10 фоидаи мӯмиё ба саломатӣ
02.11.2025
Oila.tj
132

Салом. Ман чанд вақт боз худро хаставу бемадор эҳсос мекунам. Ба назарам чунин менамояд, ки дилам меларзад. Як дӯстам, ки табиб аст, тавсия дод, ки мӯмиё хӯрам. Аз ҳамин хотир ба шумо муроҷиат карда истодаам, то дар бораи хусусиятҳои табобатии мӯмиё каме маълумот диҳед.

С. М. АБДУЛЛОЗОДА

Посух:

Дар ҳақиқат мӯмиё хусусиятҳои шифоии зиёде дошта, аҷдодони мо онро аз қадимулайём барои табобати бемориҳои зиёде истифода мебурданд.

1. Мӯмиё сатҳи гемоглобинро дар хун зиёд карда, хастагиро рафъ месозад.

2. Мӯмиё дилро пурқувват мегардонад.

3. Мӯмиё антиоксиданти хеле қавӣ буда, таъсири зидди илтиҳобӣ дорад.

4. Мӯмиё миқдори   тестостеронро зиёд ва безурриётии мардонаро табобат менамояд.

5. Мӯмиё барои шахсони гирифтори фишорбаландии шараёнӣ муфид мебошад.

6. Мӯмиё ба партофтани вазн мусоидат менамояд. Аз ҳамин хотир ба шахсоне, ки мушкили фарбеҳӣ доранд ва мехоҳанд аз вазни зиёдатӣ халос шаванд, мӯмиё хӯрданро тавсия медиҳанд.

7. Мӯмиё таъсири зидди саратонӣ дорад.

8. Ба шахсоне, ки вируси герпес доранд, хӯрдани мӯмиёро тавсия медиҳанд.

9. Мӯмиё ба захми геморой даво буда, барои солимии рӯдаҳо низ хеле муфид аст.

10. Боз як хусусияти хуби мӯмиё дар он аст, ки барои халос шудан аз нашъамадӣ ёрӣ мерасонад.

Аммо новобаста ба ин ҳама хусусиятҳои табобатии мӯмиё мо ба шумо тавсия медиҳем, ки барои сабаби асосии хастагӣ ва ноҷурии саломати худро фаҳмидан қабл аз ҳама ба табибон муроҷиат карда, аз ташхис гузаред. Сабаби бемориро нафаҳмида, истифода бурдани даво метавонад ба ҷойи фоида, баръакс ба саломатии инсон зарар расонад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД