arzon replenishment
Зан барои очам ё қиссаи тӯйи бе домоду арӯси сарсон
4229
Яккадухтари нозпарвард
Сарвиноз дар байни чор бародар духтари ягона буд. Падару модар ва акаҳояш ӯро эрка карда, тамоми нозу нузашро мебардоштанд. Бародаронаш, ки доранда буданд, духтарак гули чизро хӯрда гули чизро мепӯшид. Пас аз хатми мактаби миёна вай ҳуҷҷатҳояшро ба коллеҷи тиббии пойтахт супорида бо сари баланд аз имтиҳон гузашт. Солҳои донишҷӯӣ ҷавонони зиёде дар атрофи ин духтари кокулдароз ва барф барин сафеди хушқаду қомат парвонавор давр мезаданд, вале назари Сарвинози нозпарвард ин ошиқони шайдоро намегирифт...

Зебо, кордон ва босавод...
Пас аз хатми коллеҷ вай дар яке аз беморхонаи пойтахт ҳамчун ҳамшираи шафқат ба кор даромад. Дониши хуб ва маҳорати баланди касбиаш дар як муддати кӯтоҳ Сарвинозро дар беморхона соҳибобрӯ гардонд ва ӯро хоҳари шафқати калон таъин намуданд. Сарвиноз дар баробари дониши хуби тиббӣ доштанаш забонҳои русию англисиро хеле хуб медонист ва бо ташкилотҳои хориҷӣ низ ҳамкорӣ карда, даромади калон ба даст меовард...

Арӯси серноз
Талабгорони ин духтараки нозанину кордони панҷ панҷааш ҳунар аз мӯйи сараш ҳам зиёд буданд. Қариб ҳар ҳафта касе бо нияти хостгорӣ аз дари хонаи падари Сарвиноз медаромад, вале бо чеҳраи хандон аз ин дар баромадан ба касе муяссар намегашт. Ин арӯси серноз ба ҳар як ҷавони ӯро талабгор шуда, албатта ягон айб монда, рад мекард. Духтари ягона, ки буд, падару модар ва бародаронаш маҷбураш намекарданд ва “дил дили Зайнаб” гӯён, ихтиёрро ба дасти худи Сарвиноз дода мегуфтанд: Касеро, ки худи духтар хоҳад, мо ӯро ба ҳамон ҷавон медиҳем!

Пирдухтар
Чанд баҳор тирамоҳу чандин тирамоҳ зимистон шуд, вале баҳори ишқи Сарвиноз ҳеҷ гул намекард. Ин духтари нозпарвард аз байни садҳо ҷавони зебою хушқаду қомате, ки толиби дасту дилаш буданд, ягон домоди ба худаш муносибро пайдо карда натавониста, ҳамоно хостгоронро навмед гусел менамуд. Оҳиста-оҳиста овозаи ғуруру нописандии ин бойдухтари зебо дар гирду атроф паҳн гашта, пою қадами хостгорон аз остонаи дарашон тамоман канда шуд...

Ҳамин тавр умри Сарвинози нозанин сарҳади 30-ро убур намуд ва ин арӯси замоне серхаридор пирдухтар шуда монд....

 Ғами ниҳон
Тамоми ҳамсинфону ҳамкурсонаш ба шавҳар баромада, аллакай 2-3 фарзандӣ доштанд. Сарвиноз хушбахтии оилавии дугонаҳояшро дида, дарун ба дарун месӯхт, вале инро ба касе ошкор намекард. Бародаронаш барои ӯ тамоми шароитҳоро фароҳам оварда буданд, худаш ҳам пули калон кор мекард ва либоси пеши бозорро пӯшида, ҳамеша мисли малика озодаю дилкаш мегашт, вале бо ин ҳама зебоию дороӣ худро бадбахт эҳсос менамуд. Сарвиноз кӯшиш мекард, ки тамоми ҳастиашро ба кор бахшида, дар бораи танҳоияш фикр накунад, вале алами кушода нашудани бахташ духтарро ботинан хӯрда, гули ҳуснашро оҳиста-оҳиста пажмурда мегардонд...

 Бахти селовард
Мавҷуда ном дугонааш шавҳар карда ба Русия рафта буд. Рӯзе ҳамон Мавҷуда ба Сарвиноз занг зада шавҳар кардан ё накарданашро пурсон шуд ва чун фаҳмид, ки ҳанӯз оиладор нашудааст, бо садои марғуладор гуфт:

-Парво накун дугонаҷон, ман худам барои ту чунон шавҳари зебое меёбам, ки даҳони одами дидагӣ воз мемонад! Як ҷавони тоҷик ҳаст, тоҷир, пулу мол, хонаю дар, хулоса ҳама чиз дорад, вале ҳеҷ бахташро наёфта истодааст. Ҷиддӣ зангир аст, агар хоҳӣ, ман рақамҳои туро ба вай медиҳам. Суҳбат кунед, боварӣ дорам, ки ба ту маъқул мешавад...
Сарвиноз ваъда дод, ки фикр мекунад, вале Мавҷудаи чаққон ба ҷавоби дугонааш мунтазир нашуда, рақамҳои ӯро ба Самандар дод...

 Лайлии сонӣ
Самандар чунон меҳрубонона гап мезад, ки гумон мекардӣ, агар дар тамоми дунё ҳамагӣ ду ошиқи ҳақиқӣ бошад, якеаш ӯст ва агар якто бошад, ҳамин бача аст. Дили Сарвинози ташнаи бахт бо шунидани суханҳои ширини ин Маҷнуни нав обу адо шуда, нафаҳмида монд, ки чӣ тавр Самандарро ҳатто як бор ҳам аз наздик надида, мисли Лайлӣ ошиқи зораш гаштааст. Акнун ин духтари замоне мағрур шабҳо то саҳар бо Самандар телефонӣ суҳбат карда, хаёлан қасри бахт месохт...

 Пешниҳоди аҷиб
Самандар ба Сарвиноз пешниҳоди хонадоршавӣ намуда гуфт:

-Ҷони ширин, кору бори ман дар Русия аз мӯйи сарам ҳам бисёр аст, барои ҳамин ба Тоҷикистон омада наметавонам. Бо падару модарат маслиҳат кун, чӣ қадаре, ки пул даркор бошад, ман мефиристам. Тӯйро худатон бе ман гузаронед, баъд туро бо ҳавопаймо ба Русия гусел кунанд. Дар ин ҷо боз як маъракача ороста, ёру ошноҳоро даъват менамоем ва никоҳи мусалмонӣ мекунем...
Сарвиноз дудила шуда, андешамандона ҷавоб дод:
-Магар тӯй бе домод мешавад? Одамон ба ҳоли мо намеханданд?
-Барои ту чӣ муҳимтар аст, хушбахт шудан ё гапу калочаи мардум? Бори дигар мегӯям, ки ман имконияти бизнесамро партофта рафтан надорам, агар хоҳӣ, пул мефиристам, нону оши мардумро дода ба наздам биё, нахоҳӣ, ихтиёр дорӣ,-норозиёна ғурунгид Самандар.
Сарвиноз, ки бо дилу ҷон ошиқи ин ҷавони ширинзабон гашта буд, аз тарси он ки бахташро аз даст медиҳад, пешниҳоди домоди булаҷабро пазируфт...

 Тӯйи бе домод
Падару бародарони духтар аввал аз пешниҳоди домодшаванда ба ғазаб омада бошанд ҳам, чун диданд, ки Сарвиноз мисли Зулайхо ба доми ишқ афтодаву дилаш беқаророна метапад, ночор розигӣ доданд. Самандар маблағи ночизе фиристода бошад ҳам, акаҳои Сарвиноз, ки мардони обрӯманд ва пулдор буданд, лаб во накарда, қариб тамоми хароҷотҳоро аз ҳисоби худ карданд ва ба хотири хушбахтии хоҳарашон тӯйи зебое оростанд. Дар рӯйи дастурхон ба ғайр аз шири мурғу ҷони одам дигар ҳама чиз буд, вале ин тӯй як камбудии ҷиддӣ дошт-арӯс дар сари тахт тани танҳо нишаста, сарашро аз шарм боло намекард.

 Парвози ишқ
Баъди гузаронидани тӯйи бе домод бародарони Сарвиноз чипта харида, ҳамроҳи хоҳарашон ба Русия парвоз намуданд. Дар фурудгоҳ онҳоро дугонаи Сарвиноз-Мавҷуда ҳамроҳи шавҳараш ва ду ҷавони ношинос пешвоз гирифта, ба хонаи Самандар бурданд. Модари домод ба ифтихори омадани келин дастурхони пурнозу неъмат орост ва чанд нафар дӯстону шиносҳои писарашро даъват намуд. Пас аз хӯрдани зиёфати арӯсӣ яке аз он ҷавонон, ки ба қавле муллобача будааст, домоду арӯсро никоҳ кард. Сарвиноз аз хурсандӣ дар куртааш намеғунҷид, ки ниҳоят ба муроди дил расида, бо никоҳи мусалмонӣ ба ҷавони дӯстдоштааш ба шавҳар баромад.

Сароби бахт
Бародарони Сарвиноз бо сабаби серкорӣ баъди ду рӯз бо хоҳарашон хайрухуш карда ба Ватан баргаштанд ва модарро дилпур намуданд, ки домод бачаи хуб метобаду Худо хоҳад зиндагии духтараш дар мулки рус олиҷаноб хоҳад шуд. Кампир Худоро шукр мегуфт, ки дер бошад ҳам, дари бахти духтараш кушода шуда ба ҷавони пулдор ва ҳамсинну соли худаш ба шавҳар баромад...

 Ошиқтар аз Зулайхо
Рӯзҳои аввали хонадорӣ Самандар нисбати Сарвиноз чунон меҳрубон буд, ки аз забонаш шаҳду шакар мерехт. Сарвиноз дар дил худро маломат менамуд, агар пештар бо ин йигити кори калон шинос шуда, оила барпо мекард, имрӯз аллакай чанд фарзанд медошт ва бачаҳояш дастёр мешуданд. Ҷавонзани ошиқ шавҳарашро мисли кӯдак эрка карда, намегузошт, ки ба пойи Самандар хоре халад. Вай тамоми ҳунару маҳораташро ба кор бурда, барои мардакҷонаш дар як рӯз чанд хел хӯрок ва хӯришҳои бомаза тайёр мекард, вале...

Занги пуризтироб
Хушбахтии Сарвиноз ҳамагӣ 40 рӯз давом кард. Нав чиллаи домодию арӯсиашон баромада буд, ки як бегоҳ телефони Самандар занг зад ва домод бо рангу рӯйи кандагӣ гӯширо гирифта ба ҳамом даромад. Дили Сарвиноз аз пешомади ногуворе дарак дода, хост фаҳмад, ки шахси ба шавҳараш занг зада кист ва чаро рангу рӯйи мардакаш бо дидани ин рақамҳо якбора дигаргун гашт. Вай ба пушти дари ҳамом рафта, кӯшиш кард суҳбати онҳоро пинҳонӣ гӯш кунад, вале Самандар оби кранро кушода гап мезаду чӣ гуфтанашро фаҳмида намешуд...

Пас аз суҳбат бо ҳамон ношинос шавҳараш ба Сарвиноз фармуд, ки либосҳои ӯро ҷамъ карда ба ҷомадон андозад. Дар ҷавоби пурсишҳои арӯсак Самандар гуфт, ки яке аз филиалҳои корхонаашро, ки дар шаҳри дигар воқеъ аст, бастаанду ӯ бояд фавран ба ҳамон ҷо равад...

 Домоди гумном
Сарвиноз ба ҳарфҳои шавҳараш бовар карда, бо чеҳраи хандон ӯро гусел намуд, вале Самандар рафту бо ҳамин гумном шуд. Пеш аз сафар ваъда дода буд, ки пас аз як ҳафта бармегардад, аммо аз байн ду ҳафта, баъдан як моҳ гузашту аз ӯ дарак нашуд. Ба сари Сарвинози арӯсак ҳар хел фикру хаёлҳои мағшуш омада, ба худ ҷойи нишаст намеёфт. Вай зиёд шунида буд, ки ба ҷони одамони пулдор дар Русия сӯиқасд мекунанд, онҳоро ғорат менамоянд, мекушанд ва метарсид, ки мабодо бо ҳамсараш ягон ҳодисаи нохуш рӯй надода бошад, вале аз чӣ бошад, ки модари Самандар тамоман бепарво буд. Милаи ин зани ба мӯяш кайҳо сапедӣ дамида хам намехӯрд, ки чаро писараш қариб ду моҳ боз бедарак аст...

 Сирри фошгашта
Пас аз ду моҳи интизорӣ як бегоҳ худи Самандар занг зад. Сарвиноз, ки дар ин ду моҳ худро дарун ба дарун хӯрда тамом карда буд, бо шунидани овози шавҳараш ҷони дубора ёфта, сабаби ин қадар вақт аз худ дарак надоданашро пурсон шуд. Самандар дағалона гуфт:

-Ман дар ин ҷо зани рус ва се фарзанд дорам. Ҳамсарам духтари як одами номдор аст ва худаш ҳам прокурор шуда кор мекунад. Тамоми давлату савлати ман аз пушти ҳамин зан аст, агар аз вай ҷудо шавам, хонасалот мешавам...
-Зан, ки доштӣ, барои чӣ маро аҳмақ кардӣ?-Бо садои гиряолуд пурсид Сарвиноз.
Самандар хандида гуфт:
-Занҳои рус нисбати мард бисёр меҳрубон ҳастанд ва дар ишқварзӣ ҳамто надорад, вале камбудиашон ҳамин, ки хизмати хушдоманро кардан намехоҳанд. Ман туро ба хотири модарам ба занӣ гирифтам, то ки хизмати кампирро карда, дуояшро бигирӣ.
-Акнун ман чӣ кор мекунам,-ғурунгид Сарвиноз.
-Дигар чӣ кор ҳам мекардӣ, ҳар моҳ ман бароят пул мефиристам, чизе, ки лозим бошад, харида, малика барин хӯрда гард,-бепарвоёна ҷавоб дод шавҳараш.
Самандар чунон гап мезад, ки гӯё чизе нашуда бошад. Рафтори ин марди мулоимхунук Сарвинозро ба ғазаб овард ва инони ихтиёр аз даст дода, дод зад:
-Магар мақсад аз зиндагӣ фақат хӯрдану пӯшидан аст, охир ман гов не, инсонам!
-Ин қадар виқ-виқ карда ба асаби ман нарас духтар, хоҳӣ ҳамин, нахоҳӣ, ихтиёрат. Дар ин синну сол дигар кӣ туро ба занӣ мегирад?! Ақлат бошад, хизмати кампири модарамро карда гард, ман дар се-чор моҳ як бор рафта шуморо хабар мегирам...
-Ман барои хизматгори касе шудан шавҳар накардаам,-паст наомад Сарвиноз.
-Ин тавр бошад, талоқатро додам. Ҷилу ҷайданатро бардору аз куҷое, ки омадӣ, ба ҳамон ҷо рав!-Самандар инро гуфта, Сарвинозро ду-се дашноми қабеҳ дод ва телефонро хомӯш кард...

 Шикасти бахт
Телефон аз дасти Сарвиноз афтид. Арӯсаки бахтбаргашта зор-зор гиря карда ба худ лаънат мехонд, ки чаро дар вақташ ишқи чандин ҷавонҳои дидаву шиносро рад намуда, оқибат ба ин марди раҳдур, ки ҳафт пушташро намешинохту намедонист, ба шавҳар баромад, аммо кор аз кор гузашта, пушаймонӣ дигар суд надошт....

 Маслиҳати хушдоман
Модари Самандар аз моҷаро огоҳ шуда, тарафи писарашро гирифт ва келини “беандеша”-ро хеле маломат намуд, ки бахти худро пушти по зада, ҳаёташро бо дасти худаш сӯхтааст. Кампир беғамона мегуфт:

-Писари ман аз ягон чиз кам нест. Хонаю дари пур аз ҷиҳози зебо, яхдонамон пури хӯрданиҳои бомаза, пул ҳаст, шароит ҳаст, охир ба ту чӣ намерасид, ки ба асаби шавҳарат расида, ҳаётатро бо дасти худат дар як лаҳза барбод додӣ, духтари беақл. Ҳоло ҳам дер нашудааст, зудтар телефон карда, бахшиш пурс ва илоҷе карда дили шӯятро ёб, бигзор якрӯза бошад ҳам, биёяд ва ягон мулло оварда туро аз нав никоҳ карда гирад. Ҳардуямон очаю духтар барин зиндагӣ карда, аз ҳисоби Самандар каттагӣ карда мегардем...

 Никоҳи дубора
Сарвиноз, ки Самандарро худаш ёфта буд, ба андеша рафт, ки чӣ кор кунад. Яқин медонист, ки агар ба хона баргашта ҳамаашро нақл кунад, бародаронаш ҳатман ӯро маломат хоҳанд кард, ки як духтари босавод ба гапҳои як марди ношинос бовар карда, ҳам худаш ва ҳам онҳоро дар назди мардум сархам намуд. Вай намехост дар назди янгаҳояш забонкӯтоҳ шавад, аз ҳамин хотир, бори аввал дар зиндагӣ ғурурашро пеши по зада, баъди ду рӯз худаш ба Самандар занг зад ва барои гуноҳи накардааш бахшиш пурсид. Дили Самандар гӯё нарм шуда, пас аз чанд рӯз омад ва мулло оварда, боз Сарвинозро ба никоҳаш даровард.

Худкардаро даво нест...
Акнун Сарвиноз зани дуюм аст. Зиндагии серу пур дошта бошад ҳам, рашк дилу ҷигарашро мехӯрад, чунки шавҳараш асосан бо зани русаш зиндагӣ мекунад ва дар чанд моҳ як бор ба назди ӯ меояд. Дили ин ҷавонзани зебо кӯзаи зардоб гаштааст, аммо дарду аламашро ҳатто ба модараш намегӯяд. Беҳуда нагуфтаанд:

Худкардаро даво нест, вовайлои пинҳонӣ!
Тоҷинисои Азиз

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД