Пиёз гайморитро шифо мебахшад?
2412

 

Мегӯянд, ки пиёз ба гайморит даво аст, вале ростӣ, ман ба ин гап чандон бовар надорам. Барои ҳамин ба «Оила» муроҷиат кардам, то фаҳмам, ки тарбандӣ (КОМПРЕСС) намудан бо пиёз чӣ фоида дорад. Умуман, пиёз ба кадом дардҳо даво аст?

Барои рафъи кадом бемориҳо манфиатбахш аст?

 Мансур, ш. Душанбе.

 Посух

Тарбандӣ бо пиёз барои рафъи асорати шамолкашӣ, ҳангоми бронхит, отит, сулфа ва ҳатто систиту гайморит бисёр муфид аст. Ин тарбандиро дар шароити хона мустақилона тайёр кардан мумкин аст. Ба халтачаи аз дока дўхташуда пиёзи резакардаро андохта дар буғи оби ҷўшидаистода тавре дошта истодед, ки халтача ба об нарасад. Пас аз ҳалоим шуданаш пиёзро гармогарм (ба дараҷае, ки баданро насўзонад) ба матои ғафстар печонда, ба ҷои дардманд мебандед. Тарбандиро баъди 15-20 дақиқа кушода партофтан мумкин аст. Ин тарзи муолиҷа ба организми инсон ягон зарра зарар намерасонад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Пиёз гайморитро шифо мебахшад?, 02.07.2019
404
Сахифа пайдо нашуд
Ба сахифаи асоси