sebiston july new
Фирӯз ба кӯмаки шумо ниёз дорад
4527

 Фирӯз Салимов муддати 7 сол мешавад, ки бо гардани шикаста дар шифохонаи парастории ҳамшираҳои шафқат мехобад. 

Ҳанӯз ҳафт сол пеш Фирӯз бо нияти оббозӣ кардан аз баландӣ худро ба дарё ҳаво дод ва дар натиҷаи ин ҷаҳиши бебарор гарданаш шикаст. Аз ҳамон вақт инҷониб ӯ дар шифохонаи парастории ҳамшираҳои шафқат мехобад ва хонааш ҳамин беморхона гаштааст. Бародарон ва ҳамшираҳои шафқат ба қадри тавони худ ӯро парасторӣ менамоянд, вале як умр ба бистари беморӣ мехкӯб мондани ин ҷавони 22-сола аз рӯйи адолат нест. Роҳ гаштан он тараф истад, Фирӯз бо азоб худро меҷунбонад. Барои он ки ақаллан дар аробачаи маъюбӣ нишаста тавонад, Фирӯз ниёз ба ҷарроҳӣ дорад.
Ҳамроҳи Фирӯз дар ҳамин шифохона як ҷавони дигар бо исми Ҳотам мехобид. Волидони Ҳотам пули калон сарф намуда, ӯро барои табобат ба Қазоқистон бурданд. Имрӯз ин ҷавон бо аробачаи маъюбӣ бошад ҳам, мустақилоан ҳаракат менамояд.

 


Дар паҳлӯи ӯ таппончаи хизматиаш гузошта шуда буд. Қабл аз худкушӣ Клочкова дари утоқи кориашро аз дарун қулф карда, рӯяшро бо нимтанааш пӯшондааст.


Ҳотам варақаи беморӣ ва дигар натиҷаҳои ташхиси Фирӯзро ба табибони Қазоқистон нишон дода, маслиҳат пурсидааст ва табибони қазоқ ҳозиранд, ки ин амалиёти мураккабро гузаронанд, аммо Фирӯз имкони пардохти маблағи ҷарроҳиро надорад.
Ин ҷавони бемор ниёз ба кӯмаку дастгирӣ дорад ва аз тамоми бародарону хоҳарони азиз хоҳиш менамояд, ки ба қадри тавон ва имконияти худ ба ӯ дастӣ ёрӣ дароз намоянд. Шахсоне, ки мехоҳанд аз ҳоли ин ҷавони маъюб воқиф гашта, ба ӯ кӯмак расонанд, метавонад ба рақамҳои зерин занг зада, бо худи Фирӯз ҳамсӯҳбат ва аз дарди дилаш огоҳ гарданд: 900-17-01-97

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД