Ҳаққи падару модар нисбат ба фарзанд бисёр бузург аст ва дар дин ҳам мақому манзалати онҳо бисёр болост. Худованди муттаол дар китоби худ дар мавриди некӣ ба волидайн ба такрор дастур мефармояд: «Худойи якторо бипарастед ва ҳеҷ чизро шарики ӯ қарор надиҳед ва ба падару модар некӣ кунед». (Сураи «Нисо», ояти 36)
Дар ҷойи дигар омадааст: «Ва Худойи ту фармуда, ки ҷуз ӯ ҳеҷ касро напарстед ва дар бораи падару модар накӯӣ кунед ва чунончӣ ҳарду ё яке аз онҳо пиру солхӯрда шаванд, мабодо калимаи «уф» бигӯед, ки ранҷидахотир шаванд ва камтарин озоре ба онҳо нарасонед, бо эшон бо икрому эҳтиром сухан гӯед ва ҳамеша пару боли тавозуъ ва икромро бо камоли меҳрубонӣ наздашон бигустарон ва бигӯ: Парвардигоро! Чунонкӣ падару модар маро ба меҳрубонӣ парвариш доданд, Ту ба онҳо раҳмат ва меҳрубонӣ фармо»». (Сураи «Исро», ояти 23-24)
Худованд дар сураи «Луқмон» мефармояд: «Ва Мо ба одамӣ ҳукм кардем, ки дар ҳаққи падару модари худ некӣ кунад, ба хусус модар, ки бори фарзандро ҳамл карда ва ду сол ба ӯ шир дода, сипас ӯро аз шир бозгирифтааст. Шукри Ман ва падару модарро ба ҷой овар, ки бозгашти халқ ба сӯи Ман хоҳад буд». (Сураи «Луқмон», ояти 14)
Адои намоз беҳтар ё...
Ҳазрати Абдуллоҳ ибни Масъуд (р) мефармояд: «Ман аз Расули Худо (с) суол кардам, ки чӣ амале назди Худованд аз ҳама беҳтар аст?» Фармуданд: «Гузоридани намоз дар вақташ. Боз пурсидам, ки баъд аз он чӣ? Фармуданд: Некӣ ба падару модар…».
Тамоми динҳои гузашта ва анбиё бар он таъкид менамояд, ки бояд ҳаққи падару модарро адо намуд ва ба онҳо некӣ кард. Равиши солеҳин низ ҳамин будааст. Дар дини Ислом ҳама ҳуқуқи падару модар ба таври комил риоя ва бозгӯ шудааст. Худованд гуфтани калимаи «уф» ё ҳар калимаеро, ки сабаби ранҷиши хотири волидайн шавад, нописанд донистааст, то худи одам бияндешад, ки гуфтани суханони сахттар аз он чӣ гуна аст.
Дини Ислом беэҳтиромии волидайнро шадидан наҳй кардааст ва ба азоби шадид ишора кардааст, ки нофармононро дар бар хоҳад гирифт. Боз ҳам қисме аз мардум ҳуқуқи волидайнро аз ёд бурдаанд ва аз нофармонии онон боке надоранд ва ҳуқуқашонро поймол мекунанд.
Чаро фарзандон аз волидон дилсарданд?
Нофармонии волидайн сабабҳои зиёде дорад, ки чанде аз онҳо мавриди зикр аст.
Сабаби аввал ҷаҳл ва нодонист. Нодонӣ ва ҷаҳолат бемории хатарнокест, ки шарафи инсонро аз байн мебарад ва ҷоҳил душмани хеш аст. Агар шахсе аз оқибатҳои нохуши нофармонии волидайн огоҳ набошад ё худ аз самароти некӣ ва эҳсон ба волидайн иттилоъ надошта бошад, ин ноогоҳӣ ӯро аз риояи ҳуқуқи волидайн маҳрум месозад.
Сабаби дуюм тарбияти бад аст. Агар падару модар фарзандони худро хуб тарбият накунанд ва онҳоро ба тақвову некӣ ва силаи раҳм ташвиқ насозанд, натиҷаи он саркашӣ ва нофармонӣ аз волидайн мегардад.
Сабаби сеюм ихтилоф ва норасоӣ дар таълими фарзандон аст. Гоҳе падару модар фарзандони худро таълим медиҳанд, аммо дақиқан ба шакл ва муҳтавои таълими худ воқиф нестанд. Бисёр вақт таълими нодуруст ва хилофи ахлоқ, ки падару модар ба фарзандон медиҳанд, онҳоро саркашу нофармон мегардонад.
Сабаби чаҳорум ҳамнишини бад аст. Доштани ҳамнишини бад сабаби фасод ва ҳалокати фарзанд мегардад ва ӯро ба нофармонии волидайн вомедорад.
Сабаби панҷум нофармонии худи волидайн аз волидайнашон мебошад. Ин яке аз муҳимтарин сабабҳои нофармонии фарзандон аст. Ҳангоме ки волидайн ба падару модари худ нофармонӣ карда бошанд, ба хотири ин рафтор сазои амали худро мечашанд ва фарзандони эшон ҳам волидайни худро нофармонӣ мекунанд, ки ин ҳам ба ду далел аст: Аввал, фарзандон дар ин кор ба падару модари худ тақлид мекунанд. Дуюм, ҷазои кори волидайн низ аз ҷинси амали худашон аст.
Сабаби шашум надоштани тақво ва тарс аз Худо ҳангоми талоқ аст. Чун дар байни ҳамсарон талоқ воқеъ шавад, ҳар яке ба фарзандон зидди дигараш бадгӯӣ мекунанд. Ин гуна фарзанд чун назди модар меравад, ӯ тамоми мусибату мушкилоти худро барои фарзандаш бозгӯ мекунад ва ӯро зидди падар мешӯронад, то ӯро тарк кунад. Чун ҳамин фарзанд назди падар меравад, ӯ низ ҳама мушкилоташро ба фарзанд бозгӯ мекунад ва ӯро зидди модар мешӯронад. Дар натиҷаи ҳамаи ин фарзанд саркаш ва нофармони волидайн мегардад. Ин ҳосили киштаи худи падару модар аст.
Сабаби ҳафтум тафриқа байн фарзандон аст. Баъзан волидайн баъзе аз фарзандонро нисбат ба дигаре зиёдтар гиромӣ медоранд ва барояш имтиёз медиҳанд. Ин сабаби буғзу ҳасад ва ихтилоф байни фарзандон мешавад ва ба якдигар нафрат пайдо мекунанд. Ин гуна фарзандон чун ба камол мерасанд, волидайнро тарк карда, дар ҳеҷ кор бо онҳо машварат намекунанд.
Сабаби ҳаштум роҳатталабии фарзандон аст. Касоне ҳастанд, ки падару модари бемор ё солхӯрда доранд, аммо хоҳиши нигоҳубин ва муроқибати онҳоро надоранд ё онҳоро ба хонаи пиронсолон месупоранд. Баъзеи дигар дар ҷое дур аз падару модари пиру бемори худ зиндагӣ ихтиёр мекунанд, дар ҳоле ки осудагӣ ва оромиш дар канори волидайн лаззатбахш аст ва некӣ кардан ба онон дар инсон оромиш эҷод мекунад.
Сабаби нуҳум бадахлоқ будани ҳамсар аст. Баъзе одамон ҳамсарони бисёр бадахлоқе доранд, ки аз Худо наметарсанд ва ҳуқуқи шавҳаронро риоя намекунанд. Ин тоифаи занон дар дили шавҳар нисбат ба падару модараш кина эҷод карда, шавҳари худро ба сарпечӣ ва нофармонии волидайн таҳрик мекунанд ва маҷбур месозанд, ки падару модарашро тарк карда ба онон эҳсону некӣ накунад. Ин гуна занон ҳамеша кӯшиш мекунанд, ки шавҳарро ба худ моил карда, риштаи хешовандиро аз наздиконаш баркананд.
Сабаби даҳум эҳсоси падару модарӣ накардан аст. Баъзе аз падару модарон эҳсоси падару модар буданро надоранд. Аз ин сабаб ҳар гоҳ аз фарзандон амали хилофе сар занад, онҳоро сарзаниш намекунанд ва аксуламале нишон намедиҳанд.
Дар ривояте аз Расули Акрам (с) омадааст, ки Худованд сазои ду гуноҳро ба рӯзи охират мавқуф намегузорад: Яке зулм кардан ба бандагони Худо, дигаре нофармонӣ кардан ба волидайн.
Воқеан, бисёр мушоҳида кардаем, ки фарзандони нофармон дар зиндагӣ ба нокомиҳо дучор шуда, аз тарафи ҷигаргӯшаҳояшон озору азият кашидаанд. Аз ин рӯ, агар нафаре ба волидайни худ озоре дода бошад, бояд аз ин амалаш тавба карда, дар пайи ислоҳи худ бикӯшад ва аз волидайнаш афву бахшиш бихоҳад. Ҳар инсон бояд маънои некӣ ба волидайнро бидонад ва аз одоби он огоҳ бошад, зеро ризои Худованд дар ризояти падару модар мебошад.
Оқипадар кист?
Дар миёни мардум ибораҳои оқипадар ва оқшуда маъмул ҳастанд ва иддае аз одамон чун аз фарзанд ягон озор диданд, ӯро тарсонданӣ шуда мегӯянд, ки оқ карда аз баҳраш мегузаранд. Аз нигоҳи ислом ин ягон асоси воқеӣ надорад, зеро ранҷондани волидон худаш оқ шудан аст. Вақте фарзанд нисбати волидони хеш беэҳтиромӣ карда, дили онҳоро озор медиҳад ё нисбати падару модар амалҳои бадро анҷом медиҳад, дар назди худованд ӯ дар зинаи аз ҳама пасттарин қарор дорад.
Ҷамолиддин Хомӯшӣ, ДИТ