sebiston july new
Тобистон занро пир мекунад?
2767

Тобистон фаро мерасаду маро ғам мегирад. Азбаски пӯсти рӯям хеле ҳассос аст, ҳавои хушку тасфон пӯсти рӯямро озор медиҳад ва чину ожангҳояш зиёд мегарданд. Шояд ман дар нигоҳубини пӯсти рӯям ба хатогӣ роҳ медиҳам?
Меҳрноз, аз н. Дарвоз

Дар ҳақиқат бонувоне, ки пӯсти хушку ҳассос доранд, дар фасли гармо ҳолати пӯсташон табоҳ мешавад. Ҳавои тоқатфарсо нигоҳубини хосаи рӯйро талаб мекунад. Аслан гармо ба тамоми намудҳои пӯст зарар мерасонад, аз ин хотир мушкилиҳоро бояд пешгирӣ намуд.

Шустушӯ дар тобистон
Дар фасли гармо рӯятонро на бо гел, на бо собун, на бо об, балки бо бобуначой шӯед. Як қошуқ бобунаро дар як истакон оби ҷӯшида дам партоед, беҳтарин даво барои рӯй мегардад.

Интихоби малҳам
Дар тобистон малҳами дар асоси об ё оксиген омодашударо истифода бурдан лозим аст. Малҳамро мувофиқи пӯстатон интихоб кунед ва ҳатман тунук молед. Малҳами зиёд боиси арақ кардан мегардад.
Вақте аз кӯча ба хона медароед, дарҳол бо оби сард рӯй нашӯед, чунки пӯст аз хушкӣ кашиш мехӯрад. Беҳтараш докаеро дар ҷурғот ё сметана тар карда, рӯятонро тоза кунед ва пас аз 10 дақиқа рӯятонро бо чойи ширгарм бишӯед. Ба пӯсти ҳанӯз тар малҳами нармкунанда молед.

Дар соҳили дарё
Агар шумо дар соҳили дарё истироҳат мекарда бошед, қабл аз оббозӣ ба рӯятон равғани растанӣ молед. Ҳамин ки аз об баромадеду пӯстатон хушк шуд, ба рӯятон малҳами аз офтоб ҳифзкунандаро молида метавонед.

Амалиётҳои дар тобистон манъшуда
Дар фасли тобистон нури ултрабунафш ниҳоят зарарнок буда, ягона чизе, ки пӯстро аз ин нур ҳимоя месозад, эпидермис –қабати болоии пӯст мебошад. Аз ин лиҳоз амалиётҳои поккуниву сафедкунии пӯст дар фасли тобистон мумкин нест. Ҳуҷайраҳои эпидермисро поксозию сафедкунӣ нобуд месозад.
Сафедкунии пӯстро аз тирамоҳ то баҳор ба анҷом расонед, вагарна дар пӯстатон доғҳои пигментӣ пайдо мешаванд.
Аз тозакунии пӯст худдорӣ намоед. Гап сари он аст, ки баъди ин амалиёт, сӯрохиҳои пӯст кушода мемонанд. Дар тобистон кӯчаҳо пур аз чанганд ва агар ба сӯрохиҳои пӯст ифлосӣ дарояд, тамоми рӯй пур аз рихинак мегардад. Пӯстро дар зимистон тоза кунед.
Дар фасли тобистон ҳафтае як бор аз скраб истифода бурдан кофист.
Ҳамзамон, дар фасли тобистон ҳангоми истифодаи ниқобҳои лимӯгӣ, бодирингӣ, қулфинаӣ ва дигар маҳсулоте, ки ҷавҳари мева доранд, ҳушёр шавед. Ин ниқобҳоро, ки ба рӯятон молидед, 1-2 рӯз дар офтоб нагардед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД