту пойи докапеч хоб аст ва фақат Худованд медонад, ки ин домоди номурод зинда мемонад ё не.
Хонандагони азиз, ин ҳодисаро барои он нақл кардам, ки аз ҳар хел ҳашаротҳо эҳтиёт бошед. Фоҷиаи ба сари Моҳираи ноком омада бояд ба ҳама дарси ибрат гардад.
Нарзулло Туйчизода, н. Ғончӣ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД