Электромобили босуръаттарин дар ҷаҳон
02.11.2025
Oila.tj
107

Ширкати чинии BYD хабар дод, ки мошини барқии Yangwang U9 тавонист ба суръати 472,41 км/соат бирасад. “Дар натиҷа, ин модел ба зудтарин электромобили ҷаҳон табдил ёфт”,- менависад CarNewsChina.

Барои муқоиса, суръати ҳадди аксари Bugatti Chiron Super Sport 300+, ки яке аз мошинҳои сериявии зудтарин дар ҷаҳон аст, 490 км/соат мебошад. Аммо агар нархи Bugatti беш аз 10 миллион юан (тақрибан 1,4 миллион доллар) бошад, нархи электромобили чинӣ ҳамагӣ 1,68 миллион юан (тақрибан 232,5 ҳазор доллар) мебошад.

Ин мошин чор муҳаррики барқӣ дорад, ки нерӯи умумии онҳо зиёда аз 3000 қувваи асп-ро ташкил медиҳад. Бо вуҷуди ин, мутахассисон зикр мекунанд, ки аз ҷиҳати техникӣ ин мошин ҳанӯз ҳам зудтарин электромобили сайёра нест.

Рекорди воқеӣ — 549,4 км/соат — аз соли 2016 дар дасти прототипи Venturi Buckeye Bullet 3, сохтаи муҳандисони Донишгоҳи давлатии Огайо боқӣ мондааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД