Шакароби обӣ бо чапотии гарми нав аз танӯр кандашудаю пиёзи кӯфта, помидору бодиринг ва кабудии тару тоза яке аз хӯрокҳо қадимию дӯстдоштаи мардуми тоҷик мебошад.
Шояд шумо гумон кунед, ки шакароби обӣ нисбат ба шакаробе, ки бо чакка омода мешавад бемаззатар аст, вале ин тавр нест. Шакаробе, ки ин бонуи пурҳунар омода мекунад, бисёр бомазза буда, бегумон касро ба ёди деҳа ва даврони ширинӣ кӯдакӣ мебарад.