shoh palace
Ба номуси корманди пулис таҷовуз карданд
6788

 

Дар худкушии муфаттиш Мария Клочкова, ки дар шӯъбаи полиси Хостинскии шаҳри Сочӣ кору фаъолият мекард, роҳбариятро гунаҳкор мекунанд.

Дар ин бора ба агентии иттилоотии "Online Region" рӯзи 25-уми ноябр, ҳамсинфи марҳум хабар додааст.

Ҷасади Марияро сӯбҳи 23-юми ноябр дар шӯъбаи пулиси Хостинск пайдо карда буданд. Дар паҳлӯи ӯ таппончаи хизматиаш гузошта шуда буд. Қабл аз худкушӣ Клочкова дари утоқи кориашро аз дарун қулф карда, рӯяшро бо нимтанааш пӯшондааст.

Наздикони Мария даъво доранд, ки як ҳамкораш ба номуси ӯ таҷовуз карда буд. Чанд рӯз пеш аз худкушӣ карданаш ин муфаттишдухтари 23-сола ба модараш гуфтааст, ки дигар дар шӯъбаи полиси Хостаи Сочӣ кор кардан намехоҳад.

Пулиси Сочи оиди далели худкушии корманди пулис Мария Клочкова парвандаи ҷиноӣ боз намудааст. Гумонбари асосӣ дар марги Мария як ҳамкораш бо исми Олег мебошад, ки пештар низ барои ҷинояти вазнин содир кардан зиндон шудааст. Олегро дар муносибати бисёр дағал ва бераҳмонаи ҷинсӣ, ки оқибат боиси даст ба худкушӣ задани Мария гаштааст, гунаҳкор менамоянд. Худи ҷавон гуноҳашро ба гардан нагирифта, иддао дорад, ки вай бо роҳи зӯрӣ бо Мария ҳамхоба нашудааст. Аз рӯйи гуфти ҷавон духтар бо майл ва розигии худаш ҳамроҳи ӯ ба меҳмонхона рафта, ба оғӯшаш даромадааст.

Ҷавон мегӯяд, аз ҳанӯз бокира будани Мария хабар надошт ва бо гумони он ки ҳамкораш кайҳо зан шудааст, бо ӯ алоқаи ҷинсӣ намуд, аммо ин ишқварзӣ оқибатҳои ногуворро ба бор оварда, боиси марги Мария ва ба ҷавобгарӣ кашида шудани Олег гашт.

Ҳолдонҳо мегӯянд, пас аз ҳамхобагӣ бо Олег Мария бемор шуда чанд рӯз ба кор баромада натавонист. Дар ин муддат ба ҷойи духтарро руҳан дастгирӣ намудан Олег ба ҳама ҳамкасбонашон сирри бо Мария ҳамхоба шуданашро фош намуда, ӯро мазоқу масхара кардааст.


Аз ин рӯ, ҳафтаномаи «Оила» тасмим гирифтааст, ки дар шумораҳои навбатӣ, ба саволҳои зерин оид ба роҳҳои сироятёбӣ ва пешгирии ВНМО/БПНМ маълумоти мухтасарро пешкаши Шумо гардонад.

 


Баъди бозгашт ҳамкоронаш ба ҳоли Мария хандида, ӯро масхара мекунанд ва либосҳояшро ба қуттии партов мепартоянд. Духтари бечора ба рафтори аҳмақонаи ҳамкасбонаш тоб наоварда даст ба худкушӣ задааст...

Хешовандони Олег боварии комил доранд, ки ин ҷавон қудрати ба номуси ягон зан зӯран таҷовуз карданро надорад. “Эҳтимол духтар аз тарси он ки дигар ҳеҷ кас ӯро ба занӣ намегирад, худкушӣ кардааст”–мегӯяд Жанна-хоҳари Олег.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД