Ман Нурҷаҳон аз ноҳияи Ҳисор мехоҳам дарди диламро ба шумо гуфта маслиҳат бипурсам.
Дар яке аз донишкадаҳои олии пойтахт мехонам. Падарам аз аввал розӣ набуд, ки таҳсиламро дар мактаби олӣ идома диҳам ва «пули зиёдатӣ надорам, ки барои сағераат сарф кунам» гӯён, ҳар рӯз модарамро ҷигархун мекард. Модарам ҳарчанд мефаҳмонданд, ки дар ин замона одами бесавод хор мешавад, падари якравам бо дағалӣ «Ленин хонда чӣ шуд, ки сағераи ту мешавад?» гуфта, ба даҳонаш мезад. Ман ноумед нашуда, шабро шабу рӯзро рӯз нагуфта, китоб мехондам ва баъди хатми мактаб бо маслиҳати модарам аз падарам пинҳонӣ ба яке аз донишкадаҳои олии пойтахт дохил шудам. Мардуми деҳа ин хушхабарро шунида офаринам хонданд, вале падарам ба ҷойи шод шудан аз ғазаб қариб девона шуда, ману модарамро ҳақоратборон кард. Хотири падар буданаш дар ҷавоб ягон сухани ноҷо нагуфта, хомӯшона дашному ҳақоратҳояшро таҳаммул намудам.
Хуллас, дарсҳо оғоз ёфтанд ва ман барои хондан ба шаҳр омадам. Азбаски писари ягона ҳастам, ҳар ҳафта ба деҳа рафта дар корҳои рӯзгор ба падарам ёрӣ мерасондам, то нагӯяд, ки бо баҳонаи хондан эркатулфор шуда, дастамро ба оби хунук намезанам.
Заминҳои калони боғ дорем ва ана ҳамин боғзор маро бо падарам душман кард. Моҳи гузашта падарам «ҳой сағера, як ҳафта ба дарс наравӣ, осмон ба замин намеафтад» гӯён маро ба зӯрӣ аз роҳ гардондан хост. Медонистам, ки агар як ҳафта дар деҳа монда аз паси боғу току гову мол давам, яқин аз дарс қафо монда, хориҷ мешавад. Гуфтам, ки боқимондаи корҳоро рӯзи истироҳати ҳафтаи дигар мекунам. Падарам маро фаҳмидан нахоста борони дашному ҳақоратро ба сарам рехт ва чанд мушту лагад ҳам зад. Ғазабам омаду дод зад гуфтам: «Аз ҳамин деҳа ҳам безор шудаму аз кору бораш ҳам, мемонед, ки хонда ба қатори одамон дароям ё не?!»
Падарам «Оқибати бачаи эркаатро дидӣ?! Ба ҳамааш ту гунаҳкорӣ» гуфта ба сари модарам давида бечораро чунон бераҳмона зад, ки аз даҳону биниаш хун фаввора зад. Корд ба устухонам расид ва чӣ гуна бели дар канори ҷӯй истодаро тарафи падарам ҳаво додам, худам ҳам нафаҳмида мондам. Бадбахтона бел ба падарам расиду ба замин ғелид. Пушаймон шудам аз кардаам ва дарҳол сӯяш давидам, то падарамро аз замин бардорам, вале вай бо ғазаб маро аз худаш дур карда, дод зад: «Безорам аз ту барин писар! Аз дидорат безорам! Тезтар дафъ шав аз хонаам, сағераи касофат! Ман дигар ту барин фарзанд надорам!!!»
Ҷигархуну гирёну нолон ба шаҳр омадам, то таҳсиламро давом диҳам. Дигар роҳи ба хона баргаштан надорам. Илтимос, ба ман маслиҳат диҳед, чӣ кор кунам?
Нурҷаҳон, аз н. Ҳисор