new banner new years
Дилмуроди 12-сола: Моиндарам моро бо таёқ мезанад!
4467

Мо дар оила се фарзанд-ду писару як духтар ҳастем. Модарам вақти таваллуд кардани хоҳаракам сари фарзан д рафта, падарам зани дигар гирифтааст.

Моиндарам аз рӯзи авввали ба хонаамон қадам ниҳоданаш моро чашми дидан надорад ва ҳар рӯз мурданивор мезанад. Пештар аз падарам тарсида вақтҳои дар хона будани ӯ худашро меҳрубон нишон медод, вале аз бозе, ки падарам ба мардикорӣ рафта, буҷули моиндарам асп хеста, рӯзамонро аз шаби тор ҳам сиёҳтар кардааст. Аз кӯҳу пушта ҳезум мекашем, гову мол мечаронем, хона мерӯбем, ҷойгаҳ мегирем, хулоса, тамоми кору бори хонаро мекунем, вале ба ҷойи раҳмат гуфтам, моиндарам ҳар як майда-чӯйдаро баҳона карда, моро таги шатта мегирад. Вай чунон бераҳм аст, ки санг, ҷӯб, тасма, хулоса ҳар чизе аз пешаш барояд, моро бо он зада, сиёҳу кабуд месозад. Ин зани шаттоҳ ҳатто намемонад, ки бо падарамон гап занем. Ҳар гоҳ, ки дадаам занг занад, баҳона мекунад, ки бачаҳоят хобанд ё мактаб рафтанд. 


Мустафо Замонӣ 21 июни соли 1982, дар шаҳри Мозандарони Ҷумҳурии исломии Эрон таваллуд шудааст .

4xXAGaZYARiwRzS0QePrxcUHE6UXUpdlF1bsdQIM


Мо дар ин деҳа ягон хешу табори наздик надорем, ки тарафамонро бигирад, аз ҳамин сабаб мехоҳем бо воситаи сомонаи Оила. ТҶ падари муҳоҷирамонро аз ҳоли зорамон хабардр созем. Дадаҷон, зудтар баргард, ки ин зани албастиат моро зинда ба зинда пӯст мекунад!
Дилмурод аз н. Варзоб

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД