Модари Гулрухсор Назарзода, арӯсаки гулгункафане, ки рӯзи 27-уми июн дар натиҷаи як садамаи хунини нақлиётӣ дар шаҳри Норак ҷон дода буд, пас аз панҷ рӯзи марги фоҷиавии духтараш дар беморхонаи марказии шаҳри Норак аз олам даргузашт.
Дар ин бора Дилҷӯ ном ҳамдеҳаи марҳум ба хабарнигорони сомонаи ОИЛА-ТЧ хабар дод.
Тавре ки қаблан маълумот дода будем, дар Рӯзи Ваҳдати Миллӣ дар шаҳри Норак садамаи нақлиётӣ рӯй дода, автомашинаи тамғаи Опел ба Мерседдес бархӯрд. Дар натиҷаи ин садамаи хунин ронандаи Опел ва як духтараки 21-сола дар ҷойи ҳодиса ҷон дода, мусофирони дигари ин ду мошин дар беморхона дар ҳолати вазнин қарор доштанд. Мусофири ба ҳалокат расида Гулрухсор Назарзода ҳамон шабу рӯз тӯй дошт ва мебоист бо пероҳани сафеди арӯсӣ ба хонаи бахташ қадам гузорад. Гулрухсор барои харидани ҷиҳози арӯсӣ ва гирифтани фатта ҳамроҳи модараш ба бозор рафта буд, аммо ин сафар барои ин арӯсаки ноком сафари охирин гашт. Дар роҳ мошин ба садама дучор гашта, ин арӯси нозанин дар хуни худ ғарқ гашт ва дар ҷойи ҳодиса ҷон ба ҷонофарин супурд. Гулрухсори номуродро дар рӯзи тӯйи арӯсиаш кафанпеч намуда, бо нолаҳои зор ба хок супурданд.
Модари ин арӯсаки гулгункафан, ки дар бемористон дар ҳолати КОМА қарор дошт, пас аз панҷ шабонарӯзи марги фоҷиавии духтараш аз олам даргузашт.
Шаҳлои Наҷмиддин, яке аз журналистони ҷӯяндаи тоҷик дар саҳифааш аз қавли ҳамсинфи марҳум навиштааст, ки модари Гулрухсор то нафаси охирин аз марги духтараш хабар надошт ва бо гумони он ки Гулрухсор зинда аст, ҷон ба ҷонситон супурд.
“Гулсара хангоми дар беморхона бистарӣ буданаш фақат духтарашро суроғ мекард. Ба вай гуфтанд, ки ҳолати духтарат хуб аст. Ба шавҳараш гуфт, ки сурати духтарамро гирифта биёр, як бор бинам, аммо дар ҷавоб ба ин модари зор гуфтанд, ки ҳанӯз ба назди Гулрухсор даромадан мумкин нест...”
Ҳамсинфи Гулсара ба Шаҳлои Наҷмиддин гуфтааст, ки ҳамин тавр дугонаи ормониаш бехабар аз марги духтараки гуларӯсаш аз олам даргузашт, аммо...
Дилҷӯ, ҳамдеҳаи онҳо мегӯяд, модари Гулрухсор рӯзи охир аз марги духтари арӯсакаш дар беморхона хабардор гаштааст ва пас аз ин ҳолаташ, ки рӯ ба беҳбудӣ оварда буд, дубора вазнин гашт. Ба қавли ин ҷавон дили модар тоби бардоштани хабари марги духтари гуларӯсашро накарда, аз ғами фарзанди ҷавонмаргаш ҷон додааст.
Модари Гулсараро дирӯз дар деҳаи Сари гузари шаҳри Норак соатҳои 16-17-и бегоҳ ҷаноза карда, дар паҳлӯи духтараш ба хок супурданд.
Марҳум модари панҷ духтар ва Гулрухсори ғӯррамарг фарзанди калониаш буд. Пас аз марги модар чаҳор духтари ин хонавода комилан бе такягоҳ монданд, зеро падарашон чандин сол боз бемор буда, дар ягон ҷой кор намекунад. Гулсара дар нерӯгоҳи Бойғозӣ кор карда, фарзандонашро бо меҳнати ҳалоли худ мехӯронд, мепӯшонд ва тарбият мекард. Пас аз сари модар ҳоли чаҳор хоҳари Гулрухсори ҷавонмарг чӣ мешавад, инро танҳо худо медонад...
https://oila.tj/news/norak-arsro-dar-rzi-tyash-anoza-kardand