Хуршед ном дорам. Панҷ сол пеш волидонам маро бо духтари таги чашм кадаашон хонадор карданд. Арӯсро дар таги чодар дида бо як нигоҳ ошиқаш шудам.
Худоро шукр мегуфтам, ки чунин духтари зеборо насибам гардонд, аммо шаби аввал арӯс нодухтар баромад. Намедонистам сарамро ба куҷо занам. Субҳ дамид, падару модари арӯсо даъват карда, ҷавобашро додам.
Аз байн чор сол гузашт, вале захмҳои дилам хеҷ даво намеёфтанд. Волидонам пас аз панҷ сол маро дубора хонадор карданд. Ин дафъа хоҳари дӯсти наздикамро ба занӣ гирифтам. Беҳтарин сарояндаҳоро даъват карда, тӯйи осонкаф оростам. Ин дафъа бахтам хандиду арӯс духтари покдомон баромад. Волидонам аз келинашон розӣ буданд ва мудом ӯро дуои нек медоданд. Ду моҳ пас барои қарзи тӯйро кандан ба Русия мардикорӣ рафтам. Аз рафтанам ҳанӯз се моҳ нагузашта дар бораи ҳамсарам ҳар хел овозаҳои нохуш пайдо шуданд. Азбаски дар зиндагӣ як бор шикаст хурда будам, диламро гургон тала мекарданд. Аз волидонам хоҳиш кардам, ки ҳар қадами Замираро зери назорат бигиранд.
Як шаб падарам барои қазои ҳоҷат мебароянду мебинанд, ки арӯс осемасар аз дарвоза баромада истодааст. Лаҳзае пас садои мошин ба гӯш мерасад. Дили падарам оташ гирифта, модарамро бедор мекунад. Бо гумони он ки шояд падар ё одараш бемор шуда бошад,пиру кампир дар соати дуи шаб бо мошини ҳамсоя ба хонаи қудояшон мераванд, аммо Замираро дар манзили волидонаш намеёбанд. Падарам чи тавр дар нимаи шаб ба мошин нишаста рафтани Замираро ба волидонаш мегӯяд, бародаронаш қасам мехӯранд, ки агар н гап рост бошад, сари Замираро аз танаш ҷудо мекунанд...
Хулоса, зани беақли ман соатҳио панҷи саҳар пайдо мешавад. Акаҳояш мурданивор ӯро зада бо кӣ ва дар куҷо буданашро мепурсанд. Замира иқрор мешавад, ки бо писари ҳамсояи девор дар миёнашон мегардад.
Ҳамин тавр бахти дубора низ ба ман хушбахтӣ наоварду талоқи зани хиёнаткорамро додам. Дилам аз ҷинси зан батамом хунук шудааст. Рӯйи ягон занро дидан намехоҳам. Волидонам ҳар рӯз занг зада хоҳиш мекунанд, ки ба хона баргардам, аммо поям намекашад, ки равам. Баъзан аз нангу номус мехоҳам даст ба худкушӣ занам, аммо фикри ҳаром мурдану ба оташи сӯзони ҷаҳаннам афтидан маро аз ин кор боз медорад. Намехоҳам дар он дунё низ азоб кашам, зеро дарду ғаме, ки дар ин дунё кашидам бароям басанда аст. Муштариёни азизи "Оила" илтимос, ба мани бадбахт маслиҳат диҳед, чи кор кунам?
Аҳлиддин аз Питер