Хиёнати шавҳар (ҚИСМИ 3)
1025

Гулрӯ ба берун нигоҳ карда, мехост аз табиати зебои баҳор ҳаловат барад, аммо дар назараш чизе наметофт. Боз чашмашро пӯшида, ба хаёл рафт…

- Холаҷон, расидем,- гуфтани ронанда ӯро аз хаёл баровард.

Гулрӯ аз мошин берун шуда, аввал фикр кард, ки ба ҷои кори шавҳараш равад, аммо ба ёд овард, ки имрӯз рӯзи истироҳат аст ва аз фикраш гашт. Боз андаке фикр карда, ба ёд овард, ки шавҳараш роҳбар ки ҳаст, ҳар рӯзи истироҳат аз ҷои кораш як хабар мегирифт ва бозорӣ карда, ба хона меомад. Бинобар ин Гулрӯ роҳи идораи шавҳарро пеш гирифт. Ӯ раҳораҳ фикр мекард, ки агар шавҳарашро дар ҷои кор ёбад, бисёр хуб мешавад, чунки дар мошини ӯ якҷоя ба

хона мераванд.

Бо ин хаёлҳо ӯ ба идораи шавҳараш расид, мошини шавҳарашро дар назди идора дида, хурсанд шуд. Вақте ки вориди ҳавлии идора шуд, посбон аз пеш баромад.

- Акои Шариф, саломатиатон чӣ хел? Мудир дар утоқи кориашон?,- гуфта пурсон шуд.

Посбон аз дидани Гулрӯ даступо хӯрда, чизе гуфта натавонист. Ба хоначае, ки дар шафати бинои идора барои чойнӯшии коргарон ҷиҳозонида буданд, нигоҳ карда, ишора кард.

Гулрӯ ба он хонача наздик шуда, хост дарро кушода дарояд, аммо дар аз дарун маҳкам буд. Гулрӯ гашта ба посбон нигоҳ кард, аммо посбон сар хам карда, нигоҳашро гурезонд.

Дили Гулрӯ таҳ кашид. Аз қаҳру ғазаб дарро девонавор кӯфта, бо тамоми қувват кашид, қулфаки дар аз ҷояш канда шуд ва ӯ дохили хонача шуда, шавҳарашро бо зане ҳамоғӯш болои кат бараҳна дид.

Осмон ба сари ӯ фурӯ рехт, аз қаҳру ғазаб тамоми аъзои баданаш меларзид. Ӯ либосҳои он занро гирифта хост ба берун ҳаво диҳад, аммо зан ба пеши пои Гулрӯ афтида гиряву зорӣ кард ва бахшиш пурсид. Гулрӯ хам шуда аз муйҳои ӯ кашида хост бараҳна ба берун телааш диҳад, аммо шавҳараш аз дастони Гулрӯ дошта хоҳиш кард, ки ба худ биёяд.

- Гулрӯ, азизам, худатро ба даст гир, маро шарманда накун, гуноҳамро бубахш.

Гулрӯ ба сӯи шавҳараш бо нафрат нигоҳ карду фиғони бар лаб расидаашро талх фурӯ бурда, девонавор ба кӯча баромад. Дар кӯчаҳои маркази ноҳия хаёлӣ ин тарафу он тараф мегашту ба ёдаш шахсе расид, ки доимо розгӯю роздону маслиҳатгари занони ноҳия буд. Ӯ роҳи хонаи раиси занони ноҳияро пеш гирифт. Ҳаракат кардан барояш душвор буд. Пойҳояш нимҷону заминрӯб гӯё ба ду санги вазнине табдил ёфта буданд, ки онҳоро базӯр кашолакунон пеш мерафт. Шамоли сахте вазида чангу хокро бардошт. Ӯ монанди барқ дар ҳавои гирифтаву абрӣ базӯр хазида пеш мерафт.

Ба гирду атроф назар кард. Ҳама ҷо сиёҳ буд, пеши чашмонашро низ сиёҳӣ гирифт. Дили Гулрӯ аз сӯхтани хонаи ишқаш дуд кард. Абри сиёҳи бузург осмонро фаро гирифту борони калон-калон ба боридан сар кард.

Гулрӯ ба ҳавлии раиси бонувон даромада, ӯро дар ҳалкаи фарзандон дид.

Раиса Гулрӯро дидан баробар ба пешвозаш баромад:

- Биё, Гулрӯҷон, шамолҳои куҷо паронд туро,- гуфта ба ӯ наздик шуд ва якдигарро ба оғӯш кашиданд.

Гулрӯ дигар тоқат карда натавонисту бо овози баланд гиря кард.

- Чӣ шуд, барои чӣ гиря мекунӣ?,- гӯён раиса ӯро ба хона таклиф кард ва барои ором шуданаш як пиёла об дод.

Баъди каме ором шудан Гулрӯ тамоми ҳодисаи дидаро нақл кард.

Раиса баъди шунидани ин ҳодисаи хеле нафратовар бори дигар Гулрӯро таскин дода, мақсади ӯро пурсид.

- Муаллимаҷон, намехоҳам дигар рӯи шавҳарамро бинам, мехоҳам ба суд ариза дода аз ӯ ҷудо шавам. Ҳайфи умрам ва ҳайфи меҳнатҳое, ки ман ба ӯву хешу табораш кардам. Мехоҳам пагоҳ назди раиси ноҳия даромада, ҳамаро нақл кунам, ки роҳбари идора дар ҷои кораш ба чӣ корҳо машғул аст. Бигузор аз кор пешаш кунанд.

Раиса баъди андак сукут гуфт:

- Гулрӯ, ту зани босаводу бофарҳанг ҳастӣ, пастию баландии зндагиро хуб медонӣ, ҳафт шоҳписар дорӣ. Агар ту пагоҳ назди раис дароӣ, албатта ӯ ба шавҳарат ҷазо медиҳад, мумкин аз кор ҳам пешаш кунад. Пагоҳ дар тамоми ноҳия овозаву дарвозаи зиёд мешавад ва дар сари қаҳр ӯ туро талоқ медиҳад ва ҳафт писарат ятим мемонад. Хонавайрон мешавед ва ӯ зани дигар мегирад. Бори дигар андеша кун, мумкин, хотири фарзандон хиёнати ӯро бахшӣ?

(Давом дорад)

Гулчеҳра МУҲАММАДИЕВА

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД