Дар деҳаи Сиёҳфарки ҷамоати деҳоти Шугнови ноҳияи Ховалинг барои омӯзгорони Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №7 хобгоҳ сохта, ба истифода дода шуд.
Хобгоҳи мазкур бо тариқи ҳашар аз ҷониби соҳибкорони маҳаллии деҳаи Сиёҳфарк сохта шуда, дар он барои 21 омӯзгор шароити хуби истиқомат фароҳам оварда шудааст.
Бинои хобгоҳ аз ду ошёна иборат буда, бо маблағи 1 миллион сомонӣ бунёд шудааст. Он аз 7 утоқи хоби 3-нафара, 2 утоқи оилавӣ, 1 ошхона ва 4 ҳаммом иборат мебошад.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ховалинг дар асоси дастуру супоришҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати баланд бардоштани мақоми омӯзгорон ва беҳтар намудани шароити кору зиндагии онҳо тадбирҳои муҳим меандешад, ки бо манзили зист таъмин намудани онҳо аз ҷумлаи ин чораандешӣ мебошад.
 
                 
                 
                 
                 
                 
                                                     
                                             
                    