Духтари баномус ё….
Ману шавҳарам ҳарду духтурем, коргоҳҳоямон ҷудо ва тахассусамон дигархела бошад ҳам, мо бо баракати ҳамин касб бо якдигар шинос шуда оила барпо кардем. Ҳангоми дар донишгоҳ хондани ман падарам бар асари бемории вазнин дунёро падруд гуфтанду бори тарбияи хоҳараку додаракам бар души модарам афтид. Модарам дар ошхонае ба ҳайси ошпаз фаъолият мекарданду ба ҳамин хотир баъди хатми донишгоҳ ман шавҳар накарда кор кардаму додару хоҳарамро хононда соҳиби кору бор ва хонаву дар кардам. Хостгорони зиёде доштам, модарам ҳамеша ҳамроҳам ҷанг мекарданд, ки ҳаётамро беҳуда нагузаронида шавҳар кунам, аммо номусам намегузошт то фарзандони падарамро дар нимароҳ гузорам. Оҳиста - оҳиста умрам ба домани чил дакка мехӯрду номи зишти пирдухтарро ба номам зам карданд. Мешунидам, ки мардум мегӯянд, ки чӣ балое дорад, барои ҳамин шавҳар намекунад. Ман ба худаму покизагиам боварӣ доштам ва баъди хонадор кардани додараму ба хона фаровардани келину пулёб шудани додарам аз пайи зиндагии худам шудам…
Хандаи бахт
Синну солам рафта бошад ҳам ҳуснам каму костие надошт, қомати баланду мавзун, чашмони бодомии сиёҳи зебо, пусти шир барин сафеду шарму ҳаё ва кордониямро дида мардони зиёде дар атрофам парвона буданд. Байни хушдоронам мансабдорону сарватмандон ҳам буданд, аммо ман аз ҳисоби бадбахтии каси дигар бахтамро сохтанӣ набудаму ҳаргиз зани дуюм шудан намехостам. Шояд Худованд ин нияти неки маро дида маро бо Фаршед шинос кард. Бо ҳамсари кунуниям дар як машварати табибон дар пойтахт шинос шудем, ман аз байни табибони ноҳияаамон дар ин машварат намоянда будам. Фаршед яке аз ташкилкунандагони ин машварат буд, аз нигоҳҳои бамеҳру табассумҳои ширинаш дарк кардам, ки ман ба ӯ маъқул шудаам. Ӯ дар як ҳафтаи идома ёфтани машварат бо ҳуҷҷатҳои ман шинос шуда фаҳмидааст, ки ман оиладор нестам. Ӯ баъд аз анҷоми чорабинӣ маро наздаш даъват карда гуфт:
- Шумо ҳамин рӯз ба ноҳия бармегардед?
Ман гуфтам, ки имрӯз дер шуд, фардо субҳи барвақт меравам. Ӯ каме андеша карда илимос кард, ки агар вақт дошта бошам ҳамин бегоҳ ба қаҳвахонаи назди Сирк биёям ӯ бо дасти ман ба сардухтурамон як ду чиз фиристоданист. Ман ҳам фикри баде накарда розӣ шудам, зеро ҳеҷ гумон надоштам, ки ҳамин гуна ҷавонмарди болобаланди хушлибоси ниҳоят зебо, зан надошта бошад…
Ҳамон бегоҳ мо вохӯрдем ва Фаршед ба ман изҳори ишқ карда гуфт, ки бо ҳамсараш даҳ 15 сол зистаю соҳиби фарзанд нашудаанд. Ман тамоми зиндагиномаи худро ба вай нақл кардам ва маълум шуд, ки Фаршед то назди ман омадан ба чанд нафар шиносашу сардухтури ноҳияи мо занг зада, дар бораи ман маълумот гирифтааст.
(Давом дорад)
Хонандаи доимии шумо
Таснифи Нисо ХОЛИД