Sebiston new 2024 october
Ҳалола (қисми 3)
13.11.2019
Дилошӯб
2860

 

-Холаҷон, охир ман аллакай зани сеталоқа шудам, дигар бо Наимҷон оштӣ карданам маънӣ надорад,-қонунҳои шариати исломро ба ёди хушдоманаш овард Беназир.

-Медонам духтарам, медонам, ки илоҷи сеталоқа душвор аст, вале мардум ривоят ёфта, дубораю себора занҳои сеталоқаашонро мегиранд-ку! Илтимос, баромада нарав, мо ягон илоҷашро меёбем,-Гуландом хола ҳамоно илтиҷо мекард, ки келини зебою меҳрубонаш аз аспи ҷаҳл фарояд.

-Холаҷон, беҳуда худатонро обу адо накунед, аздусар бо ҳам зистани ману писаратон аз ин пас номумкин аст. Дар ин хона мондани ман дигар маънӣ надорад,-Беназир инро гуфта майли рафтан кард, вале ҳамин дам Наимҷони мағрур бо чашми гирён аз дар даромаду ҳатто аз модараш шарм надошта, худро пеши пойи занаш партофта, зорӣ намуд:

 


Хотири падар буданаш дар ҷавоб ягон сухани ноҷо нагуфта, хомӯшона дашному ҳақоратҳояшро таҳаммул намудам.

 


-Беназирҷон, маро бубахш! Шайтон аз роҳ бероҳам карду чӣ тавр аз даҳонам баромадани ин гапи ҳаромро нафаҳмида мондам. Қасам мехӯрам, ки сояи дастат намекунам. Ман ба ҳама шартҳои ту розӣ ҳастам, вале аз ту ҷудо намешавам. Ба хориҷа рафта табобат мекунем, то соҳиби фарзанд шавем. Илтимос, аз ман марав…

Беназир, ки чунин гардишро дар қисматаш ҳаргиз интизор набуд, бедор шудани ишқи хуфтаи шавҳарашро дида дар ҷояш шах шуда монд. Наимҷон ҳамоно зорӣ мекард:

-Ман туро аз ҷонам зиёдтар дӯст медорам, вале наметавонистам онро ба ту бигӯям. Гумон мекардам, ки агар ишқамро фаҳмӣ, дигар писандам намекунӣ, барои ҳамин беҳудаю баҳуда азобат медодам…

Ҳукми шариат

Падари Наимҷон, Назирии табиб, писари домуллои маъруф буд ва медонист, ки талоқ ба хонадони эшонзодагон касофати зиёд меорад, аз ин рӯ ба назди яке аз шогирдони падараш рафта маслиҳат пурсид. Мулло ошкоро гуфт, ки ба ҷуз ҳалола кардан дигар чора надоранд. Маънии ҳалоларо ҳар як фарди мусалмон хуб мефаҳмад, яъне зани сеталоқаро чанд рӯз ба марди дигар никоҳ мекунанд ва баъд талоқи ӯро гирифта, иддат поида (чил рӯз мунтазир шуда) ба занияш мегирӣ. Наимҷон ба хотири аз даст нарафтани Беназир ба ин кор розӣ шуд. Беназир то ин дараҷа беномус будани шавҳарашро намедонист, вале маътали «туҳфа»-и дигари қисмат хомӯшӣ пеша карда зиндагиашро дар хонаи хушдоманаш идома дод.

Меҳмони мушкилкушо

Марди ҳалола мекардаро хушдоманаш ба зудӣ пайдо намуда, рӯзи дигар дар сари дастурхон дар ин бора сухан кушода гуфт:

-Чанд рӯз боз ба назди ман як марди хуҷандӣ барои табобати дандонаш меояд. Дар Маскав духтур будааст. Ба хабаргирии хоҳараш омада, баъди ду ҳафта ба Руссия бар мегаштааст. Худо хоҳад, ягон кас аз ин сирри мо огаҳӣ намеёбад!

Хусураш боварӣ надошт, ки марди хуҷандӣ ба ин кор розӣ шавад, вале хушдоманаш гапашро гузаронд.

Маслиҳати аҷиб

Рӯзи дигар Самирҷони хуҷандӣ барои хайрухуш бо табибаш ба назди Гуландом омаду ширинии гаронбаҳоеро наздаш гузошта гуфт:

-Апаҷон, агар гузоратон ба кишвари рус афтад, албатта ба ман занг занед, меҳмонатон мекунам. Дар Маскав хона ва дар деҳа хушманзарае бӯстонсаро дорам…

Мард суханашро ба поён нарасонида, Гуландом бо ашки шашқатор воқеаи ба сари оилаашон омадаро нақл карда, мадад пурсид. Самирҷон моту маҳбут ба ин духтурзани ба мӯяш сапедӣ дамида нигариста гуфт:

-Апаҷон, ман наметавонам, ин шармандагӣ айб аст охир!

-Ягон ҷойи айб нест ҷони апа, келинам ҷавонзани хуб аст, барои ҳамин ӯро аз даст додан намехоҳем. Ман ӯро мисли духтарам дӯст медорам, агар хонаамро тарк кунад, мемирам...

Гуландом бо зориҳои дуру дароз ниҳоят Самирҷонро розӣ кард.

Ҳалола

Гуландом бегоҳ келинашро ба хонаи Самирҷон бурд. Мулло дар ҳузури хусуру хушдоманаш Беназирро бо Самирҷон никоҳ кард ва ҳаққашро гирифта баромада рафт. Хусуру хушдоманаш низ баъди рафтани мулло бо сари хам аз дар баромаданду ду нафари бо ҳукми тақдир якҷо шуда танҳо монданд. Самир дар пешорӯяш олиҳаи ҳусну малоҳат ва шарму ҳаёро дида, аз Беназир пурсид:

-Аз чеҳраатон маълум, ки шумо зани олӣ ва маликаи орзуҳои ҳар ҷавонмардед, пас чаро шавҳаратон бо шумо муросо намекунад?

-Аз ин мебарояд, ки зани хуб нестам, вагарна дили шавҳарамро меёфтаму имрӯз ба ин шармандагӣ рӯ ба рӯ намешудам,-оҳи сард кашида гуфт Беназир…

Он шаб ӯ дили ду сол боз зардобгирифтаи дардмандашро дар пеши ин марди ношинос бо гиря холӣ карда аз ӯ мадад пурсид:

-Акаҷон, илтимос маро талоқ надиҳед! Баракат ёбед, маро бо худатон ба Русия бурда дар ягон ҷо ба кор монед!

Дили Самирҷон ба ҳоли ин зани бадбахт сӯзад ҳам, қавли ба Гуландом додааш ба ёдаш расида дудила шуд.

Беназиру Самирҷон се рӯз зери як бом зиста дӯстони ҷонӣ шуда монданд. Беназир фаҳмид, ки Самирҷон ҳамсари русашро дар сари хиёнат дошта ду сол боз безан зиндагӣ мекардааст. Волидонаш кайҳо аз дунё гузашта хоҳари ягонааш дар пойтахт зиндагӣ мекардааст. Самирҷон бо ҷону дил ошиқи Беназири воқеан ҳам камназир гашта бошад ҳам, худашро медошт ва кӯшиши «мардона» намекард.

Шикасти «аҳд»

Рӯзи чорум Гуландом ва Наимҷон барои бурдани келинашон омада, тақозои талоқ намуданд, вале Беназир ба ҷойи Самирҷон гуфт:

-Талоқамро надеҳ! Дар ин чанд рӯз ман туро хуб шинохтам ва мехоҳам зиндагиямро бо ту идома диҳам.

Самирҷон китф дар ҳам кашида ба модару писар нигарист. Гуландом ҳайратзада ба келинаш менигаристу чи гуфтанашро намедонист. Наимҷон ба рӯи Беназир мушти обдоре фароварданӣ шуд, вале Самирҷон чолокона ба байн даромаду дастонашро тоб дода ӯро аз дар берун кард.

-Беназир, духтарам, ин тавр накун,-зорӣ намуд Гуландом.

Беназир дигар ба гиряву нолаи хушдоманаш аҳамият надода “маро бубахш, холаҷон” гӯён, рӯяшро гардонду ба хонаи дигар даромад…

 Бахти дуюм

Ду рӯз пас Самирҷону Беназир ба Руссия парвоз карданд ва дар бӯстонсарои барҳаво тӯйи тоҷикӣ барпо намуда, расман зану шавҳар шуданд. Ҷӯраҳои Самирҷон ҳама мафтуни ҳусни зебою мӯйи дарози нозанини тоҷик гашта, мепурсиданд, ки ин париро аз куҷо ёфтааст. Беназир дар оғӯши шавҳари дуюмаш меҳри мард ва шаҳди бӯсаи ширини ошиқонаро бори аввал дар умраш чашида фаҳмид, ки издивоҷ танҳо хизмати хусуру хушдоманро адо намудан набудааст. Пас аз як сол Худованд ба онҳо ду писари нозанин ҳадя намуду зану шавҳари аз бахт шод дугоникҳоро Муҳаммад ва Алӣ ном ниҳоданд. Акнун ин модари хушбахт танҳо ба тарбияи тифлакони зебояш машғул аст ва мехоҳад аз онҳо мардони ҳақиқиро ба воя расонад. Беназир дигар ба мақоли машҳури «Бахт-бахти аввалай» бовар надорад, зеро бахти дуюм варо хушбахти олам гардонд.

(анҷоми қисса)

Зебунисои Эраҷ, ноҳияи Панҷ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД