Sebiston new 2024 october
Ҳисор: Марги модар ва холаи арӯс дар рӯзи тӯй
7709

 

Рӯзҳои истироҳат айёми шодию хурсандӣ ва тӯю сур аст, аммо баъзан тақдири номард дилхушию нишоти одамонро дар як лаҳзаи кӯтоҳ ба ғаму дарди ҷигарсӯзу ҷонгудоз табдил медиҳад.

Дирӯз чунин як ҳодисаи нохуш дар ноҳияи Ҳисор ба вуқуъ пайваста, тӯйи арӯсию домодӣ ба мотам табдил ёфт. Субҳи имрӯз дар ин бора шоҳидони ҳодиса ба хабарнигорони сомонаи “Оила” хабар доданд...

Тавре ки Сурайё Аминова, як сокини шаҳри Ҳисор мегӯяд, ин фоҷиа дирӯз, яъне 16-уми июн тахминан соатҳои 11-и рӯз дар деҳаи Турушбоғи дараи Алмосии Ҳисор ба вуқуъ пайвастааст. Ҳангоми аз хонаи арӯс ба хонаи домод бурдани арӯс дар роҳ корвони мошинҳои арӯсӣ ба садама дучор гаштаанд. Дар натиҷа мусофирони яке аз мошинҳо, ки пайвандон арӯс буданд, сахт зарар дидаанд. Модар ва холаи арӯс дар ҷойи ҳодиса ҷон дода, тӯй ба мотам табдил меёбад.

Аз рӯйи овозаҳо се мусофири дигари мошини ба садама гирифтор шударо ба беморхонаи марказии шаҳри Ҳисор бурдаанд. Барои дақиқ кардани асос доштан ё надоштани ин овоза мо ба бемористони марказии шаҳри Ҳисор занг задем. Яке аз табибони ин даргоҳ бо шарти ифшо накардани ному насабаш ба хабарнигорони сомонаи “Оила” гуфт, ки хабари сар задани садамаи марговар дар рӯзи тӯй асос дошта, дар ҳақиқат модар, хоҳар ва холаи арӯс бо марг дучор гаштаанд. Ҳоли бародари арӯс, ки дар бахши эҳёгарии беморхона қарор дошт, рӯ ба беҳбудӣ овардааст, вале хоҳари арӯс субҳи имрӯз ҷон ба ҷонофарин супурдааст. Ронандаи мошини сархӯр айни ҳол дар ҳолати вазнин қарор дорад.

Арӯси бадбахтро ба ҷойи хонаи домод дубора ба хонаи падараш бурданд. Акнун ин арӯсаки бетолеъ ба ҷойи қоштиллову либосҳои зебои арӯсӣ ҷомаи мотамӣ ба бар намуда, дар марги модар, хоҳар ва дигар азизони дилаш зор-зор мегиряд...

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД