Маҳсулот барои 12 дона:
100 грамм равғани маска, 2 банан, 2 тухм, 1 қошуқча моддаи ковоккунанда, 140 грамм шакар, 50 грамм шоколади ширӣ.
Тарзи таҳия:
Равғани мулоимшудаи маскаро бо банан дар блендер лат зада, ба он тухм илова кунед. Дар зарфи алоҳида орд, моддаи ковоккунанда ва шакарро омезиш дода, аз ҳамаи маҳсулот хамир омода созед. Ба даруни қолабчаҳо каме хамир андохта, чанд қатра шоколади обшударо илова кунеду дар ҳарорати 180 дараҷа муддати 20 дақиқа пазед.