Агар дар гирди буттаи помидор сода бирезед, он хеле ширину бомазза мешавад.
Агар ҳангоми ҷӯшонидани тухм ба оби он як қошуқча сода андозед, вақти тоза кардани тухм пӯчоқаш осон ҷудо мешавад.
Агар бо маҳлули сода (1 қошуқ ба 10 литр об) бодирингро об занед, зардшавии бармаҳали баргҳояш пешгирӣ гардида, ин ба бардоштани ҳосили бештар мусоидат мекунад.
Ду ҳисса сода, як ҳисса крахмали ҷуворимакка ва 10 ҳисса обро якҷоя карда, то маҳлули ғафс шудан ҷӯшонед. Чун маҳлул сард шуд, он беҳтарин “гил” мешавад. Аз он кӯдаконатон бо ёрии шумо ҳар гуна бозичаҳо сохта метавонанд.
Агар теғи кундгаштаи ришгиракро ба матои куҳнаи ҷинс молиш диҳед, онро тез мекунад.
Агар қошуқи чӯбинро рӯи деги хӯрок гузоред, оби ҷӯшида намерезад, зеро қошуқ ҳубобҳои дамандаро мекафонад.
Дар хонадон сода на танҳо мушкилкушои бонувон аст, балки манфиати зиёди дигар низ дорад. Агар пойҳоро дар маҳлули сода гузоред, арақкунӣ ва бӯйи пой меравад. Барои ин, ба 5 литр оби тағора 2 - 3 қошуқ сода андохта, дар он пойро 15 - 20 дақиқа нигоҳ доред. Ин амал на танҳо барои рафъи бӯйи нохуш, балки барои мубориза бо бемории замбурӯғи кафи пой фоидаовар аст.
Агар телефони мобилиро ба режими парвоз гузоред, неругирияш ду маротиба тезтар мегардад.
Агар ба харошҳои хурди мебел чормағз молед, онҳо номаълум мешаванд.
Агар дар свитери дӯстдоштаи шумо пар ҷамъ шуда бошад, онро бо санги оддии пемза тоза кардан мумкин аст.
Чизҳои аз замш тайёршударо метавонед бо ёрии нони сахт тоза кунед. Фақат канори нони сахтро гирифта, бо он рӯйи матои замширо эҳтиёткорона пок кунед.
Шарбати лимӯ барои бартараф кардани доғҳои зард дар либосҳои сафед кумак мерасонад. Пеш аз шустани либос шарбатро ба ҷойҳои доғ пошидан лозим.