Шаби қадр барои аҳли хонаводаи Раҳимовҳо бо фоҷиа ва мотами сангин анҷом ёфт. Аз ин хонадон якбора ду нафар-падари хонавода Аваз Раҳимови 44-сола ва духтараш Шоҳида ҷон ба ҷонофарин супурданд...
Таври ки сокинони деҳаи Сари Хосори ноҳияи Рашт мегӯянд, марҳум Аваз Раҳимов зиндагии аҳли оилаашро аз ҳисоби фурӯши замбуруғ пеш мебурдааст. Яке аз сокинони ин деҳа дар суҳбат бо хабарнигори сомонаи Оила аз фоҷиаи ба сари ин хонавода омада афсӯс хӯрда, чунин қисса кард:
-Рӯзи 31-уми май ҳаво якбора гирифта, раъду барқи шадид сар шуд. Борон чунон бошиддат меборид, ки ногуфтанӣ. Дар чунин ҳавои бад, ки ба қавле саг аз хонааш намебаромад, акаи Аваз роҳи кӯҳро пеш гирифтааст. Аҳли оила кӯшиш мекунанд, ки ӯро аз ин сафари хатарнок нигоҳ доранд, аммо аҷал пешандоз кардагӣ барин, мард якравӣ мекунад, ки одатан баъди раъду барқ дар кӯҳҳо замбурӯғи бисёр мебарояду фурсатро аз даст додан нашояд. Ҳамин тавр Аваз Раҳимов духтари 14-солааш Шоҳидаро ҳамроҳ гирифта ба кӯҳ ба замбуруғчинӣ меравад, аммо аз он ҷониб мурдаи ҳардуро ба хона оварданд...”
Аз нақли ҳамсуҳбати мо чунин бармеояд, ки он рӯзи фоҷиабор ба селборон нигоҳ накарда, падару духтар хеле замбуруғ ҷамъ меоранд, аммо баногоҳ пойи Шоҳидаи 14-сола мелағжад. Падар бо дидани ин манзара ба таҳлука афтида, барои халосии ҷони фарзандаш худро ба ҳамон сӯ мезанад, аммо наҷот додани духтараш ба Аваз Раҳимов муяссар намегардад. Падару духтар аз кӯҳ аз баландии тақрибан 250 метр сарозер афтида, пора-пора гаштаанд.
Чӯпонҳо аз сар задани ин фоҷиа ба аҳли деҳа хабар расонидаанд. Ҷасадҳои ба хоку хун олудаи Аваз Раҳимови 44-сола ва духтари 14-солааш Шоҳидаро дар шаби қадр, баъди соати 12-и шаб ба хона оварданд.
Ҷанозаи Аваз Раҳимов ва Шоҳида Раҳимова саннаи 1-уми июн дар зодгоҳашон барпо гашта, падару духтар дар қабристони деҳа дар канори ҳамдигар ба хок супурда шуданд....