Sebiston new 2024 october
Спитамен: Зулайхо кӯдаки ҳаромӣ зоиду боз ҳамчун духтар ба шавҳар баромад?!
8514

Ба идораи “Оила” дар шаҳри Хуҷанд сокини деҳаи Андарсой, ҷамоати деҳоти Турсун Улҷабоеви ноҳияи Спитамен Абдуғаффор Бобоҷонов муроҷиат намуда, арз кард, ки ӯ санаи 27-декабри соли сипаришуда бо Зулайхо ном духтаре оиладор шудааст, ки қаблан кӯдаки ҳаромӣ таваллуд намуда, фарзандашр гӯронда будааст.


(Таърихи беморӣ ва тамоми далелҳо оид ба он ки пеш аз тӯй Зулайхо фарзанд таваллуд кардааст мавҷуданд). Ин домоди фиребхӯрда мегӯяд ҳамсараш як бор не, ду маротиба ҳомиладор шудааст ва вақти арӯс шуда ба хонаи онҳо омаданаш низ дар батнаш кӯдак дошт.

Бобоҷонов мегӯяд, онҳо пеш аз тӯй аз ташхис гузашта буданд, аммо аз чи бошад, ки табибони занона зани ду бор ҳомиладор шуда, таваллуд кардаро аз духтари бокира фарқ карда натавонистанд ё даҳонашонро чунон баста буданд, ки дар ин хусус лаб накушоданд.

Абдуғаффор Бобоҷонов пас аз тӯй нодухтар будани арӯсро фаҳмида, ҳамон рӯз талоқи Зулайхоро додан мехоҳад, аммо модараш ӯро ба сабру тамкин водор намуда, хоҳиш мекунад, ки сароғоз аз паси ҷустуҷӯи далелҳо гардад.

Дар муддати ду моҳ мард тамоми далелҳоро ҷамъ карда, ҳатто гӯри фарзанди ҳамромии занашро пайдо намудааст, аммо дари чандин мақомотро кӯфта бошад ҳам, касе ба доди ин домоди фиребхӯрда намерасад.

Духтуре, ки Зулайхоро таваллуд кунонидааст, сари ин мавзуъ мегӯяд:

-Дар мо “конфиденсиалност" гуфтагӣ гап ҳаст, агар зан ё духтар дар синни балоғат бошад, соҳибихтиёр аст, ҳар коре, ки мехоҳад, он ҳуқуқи ӯст. Яъне, мезояд ё кори дигар мекунад. Ин гуна корҳоро мо овоза карда наметавонем...

Аз гуфтаҳои табибон чунин бармеояд, ки Зулайхо санаи 13.06.2018 духтарчаи норасид, яъне 7-моҳа таваллуд карда будааст. “Кӯдак зинда ба дунё омада бошад ҳам, бо сабаби ҳамагӣ 1 кг 300 грамм вазн доштанаш зинда монданаш номумкин буд”-мегӯяд табибе, ки Зулайхоро таваллуд кунонидааст.

Ҳамин тавр баъди тавлиди кӯдак табибон Зулайхоро аз таваллудхона ҷавоб медиҳанд. Тифли навзод бо сабаби норасид буданаш мурд ё ӯро зӯран ба он дунё фиристоданд, муаммои сарбаста аст, аммо Солеҳҷон Нарзуллоев, гӯркоби қабристон, шахсе, ки он тифлаки маъсумро гӯр кардааст, мегӯяд:

ан аз рӯи одаму одамгарию мусулмонӣ ин кӯдакро гӯронидам. Ҳамон рӯз як зан дар ҳолати ночорӣ кӯдакчаеро, ки қоидавӣ кафанпеч карда шуда буд, овард ва бо илтимосу зорӣ гуфт: “Додарҷон, ин кӯдаки мазлум ҷиянам мешавад ва ғайри ман касе надорад, ки гурӯ чӯб кунад. Аз барои Худо ба мо ёрӣ деҳ, ки мурдаи тифли бегуноҳ дар кӯча намонад...”

Зулайхо ҳатто баъди гӯр кардани духтарчаи норасидаш низ аз хатои худ сабақ нагирифта, боз ҳамон гуноҳашро такрор мекунад ва дубора ҳомиладор мешавад. Барои пинҳон мондани ин сир ӯ пеши худ қарор медиҳад, ки бояд ҳарчи зудтар ягон ҷавони содадиро ёфта, ба шавҳар барояд. Бо кӯмаки Назира ном зан ӯ бо Абдуғаффор шинос мешавад ва хоҳиш менамояд, ки ҳарчи зудтар ба хонаашон хостгор фиристода аз паси тӯй шавад.

Ин ҷавони фиребхӯрда ба волидони Зулайхо 3000 сомонӣ пул дода, бар замми ин, барои ташхиси пеш аз тӯй қариб 700 сомонӣ маблағ сарф намудааст. Вай бо садҳо умеду орзуҳои нек ҳам дар хонаи худ ва ҳам дар мазили волидони арӯс маърака ороста, Зулайхоро ҳамчун духтари бокира ба занӣ мегирад, аммо ин тӯй ҷуз бадбахтию сарсонӣ ба Абдуғаффор дигар чизе надод...

(Шарҳи пурраи мавзуъро дар шумораи навбатии ҳафтаномаи “Оила” мутолиа намоед)

Поделиться новостью
Шарҳ
(2)
Зайнаб 2019-05-31, 11:26
Вактхои охир чунин ходисахо бисёр шудаги. Духтурхо, агар духтарро аз зан фарк карда натавонанд пас тахшиси пеш аз туй чи лозим?
Посух
Духтур 2019-06-01, 17:53
Духтур поида мегарданд ки ки баъди ташхис то фосилаи туй кадом духтар хдашро ба бистари мард расонд. Тоба, ҳами мардуми мо соқ нестанд,
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(2)
Зайнаб 2019-05-31, 11:26
Вактхои охир чунин ходисахо бисёр шудаги. Духтурхо, агар духтарро аз зан фарк карда натавонанд пас тахшиси пеш аз туй чи лозим?
Посух
Духтур 2019-06-01, 17:53
Духтур поида мегарданд ки ки баъди ташхис то фосилаи туй кадом духтар хдашро ба бистари мард расонд. Тоба, ҳами мардуми мо соқ нестанд,
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД