new banner new years
Арӯси сархӯр се домодро кушту худро ба дор овехт
4060

 

Духтари «шумқадам»

Аслан таваллуди тифл ба хонадон хушбахтӣ меорад, вале ба дунё омадани Сабина барои волидонаш хушбахтӣ наовард. Ҳанӯз чилааш набаромада дар садамаи автомобилӣ падараш фавтид. Дере нагузашта модараш бемор шуду аз дунё чашм пӯшиду Сабинаи кӯчакро аммааш Раъно соҳибӣ кард.

Бо вуҷуди сағира будан Сабина чун духтараки шӯху беқарор калон шуд. Раъно ӯроэркаю нозпарвар калон карда, чизе дилхоҳашро аз таги замин бошад ҳам, муҳайё менамуд. Раъно “нишонаи охирини додараки ҷавонмаргам” гӯён, Сабринаро аз фарзандони худаш ҳам хубтар нигоҳубин мекард. Хушдоманаш ҳамеша ӯро ҷанг мекард, ки «сағираро нони бисёр надеҳ, ки даҳонатро пур аз хун мекунад», вале Раъно инро рашки кампир пиндошта, аҳамият намедод.

Ин духтари «шумқадам» (хушдомани Раъно Сабинаро дар ғайбаш ҳамин тавр ном мебурд) баробари ба балоғат расидан, таваҷҷӯҳи бисёриҳоро ба худ ҷалб кард. Пешобағали дамида, чашмони хуморӣ, абрувони пайваста ва хандаҳои беғаши Сабрина ҷавонони деҳаро мафтун мекард, вале аз байни садҳо талабгор духтар Сироҷ ном ҳамсинфашро интихоб карда буд. Сабина орзу мекард, ки пас аз хатми мактаб ба Сироҷ ба шавҳар баромада, ҷонаш аз хушдомани сергапи аммааш халосӣ меёбад, вале...

 Фоҷиа дар Варзоб
Дар арафаи хатми мактаби миёна ҳамсинфон тасмим гирифтанд, ки барои саёҳат ба дараи зебоманзари Варзоб мераванд. Субҳи барвақт дар назди бинои мактаби деҳа ҳамаи хатмкунандагон ҷамъ омаданд. Аз чӣ сабаб бошад, ки «Газел»-и таъиншуда дер кард. Аз ин бачаҳои хун дар ҷӯш ба ғазаб омада мегуфтанд: «Дер шуд то «Газел»-и шумо меояд, ки рӯз нисф мешавад. Нисфирӯзӣ ба Варзоб равем, кай дам мегирем? Сироҷ ба хотири намоиш додани тӯҳфаи нави падараш мошини «Мерседес», ки дирӯзакак ба муносибати хатми мактаби миёни барояш тӯҳфа карда буданд, ба хонаашон шитофт. Дере нагузашта «Газел»-и фармоишӣ омад. Ҳамсинфон вориди мошин гашта, диданд, ки Сироҷ нест Сабина хоҳиш кард, ки Сироҷро мунтазир бошанд, вале аксари ҳамсабақон гуфтанд, ки ӯ мошин дораду куҷо рафтанашро медонад. Агар лозим донад аз пасашон расида меояд. Ҳамин тавр ҳамсинфҳо ба роҳ баромаданд. Сироҷ чун қаблан медонист, ки бачаҳо ба кадом қисмати Варзоб мераванд, «Мерседес»-и бодпояшро ҷониби мавзеъ суръат дод. Ҳангоми ба сайргоҳ рафтан аз ҷониби муқобил мошини «Камаз» баромад. Сироҷ, ки таҷрибаи ронандагӣ надошт, мошинро идора карда натавониста, хамроҳи мошинаш ба коми дарёи Варзоб афтид...

 Ошиқи ғарқи хун
Ҳамсинфон бе Сироҷ аз сайргоҳ баргаштанду волидони ҷигархуни Сироҷ аз пайи ҷустуҷӯи ҷасади писари ягонаашон шуданд. Дере нагузашта ҷасади Сироҷро пайдо карданд. Дар маросими дафни ин ҷавони ормонӣ тамоми деҳа иштирок доштанд. Модари ҷигархуни Сироҷ мисли абри навбаҳор зор-зор гириста, дар марги писараш Сабинаро гунаҳкор менамуд.

Сабина тоқати дидани манзараи зуҳнангези чи тавр зери хоки хунук панаҳ кардани шоҳзодаи орзуву ҳавасҳояшро накарда ба маркази ноҳия рафт, то набинаду насӯзад, вале...

 Нафрати модар
Волидони ҷигарсӯхтаи Сироҷ интизори он буданд, ки дӯстдоштаи писарашон ақаллан барои таъзия ба хонаашон меояд, вале Сабина аз ин кулбаи ғамзада дидан накард. Барои ин нописандиаш модари Сироҷ Сабринаро бад дида, мудом дуои бад мекард. Бо мақсади қасос гирифтан аз маҳбубаи бераҳми писари ҷавонмаргаш ин зани аламзада мисли мурғи сӯхта ба чор тараф давида, дар ба дари ҷодугарҳо мегашт, то ки пеши бахти Сабринаро бандад...

 Арӯси бехосият
Беҳуда “вақт давои ҳама дардҳост” нагуфтаанд, бо мурури замон ишқи Сироҷ қалби Сабинаро тарк кард. Акнун духтарак дар як донишгоҳи бонуфуз таҳсил мекард ва бо Сорбон ном ном ҷавони зебо муносибатҳои ошиқона дошт. Онҳо тасмим гирифтанд, ки баъди хатми донишгоҳ ақди никоҳ мебанданд, аммо сеҳру ҷодуи модари Сироҷи ҷавонмарг таъсир кард ё худованд аз рӯзи алаз чунин қисмати талхро ба ошиқон насиб дида будааст, ки ду моҳ пеш аз тӯй Сорбон ба бемории саратон гирифтор шуда, бо дили пурормон аз олам гузашт.

 


 

Ба забон гирифтани ин калом барои марде, ки худро мусалмони асил меҳисобад, манфур аст, чунки шариати ислом талоқро мањкум менамояд. Вақте ки мард калимаи талоқро ба забон мегирад, Арши Аъзам ба ларза медарояд.


Акнун хурду калон Сабринаро ғайбат карда, аз пасаш “шумқадам” ва ё “духтари сархӯр” гӯён, пичир-пичир мекарданд. Барои он ки ҷиянаш бо шунидани ин суханони нешдор ҷигархун нашавад, Раъно розигӣ дод, ки Сабрина ба водиии зарафшон рафта кор кунад...

 

 Зарбаи сеюми тақдир
Ҳамин тавр аз байн ду сол гузашту Сабрина кам-кам ба худ омада, ишқи Расул ном ҳамкорашро қабул кард. Рӯзе онҳо якҷоя ба сайри кӯҳ рафтанд. Расул дар пойи кӯҳи Мӯғ ба Сабрина пешниҳоди хонадоршавӣ намуд. Духтар бо табассуми ширин розигӣ дод.

Дилдодагон маслиҳат карданд, ки Расул охирҳои моҳ хостгор мефиристад ва пеш аз ҷашни истиқлолият тӯй мекунанд, аммо...

Ҳангоми бозгашт Расул барои шод гардонидани маҳбубааш хост аз кӯҳ гули зебоеро канда ба Сабина тӯҳфа кунад, вале пояш лағжиду ҷар шуд. Ҳамон бегоҳ ҷисми бе ҷони ин ҷавони ормониро ба хона оварданд ва нолаи ҷонгудози пайвандонаш ба фалак печид.

Сабина дар марги Расул худро гунаҳкор дониста, тасмим гирифт, ки дигар ҳавои хонадоршавӣ намекунад, вале...

 Бахти ба ғам олуда
Солҳо ноаён гузаштанд. Барфҳои кӯҳи Мӯғ чандин маротиба об шуданд. Ниҳоят бо исрорҳои пай дар пайи аммааш Сабина розӣ шуд, ки ба ҷияни шавҳари Раъно ба шавҳар барояд. Хушбахтона ин дафъа кор бо фоҷиа анҷом наёфта, тӯйи ин ҷуфт хеле зебо ва осмонкаф гузашт.

Насиму Сабина соҳиби ду фарзанд гашта бошанд ҳам, гузаштаи занаш ин марди хурофотпарастро ором намегузошт. Насим метарсид, ки Сабрина сари ӯро ҳам мехӯрад ва аламашро аз шароб гирифта, доим масту аласт мегардад. Занбозӣ, мушту лагад ва таънаю маломати шавҳар асабҳои Сабринаро чунон хароб карданд, ки дар як рӯзи сарди фасли тирамоҳ худро ба дор овехта, ду фарзанди мисли гул зебояшро сағера кард...

 Фароғат Юсуфӣ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД