Arzon march 2024
Салима Ҳалимова: Шавҳари фарзандбезорам маро куштанист!
8711

 

Салима Ҳалимова чанде қабл дари идораи Оиларо кӯфта, аз рӯзгори вазнинаш шиква карда буд.

Хабарнигорони сомона бо мақсади огоҳ шудан аз вазъӣ зиндагии ин зан ба ноҳияи Рӯдакӣ сафар намуда, навори видеоиеро бо унвони “Хонаи сангӣ ва ҳаёти талхи зани муҳоҷир” омода намуданд. Салима қиссаи зиндагиашро нақл карда гуфта буд, ки писарчааш Билолҷон 10-сола шуда бошад ҳам, то ҳол рӯйи падарашро надидааст. Ин зан баъди бастани ақди никоҳ бо Тоҷиддин ном ҷавоне, ки худро бекасу кӯй муаррифӣ карда буд, ҳамроҳи шавҳараш ба Русия сафар мекунад. Зану шавҳар якҷоя кор карда зиндагиашонро пеш мебурданд, аммо дар моҳи ҳафтуми ҳомиладориаш шавҳараш ӯро гусел карда, ваъда медиҳад, ки ҳар моҳ барояш пул мефиристад. Салима фарзандашро дар хонаи падару модараш ба дунё меорад, вале Тоҷиддин аҳду паймони худро фаромӯш карда, дигар ба ӯ на занг мезанад ва на ба фарзандаш пул мефиристад. Ин ҷавонзан аз ночорӣ ошхонаи модарашро ба макони зисти худ табдил дода, муддати нӯҳ сол боз ҳамроҳи писараш Билолҷон дар ин хоначаи сангӣ зиндагӣ мекунад...

Салима мегӯяд пас аз пахши ин навори видеоӣ шавҳараш Тоҷиддин, ки 10 сол боз бе ному нишон буд, пайдо шуда, ба ӯ занг зад, аммо ба ҷойи кӯмак расонидан ба таҳдид гузашта, ҳоли ӯро табоҳ кардааст. Тоҷиддин, ба гуфти Салима ӯро дар вайроншавии оилаи дуюмаш гунаҳкор месозад, гӯё баъди тамошои ин навори видеоӣ занаш бо чор фарзанд аз хона баромада рафтааст. Тоҷиддин ошкоро ба Салима гуфааст, ки ЗАГС дошта бошанд ҳам, ӯро ҳамсараш ҳисоб намекунад, зеро дар вақташ ба қавле “ради галочки” бо ӯ никоҳ карда буд. Вай аз фарзандаш низ рӯй гардонида, ҳамчун падар ягон масъулиятро бар дӯш гирифтан намехоҳад. Ба гуфти Салима шавҳараш таҳдид кардааст, ки ӯро зинда намемонад.


Дар ин хона мондани ман дигар маънӣ надорад,-Беназир инро гуфта майли рафтан кард, вале..

 


Салима мегӯяд, то ҳамин вақт ман умед доштам, ки як рӯз не, як рӯз падари фарзандам пайдо шуда, писарам Билолҷонро соҳибӣ мекунад, аммо баъди занг задани Тоҷиддин дасту дилам тамоман хунук шуд. Акнун ягона умеди Салима ба муҳоҷирони меҳнатӣ ва одамони хайрхоҳ аст. Ин зани дар нимарҳи зиндагӣ бо як фарзанд зору ҳайрон монда умед дорад, ки аз барои худо одамони худоҷӯю хайрхоҳ ба ӯ ва писарчааш дасти ёрӣ дароз карда, ба қадри тавон кӯмак мерасонанд, то сардиҳоро илоҷе карда, пушти сар намоянд. Касоне, ки мехоҳанд ба ин зан дасти ёрӣ дароз намоянд, метавонанд ба рақамҳои зерин занг зада, аз вазъи зиндагии Салима Ҳалимова хабардор гарданд:

Тел:+992-888-851-693
Рақами суратҳисоб: 20216972007776000143

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД