arzon replenishment
Арӯсро дар шаби тӯй куштанд 
7181

 

Ишқи сари роҳ
Нозанин ба хонаи амакаш меҳмонӣ рафтанӣ шуда, дар роҳ тасодуфан бо Шаҳбоз ном ҷавони хушсурате шинос шуд. Онҳо бо як нигоҳ ба ҳамдигар дил баста ошиқи зор шуда монданд. Минбаъд Шаҳбоз ҳар рӯз ба Нозанин занг зада, соатҳо аз ишқу муҳаббат сухан мегуфт. Ҳамин тавр аз байн як сол гузашту Нозанин донишгоҳро хатм намуд. Шаҳбоз, ки дар оташи ишқи ин паричеҳра сӯхта кабоб шуда буд, дарҳол ба хонаи хонаи маликаи орзуҳояш хостгор фиристод, вале ба мурод нарасид. Модари Нозанин авбошнамо будани ошиқи духтарашро аз забони мардум шунида, хостгории волидони Шаҳбозро рад кард. Ин хабар ба дили Шаҳбоз мисли корд расида бошад ҳам, Маҷнуни сонӣ нияти аз баҳри ишқаш гузаштан надошт ва ҳар рӯз ба паси хонаи волидони Нозанин омада бо умед ба дарвоза менигарист, то дили падару модари духтар ба ҳолаш сӯхта барои издивоҷи онҳо розигӣ диҳанд.

Хостгории бойбача

Дони умеди ин ошиқи зор ин дафъа ҳам хом баромад. Аз субҳ то шом дар пушти дарвозаи онҳо сархам нишастани Маҷнуни сонӣ натанҳо дили падару модари Нозанинро гарм накард, балки боиси он гашт, ки онҳо ба ҷустуҷӯйи домоди муносиб биафтанд. Дере нагузашта чунин шоҳзода пайдо шуд-Хусрав, ҷавони соҳибмаълумоти бо ақлу тамиз ва аз ҳама муҳимаш аз оилаи сарватманд! Волидони Нозанин хостгории волидони ин бойбачаро бо ҷону дил қабул карда, духтарашонро ба Хусрав фотиҳа намуданд ва дар тараддуди тӯйи бошукуҳ шуданд.

Захми хуншор

Қудоҳо чунон чизу чораи бисёр оварданд, ки хонаи падари арӯс ба як мағозаи калони замонавӣ табдил ёфт. Даҳони хешу табор ва ҳаққу ҳамсоя бо дидани зару зевари бриллиантдору куртаҳои қиматбаҳо ва кафшҳои қалапошнаи рангобаранги барои Нозанин овардаи хушдоманаш воз монд. «Туқузи овардаи қудо ба хироҷи як мамлакат меарзад» мегуфтанд кампиракон пичир-пичиркунон ва орзу мекарданд, ки худованд ба духтару набераю абераҳои онҳо низ чунин бахти баландро насиб гардонад. Бо нигоҳи саршори ҳавасу ҳасад ҷиҳози духтарашро тамошо кардани меҳмононро дида, модари Нозанин қабат-қабат гӯшт мегирифт ва домодшавандаро таърифу тавсифкунон мегуфт: «Шукр, ки Нозанини ман ҷуфти ба худаш муносибро ёфт. Домодам як бачаи зебою хушқаду қомати худаш барин босавод, коргар ва ҷипсавор, худо хоҳад, Нозанинҷони моро рӯйи даст бардошта мегардад. Боварӣ дорам, ки духтарам дар хонаи шавҳараш шоҳбону барин зиндагӣ мекунад! Хуб кардам, ки ба хостгорҳои пештара ҷавоби рад додам. Вай почаканда ба духтари ман чӣ дода метавонист…»

Шаҳбоз аллакай бо нисфи бачаҳои ин маҳалла ҷӯра шуда буд ва дӯстонаш ин суханони модари маҳбубаашро ба ӯ мерасонданд. «Почаканда» гӯён, ӯро паст задани модари Нозанин ба рӯйи захми дили ин ошиқи ноком намак мепошид ва ҳисси интиқомҷӯиро дар вуҷудаш аланга медод, вале барои қасдашро ситонидан пайти муносиб меҷуст.

Шодиву ғам

Рӯзи тӯй аниқ шуд. Волидони Нозанин кӯрпаву болин, сандуқу қолин, яхдону телевизор ва мебелҳои гаронбаҳою дигар ҷиҳози бо сад умеду орзу барои духтари нозпарвардашон омодакардаашонро ба мошини калони боркаш бор карда, ба хонаи қудо фиристоданд, то тахту бори арӯсро пекашӣ ҷо ба ҷо карда, хонаашро оро диҳанд. Шаҳбоз аз дур истода бо чашмони пурнам давутози волидони маҳбубаашро тамошо мекард ва аз дил мегузаронд, ки ин мошини пурбор бояд ба хонаи онҳо мерафт ва имшаб дар паҳлӯи Нозанини аз ғунчаи гули садбарг зеботар вай қадам мезад, аммо ин зану шавҳари сарватпараст ба рӯйи ишқу умед ва орзуву ормонҳои ӯ хати батлон кашиданд. Як андеша як алами ӯро сад алам намуд ва баробари ба самти роҳи калон тоб хӯрдани мошини пурбори арӯс ҷониби дигар равон шуд.

Масту девона

Шаҳбоз барои паст кардани алами дилаш нӯшиду нӯшид, нӯшиду нӯшид, шишаҳои шароб паиҳам холӣ мешуданд, аммо ғубори ғами ин ҷавони номурод ҳеҷ пароканда намегашт. Май баръакс, хотираҳои тираро дубора равшан менамуд ва тамоми «бадиҳо»-и модари Нозанин ба ёдаш расида, ҳисси интиқомҷӯӣ торафт бештар дар қалбаш аланга мезад. Баногоҳ аз дари кушодаи майхона чашмаш ба Нозанин афтид, ки хиромон-хиромон аз роҳ мегузашт. Вай дар сар тоқичаи арӯсӣ, дар пой кафши зардӯзӣ ва дар танаш куртаи сурхи пур аз муҳраю нақшу нигори ҷилодоре дошт. Либоси сурх ба Нозанин чунон зебида буд, ки одами дидагӣ гумон мекард, духтар не, як даста гули садбарги сурх аз кӯча гузашта истодааст. Аз афташ арӯсак нав аз кошонаи ҳусн баргашта буд, ки ҳусни афсунгараш ба назар боз ҳам дилфиребтар намуда, ба хирмани дилу ҷони кас оташ мезад. Шаҳбоз осемасар аз дари майхона баромад ва аз паси Нозанин давид. Дар хамгашти кӯча вай ба арӯсак расида гирифт ва банди дасташро маҳкам дошта зорӣ кард:

-Нозанинҷон, ман ба тақдирам тан додам! Худованд номи туро дар дафтари зиндагии ман нанавишта будааст, чӣ илоҷ?! Бароят хушбахтӣ мехоҳам. Дуо мекунам, ки соҳиби тахту бахт шавӣ. Аз ту фақат як хоҳиш дорам. Илтимос, не нагӯй!

-Шаҳбоз, илтимос дастамро сар деҳ! Имшаб чойгаштак дорам, пагоҳ маро ба хонаи шавҳарам гусел мекунанд, ягон кас маро бо ту бубинад, хуб намешавад,-Нозанин кӯшиш кард, ки дасташро аз дасти Шаҳбоз кашида гирад, вале панҷаи гирои ҷавон ӯро раҳо карданӣ набуд.

-Нозанин, ман туро танҳо бо як шарт раҳо мекунам, қабул кунӣ, хуб, набошад ҳозир бо тамоми овоз дод зада мегӯям, ки ту кайҳо бо ман будӣ ва духтариатро ба ман бахшидӣ.

-Байни ману ту ба ҷуз суҳбатҳои телефонӣ дигар чизе набуд, чаро маро туҳмат мекунӣ? Номардӣ накун, Шаҳбоз,-Дар чашмони Нозанин ашк ҳалқа зад.

-Номард бошу зинда бош гуфтаанд,-писханд зад Шаҳбоз.

Арӯсак дид, ки ба хубӣ аз чанги ин ҷавони бадмаст халос намешавад, шарташро пурсон шуд.

-Имшаб, баъди чойгаштак ман туро дар боғ интизор мешавам. Дониста мон, ки агар наомадӣ, ҳаётат месӯзад! Ба хонаи хушдоманат рафта мегӯям, ки келини ёфтаатон кайҳо зани беникоҳи ман аст!

Бо шунидани ин таҳдид ҳуш аз сари Нозанин парида пойҳояш дарақ-дарақ ба ларза даромаданд ва бо аломати ризо сар ҷунбонда бо ранги кандагӣ ҷониби хонаашон равон шуд.

Тӯйи фоҷиабор

Шаб, баъди тамом шудани чойгаштак ва рафтани қудоҳо Нозанин ноаён аз хонаашон баромада ҷониби боғ рафт. Арӯсак аз ҳар садои ба гӯш расанда як қад мепарид. Дилаш хавотир буд, ки мабодо касе ӯро дар кӯча набинад. Ниҳоят бо сад тарсу ларз ба боғ расид. Дар он ҷо аллакай Шаҳбоз ӯро интизор буд. Омадани Нозанинро дида вай бо табассуми истеҳзоомез ҷониби маликаи орзуҳояш қадам зад.

-Мана ман омадам, гапатро тезтар гӯй,-норозиёна овоз дод Нозанин.

Шаҳбоз бо суханҳои ширин ӯро фиреб карда, ба ҷойи хилваттаре бурд.

-Нозанин, медонӣ, ки ман чӣ қадар дӯстат доштам, аммо ту ба ҷойи меҳрубонӣ ба ман хиёнат кардӣ. Маро бубахш азизам, ки тоқати туро бо каси дигар дидан надорам,-пичиррос зад бо алам ошиқи ноком ва корди дар пушташ пинҳонкардаро бо шаст ба синаи арӯсак зад. Як-ду се...

Шаҳбоз паиҳам ба синаи духтаре, ки аз ҷон бештар дӯсташ медошт, корд мезад, вале ҳеҷ аз интиқом сер намешуд. Вай танҳо замоне ба худ омад, ки дили Нозанин аз кор монда арӯсаки номурод ба хуну халаф оғушта гашта буд. Бо дидани Нозанин ғарқи хун Шаҳбози масти шаробу масти интиқом якбора ҳушёр гашт ва аз тарс ҷасади арӯсакро дар ҳамон боғ партофта фирор кард.

Арӯси кафанпӯш

Субҳ дамиду домод барои бурдани Нозанин омад. Танҳо ҳамин дам ба ёди модари Нозанин духтараш расид. Модар тамоми хонаҳоро кофт, вале аз арӯс дар ягон ҷо ному нишон набуд. Ба дугонаҳояш занг заданд, хонаи хешу таборро кофтанд, аммо Нозанинро гӯё замин фурӯ бурда бошад, касе ба куҷо ғайб заданашро намедонист. Ҳама саргаранг шуда, ба суроғи арӯс баромаданд ва дере нагузашта ҷасади ба хоку хун оғуштаи Нозанинро дар як гӯшаи беодами боғ пайдо карданд. Фиғони модар ба фалак дакка зад, хешу ақрабо рӯю мӯяшонро канда нола мекарданд, вале дигар аз ин гиряву зориҳо суде набуд.

Ҷиноят ва ҷазо

Тӯй ба мотам табдил ёфт. Модари арӯс тоқати дидани ҷинси хуншори гул барин духтарашро накарда ба сактаи дил гирифтор шуд. Духтурон ӯро беҳушу беёд ба беморхона бурданд. Хешу ақрабо бо нолаҳои ҷонгудоз арӯсаки нокомро ба ҷойи либоси сафеди арӯсӣ кафани сафед пӯшонда ба хонаи охираташ, ба маконе, ки ба он ҷо роҳи рафтан ҳасту омадан не, гусел намуданд. Домоди ба висоли маҳбуб нарасида-Хусрав як гӯшаи тобути Нозанинро бардошта, бо сари хаму чашми пурнам ҳамроҳи мардум арӯсаки номуродашро ба сафари охирин гусел мекард. Бо дидани ин манзара дили санг ҳам об мешуд.

Дар дунё ягон сир пинҳон намемонад, ҷинояти хунини Шаҳбоз низ ба зудӣ кушода шуд. Суд қотилро ба 19 соли маҳбас ҳукм кард, вале магар алами дили волидони Нозанин ноком бо ин паст мешавад…

 

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(2)
Shahrom 2019-05-24, 23:52
Afsonanavisi ba dilaton nazad morning, oila?
Посух
Диля 2019-05-25, 07:24
Модари духтар бояд дипломатично чавоби Шахбозро медод ва ба шахсияти писар намерасид.
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(2)
Shahrom 2019-05-24, 23:52
Afsonanavisi ba dilaton nazad morning, oila?
Посух
Диля 2019-05-25, 07:24
Модари духтар бояд дипломатично чавоби Шахбозро медод ва ба шахсияти писар намерасид.
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД