Маҳсулоти лозима:
2 тухм, 2 помидор, 100 г панир, намаку мурч ва майонез мувофиқи табъ.
Тарзи таҳия:
Тухмро дар об муддати 10 дақиқа пазеду баъди хунук шуданаш чоркунҷа реза кунед. Панирро низ чоркунҷа реза карда, помидорро ба оби ҷӯшон андохта гиред. Баъдан пӯсти помидорро канда, дилаашро ба қисмҳои калон реза кунед. Панири резаро бо тухму помидор омезиш дода, намаку мурч ва майонез илова кунед.